"Кӯли ҷавонон" аввалин боғи истироҳатӣ дар шаҳри Душанбест, ки 78 сол қабл бунёд шудааст. Мақомот моҳи ноябри соли гузашта дари онро бастанд ва пас аз даҳ моҳи таъмиру тармим, рӯзи сешанбеи 28-уми август, дубора боз карданд.
Таҷдиди ин боғ идомаи як барномаи навсозиву бунёди маконҳои итироҳату фарҳангии шаҳрдории Душанбе аст, ки тақрибан якуним сол боз ҷараён дорад.
Тағийроти аслӣ дар боғи таҷдидшудаи "Кӯли ҷавонон", ки дар нигоҳи аввал ба чашм мерасад, дарвозаи мунаққаш ва роҳравҳои ҳамвор аст. Теъдоде аз дарахтони боғи кӯҳна бардошта шуда, атрофи роҳравҳо гулу сабзакорӣ шудааст.
Абдукарим Абдулазизов, як сокини шаҳри Турсунзода, ки дар ин боғ сайругашт мекард, гуфт, дар як соли охир ба ин ҷо наомада буд ва ҳоло шоҳиди он мебошад, ки боғ ободу зебо шудааст. Ӯ афзуд, қаблан дар инҷо гаштугузор мекарданд ва чандон ҷои обод набуд. "Қаиқҳо номураттаб ва дар ҳарҷо партофта шуда буданд ва манзараҳои боғ дигар дилкаш набуд", - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин боғ ба вижа барои кӯдакон ҷои дӯстоштанӣ аст ва ҳоло атрофи кӯл ҳам тармим шуда ва обаш мусаффо ба назар мерасад. Меҳрангез Сатторова, сокини шаҳри Душанбе мушоҳидаҳои худро аз кӯли нав чунин баён кард: "Қуттиҳои партоб ҳаст, курсиҳои истироҳат ҳаст. Фақат як камбуд дорад, ки ҳоҷатхона несту ҷои либосивазкунӣ. Ҳамин қадар оби тоза, ҳамин рӯз ҳамин хел кӯдакон оббозӣ карданд, соф, хушрӯ, боз ин ҷо филтр ҳам доштааст."
Заврақҳои истироҳат дар кӯл нав шуда, шумораашон низ ба маротиб бештар шудааст. Барои кӯдакони хурдсол як гӯшае барои бозӣ бунёд шудааст, ки ройгон аст.
Боғи фарҳангиву фароғатии "Кӯли ҷавонон" дар масоҳати 3,5 гектар бунёд шуда, дар онҷо 500 бех дарахтони сояафкану ороишӣ низ шинондаанд. Таҷдидиду навсозии ин боғ идомаи як барномаи навсозиву бунёди маконҳои итироҳату фарҳангии шаҳрдории Душанбе аст, ки тақрибан якуним сол боз ҷараён дорад.