Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки танқид аз якдигар ё ифшои камбуди мақомот ба нафъи кор аст, агар он дӯстона ва бо далел бошад. “Дар замони Шӯравӣ мегуфтанд, ки танқид меваи коммунизм аст. Танқид бошад, ҳамаи мушкил ва камбуд зуд бартараф мешавад”, - гуфт яке аз ҳамсуҳбатон. Баъзеи дигар мегӯянд, чанд сол боз мардум ба таъриф ончунон одат кардааст, ки ҳамагуна танқид барояшон сахт мерасад. Шумо чӣ фикр мекунед: Танқид бошад ё набошад?
“Мардум ба таъриф одат кардааст, танқид сахт мерасад”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад