Ширкати варзишгарони тоҷик дар Фестивали самбо дар Маскав

Варзишгарони тоҷик дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии наврасон оид ба самбо барои ҷоизаҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қасри гуштии ба номи Иван Яригини Маскав барпо мегардад, ширкати беш аз 90 варзишгар аз шаш кишвари аъзои СПАД - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия – дар назар аст.

Дар мусобиқаи имсола, ки ба ҷашни 80-солагии самбо бахшида шудааст, инчунин барои бори аввал дастаҳои мунтахаби Олмон ва Эстония иштирок мекунанд. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Ҷашнвораи байналмилалии наврасон оид ба самбо 6-уми сентябр соати 17:00 ба вақти Маскав (соати 19:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр хабар дод. Ӯ афзуд, “ин фестивал, ки севумин бор дар пойтахти Русия доир мешавад, барои варзишгарони ҷавон пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 12-14-умиоктябри имсол дар пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тбилиси - доир мегардад, як навъ озмоиш ба шумор меравад.»

Ба гуфтаи Абдуллоев, варзишгарони ҷавон пас аз анҷоми мусобиқот дар Лагери байналмилалии варзишӣ иштирок мекунанд. Ба барномаи лагер рақобатҳои варзишӣ-тамринӣ, табодули таҷриба дар ташкили ҷараёни машқҳо, дарсҳои намоишии варзишгарони маъруф дохил аст.

Инчунин ширкаткунандагони фестивал бар асоси барномаи фарҳангӣ аз иншооти бузурги варзишии Маскав, минҷумла варзишгоҳи «Лужники», дидан хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар дувумин Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии наврасон оид ба самбо барои ҷоизаҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав ду медал ба даст оварда буданд. Сомон Сангов дар вазни зери 48 кило ва Хайрандеши Муродзода дар вазни зери 65 кило барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.