Алиризо Тангсерӣ, шашумин фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорон ва аз маҳбубтарин фармондеҳон назди Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбар ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ аст. Алиризо Тангсерӣ ҳафтаи гузашта аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин мақом таъйин шуд. Таъйини вай ба ин мақом дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико рӯ ба афзоиш аст.
Рози маҳбубияти Тангсерӣ дар назди раҳбари Эрон
Рози маҳбубияи Алиризо Тангсерӣ назди раҳбари Эрон ва низ рози рушди зина ба зинаи ӯ дар фармондеҳии нерӯҳои баҳрии Сипоҳ тайи ҳашт соли гузашта ва расидани ӯ ба фармондеҳии ин нерӯ беш аз ҳар чиз ба як масъалаи хос бармегардад.
Аз назари замонӣ аҳамияти таъйини Тангсерӣ аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин замони хос дар ин аст, ки Эрон ва Амрико дар яке аз танишомезтарин даврони робитаҳои худ ба сар мебаранд.
Душман будани Амрико дар зеҳни Оятуллоҳ Хоманаӣ ва изҳорот, мавзеъгирӣ ва иқдомоти зиддиамрикоии Алиризо Тангсерӣ дар солҳои ахир ва ибрози ризоияти гом ба гоми раҳбар аз изҳорот ва иқдомоти зиддиамрикоии ӯ ва фармондеҳони назири ӯ. Иқдомоте, ки гоҳ Эрон ва Амрикоро то марзи таниши воқеӣ дар Халиҷи Форс пеш бурдааст.
Ҳама дар дохил ва хориҷи Эрон медонанд, ки калимаи "душман" дар адабиёт ва суханрониҳои раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ҷойгоҳи вижае дорад ва ӯ илова бар Исроил, беш аз ҳама вожаи душманро барои Амрико ба кор бурда ва мебарад. Дар ҳамин чаҳорчӯб Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳар яке аз масъулон ва фармондеҳоне, ки дидгоҳи ӯро дар зиддият бо Амрико беш аз дигарон дар сухан ва амал таъйид кунанд, таваҷҷӯҳи вижае мекунад ва онҳоро дар сохтори қудрат, аз ҷумла дар даруни нерӯҳои низомӣ мақоми болое медиҳад.
Яке аз ин фармондеҳон Алиризо Тангсерӣ аст, ки корномаи корӣ ва изҳороти ӯ пур аз мавозеи зиддиамрикоӣ ва иқдомоте дар муқобили Амрико ва нерӯҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс аст, ки таҳсину ситоиши Оятуллоҳ Хоманаиро дар пай доштааст. Мавзеъгириҳое, ки ӯро дар мавқеияте тундравтар аз Алӣ Фидавӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои дарёии Сипоҳ қарор медиҳад.
Баррасии изҳороти Алиризо Тангсерӣ дар як даҳаи ахир дар сиёсати дохилӣ ва ҳам ба таври хос дар ҳавзаи чолишҳои Эрон ва Амрико дар Халиҷи Форс нишон медиҳад, ки ӯ аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ пуштибонӣ шудааст.
"Стратегияи дасти баланд" ва таъқиби Амрико то Халиҷи Мексика
Яке аз ҳавзаҳои муштараки зеҳнӣ ва амалиётии Оятуллоҳ Хоманаӣ ва фармондеҳоне чун Алиризо Тангсерӣ стратегӣ аст, ки аз он ба унвони "стратегияи дасти баланд" ёд шудааст.
Ӯ ки ба суханронӣ ва мусоҳибаҳои зиддиамрикоии гуногун машҳур аст, ҳамчунин аз ҷумлаи фармондеҳоне аст, ки ошкоро аз имкони ҳамлаи интиҳорӣ ба киштиҳои Амрико дар Халиҷи Форс сухан гуфта ва таъкид кардааст, ки "ҳастанд касоне, ки бо маводи тарканда худро ба киштиҳои Амрико бизананд."
Рӯёрӯии Тангсерӣ бо хориҷиҳо дар Халиҷи Форс
Дар чандин ҳолат, ки нерӯҳои баҳрии Сипоҳ маллоҳони амрикоӣ, бритониёӣ, канадаӣ ва австралияиро дар Халиҷи Форс боздошт карданд, дар бисёре ҳолатҳо Алиризо Тангсерӣ дар маркази ин боздоштҳо будааст. Худи ӯ дар ин бора мегӯяд, ду бор англисҳо, як бор канадаиҳо ва як бор австралиягиҳо аз сӯи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорон дар Халиҷи Форс боздошт шудаанд ва аз нигоҳи ӯ, ин нишондиҳандаи иқтидор ва тавони дифоии сипоҳ аст.
Дар чанд соли пеш, ки эълом шуд Эрон 10 маллоҳи амрикоро дар пайи хароб шудани қаиқҳои онҳо ва вуруди тасодуфӣ ба обҳои Эрон дар наздикии ҷазираи форсӣ боздошт кард, Алиризо Тангсерӣ ба унвони ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳ аз ин воқеа ба унвони таслим шудани амрикоиҳо ёд кард ва гуфт, "Эрони исломӣ ифтихор мекунад, ки ду бор амрикоиҳоро боздошт кардааст, якбор дар шимоли Халиҷи Форс ва як бор дар замони дастгирии 10 маллоҳи амрикоӣ".
Дар соли 2007, ки нерӯҳои дарёии Сипоҳ қаиқи 15 маллоҳи англисро боздошт кард, ин Алиризо Тангсерӣ буд, ки бо вуҷуди он, ки ин боздошт дар минтақаи фармондеҳии ӯ дар минтақаи якуми Бандар Аббос рух надода буд, ба унвони баёнкунандаи мавзеи Сипоҳ вориди саҳна шуд ва сухангӯии нерӯҳои дарёии Сипоҳ дар ин воқеаро ба ӯҳда гирифт. Агарчӣ дар ниҳоят Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури вақти Эрон пас аз гузашти 11 рӯз ва дарёфти номаи таҳдидомези нахуствазири Бритониё, маллоҳони англисро дар ҳоле, ки шим ва костюм ва савғотҳое аз Эрон дарёфт карда буданд, озод ва ба таври расмӣ гусел кард.
Як бори дигар ва дар соли 2009 низ дар ҳавзаи фармондеҳии Алиризо Тангсерӣ дар минтақаи якуми дарёии Сипоҳ панҷ маллоҳи англис ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои Эрон боздошт шуданд ва худи ӯ боздошти ин маллоҳон таъйидро кард. Каме баъд аз ин, Алиризо Тангсерӣ рутбаи болотари низомӣ гирифт ва ба ҷонишинии фармондеҳии нерӯҳои дарёии Сипоҳ расид ва то рӯзи панҷшанбеи 23-юми августи соли 2018, ки аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба фармондеҳии нерӯҳои дарёии Сипоҳ мансуб шуд, ҳашт сол дар ин мақом боқӣ монд.
Аҳамияти маконӣ ва замонии интихоби Тангсерӣ
Ҳоло ӯ бо чунин гузашта ва мавзеъгириҳо, фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳ шудааст. Интихобе, ки илова бар собиқа ва мавзеъгириҳо ӯ аз назари замонӣ ва маконӣ метавонад хос ва вижа бошад. Аз назари маконӣ, Алиризо Тангсерӣ ба унвони фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳ, фармондеҳи нерӯе шудааст, ки дар хатти аввали тамоси нерӯҳои низомии Эрон ва Амрико дар Халиҷи Форс фаъолият мекунад. Ҷое, ки рӯзона даҳҳо киштиву қаиқи низомии Эрон ва Амрико ба унвони ду нерӯи низомии носозгор бо якдигар дар ҳоли тараддуд ва фаъолият ҳастанд.
Аз назари замонӣ низ аҳамияти таъйини Алиризо Тангсерӣ аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин замони хос дар ин аст, ки Эрон ва Амрико дар яке аз танишомезтарин даврони робитаҳои худ ба сар мебаранд ва Амрико дар ду моҳи дигар барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон ва ба сифр расонидани фурӯши нафти Эрон омода мешавад. Нафте, ки қарор аст аз Халиҷи Форс ва маҳали маъмурияти нерӯи дарёии Сипоҳ, содир шавад.
Нақши Сипоҳ дар нерӯҳои баҳрии Эрон
Агар ин гуфтаи Ҳасани Рӯҳониро низ, ки "қарор нест вақте мо нафт содир накунем, дигарон нафт содир кунанд", ба ин маҷмӯаи авомил ва параметрҳо изофа кунем, аҳамияти замонӣ, маконӣ ва мавзӯи супурдани мақоми фармондеҳии нерӯҳои дарёии Сипоҳ ва минтақаҳои панҷгонаи он дар Халиҷи Форс ба Алиризо Тангсерӣ бештар ба чашм меояд. Минтақаҳое, ки аз тангии Ҳурмуз дар ҷануби Халиҷи Форс то даҳонаи Арванд дар шимоли Халиҷи Форс густариш ёфтаанд.
Тибқи ин сохтор ва бар асоси дастури Оятуллоҳ Хоманаӣ ва низ дастурамалҳои Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар як даҳаи гузашта тақсими кори ҷадиде байни артиш ва Сипоҳи посдорон дар обҳои ҷанубии Эрон анҷом гирифтааст. Бар асоси ин тақсими кор, Халиҷи Форс ва тангии Ҳурмуз, ки шомили ҳудуди 1200 километр марзи обӣ аст, ба унвони ҳавзаи маъмурияти нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорон муайян шудааст ва дарёи Уммон ва дарёи Хазар низ ба унвони ҳавзаи маъмурияти нерӯҳои дарёии артиш муаррифӣ шудааст.