Дар Данғара муҷассамаи дучархаро гузоштанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар макони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон муҷассамаи дучарха гузошта шуд. Дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июли имсол дар деҳаи Себистон чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта шуда, ду нафари дигар осеб диданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Аммо мақомот ангушти иттиҳоми худро ба сӯи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дароз карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ин ҳизб зери пӯшиши парчами гуруҳи “Давлати исломӣ” ҳамларо анҷом додааст.