"Марди меҳрубон" -- нахустин комикс ба забони тоҷикӣ. ВИДЕО

"Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди ғарқ шудан дар ҳавзи оббозӣ як муддат дучори марги клиникӣ мешавад. Баъди наҷот аз ин ҳолат ба як инсони дорои нерӯ ва истеъдоди фавқулода табдил меёбад".

Ин порча аз достони Ҷаҳонгир - қаҳрамони аввалин комикси тоҷикии "Марди меҳрубон" аст, ки онро коргардони ҷавон Ҷайҳун Насимӣ офаридааст. "Марди меҳрубон" қобилиятҳои фавқулода дорад ва муборизи ашаддии ноадолатиҳо дар ҷомеа мебошад.

Суперқаҳрамони кӯдакони тоҷик?

Дар Тоҷикистон эҷоди қиссаҳо бар асоси комикс ё наққошиҳои хурд роиҷ нест

Тимсоли "Марди меҳрубон", ки бо либосҳои махсусаш то ҷое ба қаҳрамони филми маъруфи Ҳолливуд "Одам - тортанак" шабоҳат дорад, ба эътимоди муаллифонаш, метавонад суперқаҳрамони кӯдакони тоҷик шавад.

Ҷайҳун Насимӣ, коргардони 32-солаи тоҷик, ки қаҳрамони худро бо бардошт аз филму комиксҳои ғарбӣ гирифтааст, рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша орзу дошт барои атфоли тоҷик як қаҳрамони модерни миллӣ офарад.

"Фикр кардам, қаҳрамоне бошад, ки битавонад дар масофаи чанд километр дурд дарди инсонҳо ё ҷонваронро ҳис карда, наҷот диҳад. Битавонад бо ҷонварону ҳашарот гап занад. Дарди тифлонро бо дасташ табобат кунад. Дар сайёра ноадолатиеҳо ҳаст, ки бо дасти одамони бад эҷод мешавад ва мехоҳам қаҳрамони офаридаи ман тавони мубориза бо ин нерӯи бадро дошта бошад", - афзуд ӯ.

Сужаи достон чист?

Сужаи комикси Ҷайҳун Насимӣ аз муносибати инсон ва табиату ҷонварон қисса мекунад ва рисолати суперқаҳрамон ин аст, ки беҳтарин эҳсосоти инсониро дар дили онҳо ҷой кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Марди меҳрубон" -- нахустин комикси тоҷикӣ

Ҷайҳун мегӯяд, офаридани комикс мисли дигар жанрҳо дар Тоҷикистон чандон роиҷ нест, вале дар баробари хондани китоб ва тамошои филми тасвирӣ ба зеҳни кӯдакон таъсири амиқ дорад.

"Масалан, дар Ҷопон ҳамаи кӯдакон комикс мехонанд ва фантазияву фаъолияти эҷодии онҳо хеле пешрафта аст. Чунки онҳо аз кӯдакӣ он аксҳоро дида, бо матнҳо ҳазм мекунанд, вақте зиёд фикр мекунӣ, метавонӣ корҳои бузурге анҷом бидиҳӣ", - мегӯяд Ҷайҳун Насимов.

Ҷаҳонгири сулҳхоҳ

Сенарияи комикси "Марди меҳрубон"-ро низ худи Ҷайҳун Насимӣ навиштааст. Достон аз инҷо шуруъ мешавад, ки Ҷаҳонгир -- як навраси гирифтори аутизм, дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди марги бибиаш як оилаи амрикоӣ ӯро ба фарзандӣ мегирад. Ӯ дар Амрико ба воя расида, дар як ширкати кайҳонӣ ба кор медарояд. Соҳиби ширкат мехоҳад роботи наҷотбахшеро, ки Ҷаҳонгир сохта буд, ба роботи ҷанговар табдил диҳад.

Ҷаҳонгири табиатан сулҳҷӯву сулҳпарвар мухолифи ин аст ва бо сарони ширкаташ вориди набарди беамон мешавад. Ҷайҳун Насимӣ достони пурраи комиксро ба Радиои Озодӣ нагуфт ва афзуд, мехоҳад, бинандагон худашон тамошо кунанд ва назарашонро бигӯянд.

Ин ҳама ба бовари муаллиф, метавонад барои ҳар як инсон намуна бошад ва ҳатто барои шаклгирии эҳсосҳои инсонӣ мусоидат кунад. "Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки "Марди меҳрубон" меҳрубониро ба кӯдакон меомӯзонад ва тарбия мекунад, ки меҳрубонӣ нисбат ба ҳама муҳим аст", - афзуд ӯ.

Комикс дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон эҷоди қиссаҳо бар асоси комикс ё наққошиҳои хурд роиҷ нест ва аксарият танҳо карикатура -- расмҳои хурди танзомезро медонистанд, ки тавассути маҷаллаҳои маъруфи шӯравии "Хорпуштак" ва "Крокодил" (маҷаллаи русӣии Шӯравӣ) нашр мешуданд. Ин маҷаллаҳо ҳам созгор бо идеологияи замон офарида мешуданд.

Рустам Орифӣ, як рассоми ҷавони тоҷик, ки дар таҳияи тасвирҳои комикси "Марди меҳрубон" ширкат кардааст, гуфт комикс санъати вижаест, ки на фақат ҳунари волои рассомӣ, балки табъи баланду дарки ғайриинтизори мавзӯъро талаб мекунад.

Комикси "Марди меҳрубон" дар 82 саҳифа ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ давоми як сол таҳия шуда, қарор аст он рӯзи 30-юми сентябр дар Душанбе рӯнамоӣ шавад. Муаллиф умед дорад, дар як озмуни байналмилалии комиксҳо (ҷашнвораи Марвелла) кори ӯ ҳам арзёбӣ мешавад.

Исми Ҷайҳун Насимӣ ҳанӯз соли 2017 дар пайи ба бозор даромадани филми "Шикастнопазир" вирди забонҳо шуд. Ин достони ду бародари тоҷик аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳам ҷудо ва баъд аз солҳо дар ҷанги дигаре дар рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд. Яке ҳамчун сарбози амрикоӣ ва дигаре ҳамчун ҷангҷӯи Толибон. Ҷайҳун Насимӣ гуфт, ки таҳсилаш дар Амрико барои эҷоди ин ҳама корҳо зиёд мусоидат кардааст.