Бозиҳои XVIII осиёӣ: Комроншоҳ медали биринҷӣ гирифт

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Комроншоҳ дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар мусобиқаи ҷудо миёни мардон дар вазни зери 90 кило нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Насиф Елиасро аз Лубнон мағлуб кард. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга шикаст хӯрд. Комроншоҳ барои медали биринҷӣ Ислом Бозбоеви қазоқро мағлуб карда, ҷойи севумро гирифт.

Дар вазни зери 90 кило, инчунин Машу Бакери ҷопонӣ бар Шаҳзодбек Собирови узбекистонӣ ғолиб шуда, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн барои медали тилло Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ бар Алтанбагана Гантулга аз Муғулистон дастболо шуд.

Имрӯз, 31-уми август, боз ду варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо рақобат доранд. Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бар Ҷад Фадел аз Лубнон ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Чо Гуҳам аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт. Ӯ дар даври тасаллобахш бар Виктор Демяненко (Қазоқистон) пирӯз шуд. Ҳамакнун Саидҷалол муборизаро барои медали биринҷӣ идома медиҳад. Рақибаш Отгонбаатар Лхагвасурен аз Муғулистон мебошад. Дар ин вазн Гуҳам Чо аз Кореяи Ҷанубӣ ва Кентаро Иида аз Ҷопон ба финал баромаданд.

Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило дар нахустин рақобати худ Санҷар Ҷабборовро аз Қазоқистон мағлуб кард. Вале дар чорякфинал аз Дууренбайар Улзибайар аз Муғулистон ноком шуд. Дар даври тасаллобахш ӯ Бекбулат Токтогонови қирғизро мағлуб кард. Шакармамад низ барои медали биринҷӣ талош меварзад. Рақибаш Такеши Оҷитани аз Ҷопон аст. Дар ин вазн Сунгмин Ким аз Кореяи Ҷанубӣ ва Дууренбайар Улзибайар аз Муғулистон барои медали тилло мубориза мебаранд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасад, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ин се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 овардаанд.

Имрӯз қаиқронҳои тоҷик Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар сабқати мардон дар каноэи дунафарӣ ба масофаи 200 метр ва Абдусаттор Ғаффоров дар сабқати инфиродӣ дар байдарка ба масофаи 200 метр ширкат меварзанд.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа дар мусобиқаи самбо, ки барои бори аввал ба баномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст, Тоҷикистонро ду варзишгар – Ҷомии Ҳасан ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.

Ҷомии Ҳасан дар вазни зери 52 кило дар даври аввал бар Суҳайл Ҷамолободӣ аз Эрон дастболо шуд. Баъдан Ислом Аҳмадҷонови узбекистониро шикаст дод. Дар чорякфинал бо Имом Мавлоно Муттақини индонезиягӣ рақобат мекунад.

Паҳлавони 19-солаи тоҷик Сомон Сангов бошад, дар нахустин қувваозмоияш аз Беимбет Канжанови 27-сола аз Қазоқистон шикаст хӯрд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 25 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 15 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.