Як зани кишоварз аз ноҳияи Ёвон барандаи озмуни соҳибкорзанҳои Тоҷикистон эълон шуд. Бар асоси натиҷагирӣ аз озмуни "Фараҳ-2018", Зулайхо Тиллоева, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Зулайхо" беҳтарин бонуи соҳибкор эълон шуд.
Дар соли ҷорӣ барои ширкат дар озмуни "Фараҳ" 403 дархости занҳои соҳибкор ворид шуда буд, ки 60% онҳо сокинони Хатлон мебошанд.
Дар маросими ҷоизасупории шоми 23-юми август дар Душанбе ташаббускори озмун -- Анҷумани миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ба барандаи озмун 100 ҳазор сомонӣ ё беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷоиза тақдим кард.
Озмуни муваффақтарин ширкатҳову соҳибкорон дар ҳоле баргузор мешавад, ки солҳои охир бахши тиҷорату соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз гаронии андозҳо ва мушкил шудани шароити кор шикоят мекунанд.
Даҳаи 1990, баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Зулайхо Тиллоева, ки мисли бисёриҳо дучори мушкилоти иқтисодӣ буд, тасмим гирифт ҳамроҳ бо бархе аз хешовандонаш хоҷагии деҳқонии хусусӣ таъсис диҳад. Он замон ин бонуи хатмкардаи бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва собиқ корманди комсомоли шӯравӣ, ҳатто тасаввур намекард, ки кору талошаш натиҷаҳои баланд ба бор меорад.
Зулайхо Тиллоева ҳамасола аз 150 гектар заминҳояш то 250 тонна пахта ва миқдори зиёди ҳосили сабзавотро ҷамъоварӣ мекунад. Аъзои ҳакамони озмуни "Фараҳ 2018", ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, дар маросими натиҷагирӣ аз баррасии фаъолияти беш аз 400 номзад -- занҳои соҳибкор ба хулосае расиданд, ки намунаи кори Тиллоева метавонад боиси қадрдонии вижа шавад.
Зулайхо: "Корро аз сифр шурӯъ кардам"
Зулайхо Тиллоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба ёд овард, ки корро аз сифр ва дар шароите шурӯъ карда буд, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аксар ҳаминҳои кишт корношоям шуда буданд. Аммо бо талоши ҳамкоронаш ба дарёфти ҳосили хуб муваффақ шудааст.
Вай афзуд, ки деҳқонони таҷрибадорро ҳатто ба сари замин даъват карда, аз онҳо машварат мепурсид, ки барои гирифтани ҳосили хуб боз чӣ кор кунад. Ӯ мегӯяд, ки аз бонкҳо қарз гирифта, тракторҳо харидорӣ кард ва сол аз сол ҳосили зироатҳо бештар шуданд ва соли гузашта аз заминҳояш тақрибан 250 тонна пахта ҷамъоварӣ кард ва ҳамзамон миқдори зиёди гандуму ҷав ва полезӣ ба даст овард.
Дар посух ба ин савол, ки чаро пахтакорӣ мекунад ва оё кишти пахтаро мақомоти маҳаллӣ тавсия медиҳанд, Зулайхо Тиллоева гуфт, ки аз ҳукумати ноҳияи Ёвон касе барояш намегӯяд, ки пахта бикорад. Ӯ гуфт, пахтакорӣ як стратегияи муҳими корхонаи истеҳсолии ӯст ва барои рушди чорводорӣ зарур аст.
Дар соли гузашта Зулайхо Тиллоева аз Олмон барои беҳтар кардани насли чорвои маҳаллӣ 50 буққаи навъи шведӣ оварда, як фермаи бузурги чорвопарварӣ низ таъсис дод. Ба гуфтаи вай, тухми пахтаро маҳз барои таҳияи ғизои чорво истифода мекунад.
Озмун занони муваффақро муаррифӣ мекунад
Маросими супоридани ҷоизаи "Фараҳ 2018" бори нахуст аз соли 2012 ба ин сӯ бидуни ширкати Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Анҷумани занҳои соҳибкори Тоҷикистон баргузор шуд. Хонум Маҳкамова феълан дар хориҷи кишвар қарор дорад ва паёми табрикотиашро ба ҳозирин Санавбар Шарипова, раиси Шӯрои нозирони ин анҷуман қироат кард. Хонум Шарипова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки дар 8 соли ахир ин озмун тавонистааст ба ҷомеаи кишвар садҳо занони соҳибкорро муаррифӣ кунад, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши бориз доранд.
Санавбар Шарифова афзуд, ки ҳадафи ин озмун пайдо кардани занҳои муваффақ дар соҳибкорӣ мебошад ва аз соли 2012 ба ин тараф онҳо тавонистанд таърихи муваффақияти садҳо зани соҳибкори тоҷикро таҳия кунем, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар миёни занҳо аҳамияти бузург дорад. Шарифова дар идома гуфт, ин озмун на танҳо барои занҳо, балки барои ҳама ҷомеаи Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест, зеро, дар ин раванд ҳама камбудиҳо дар бахши рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ошкор карда мешаванд.
Кевин Коварт, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва аз сармоягузорони баргузории ин озмун бар ин назар аст, ки беш аз 50 дарсади ҷамъияти кишварро занҳо ташкил медиҳанд ва дар симои онҳо мушаххас сохтани масири пешравиҳои соҳибкорон муҳим аст. "Мутмаинам, ки соҳибкории занҳо дар Тоҷикистон бояд ҳаматарафа пуштибонӣ шавад",-гуфт дипломати амрикоӣ.
Дар маросими қадрдонии муваффақтарин бонувони соҳибкор намояндаҳои мақомоти кишвар аз талошҳои ҳукумат барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳибкории занҳо изҳори назар карданд. Аммо, бархе аз соҳибкорзанҳои тоҷик эътироф мекунанд, ки рақобат дар бозори соҳибкории Тоҷикистон, ки бештар мардсолор дониста мешавад, барояшон душвор аст.
Соҳибкорӣ -- кори на чандон осон барои занон Тоҷикистон
Ҷамила Соҳибова, соҳибкорзане аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бар ин назар аст, ки дар маҷмӯъ соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои мардҳо низ чандон содда нест, вале барои занҳо боз ҳам душвортар мебошад. Хонум Соҳибова, ки тӯли панҷ соли ахир раҳбарии як сехи дӯзандагиро ба ӯҳда дорад, дар ин бора гуфт:
"Вақте нозири андоз барои тафтиши кори ширкати ман меояд, бидуни шарм ба таҳқир шурӯъ мекунад, ки ширкати таҳти раҳбарии ман бояд нахуст чунин андозҳоро пардохт карда, ба корҳои бегона саҳмгузор шавам. Ман як сехи дӯзандагӣ бо 6 дастгоҳ ва дӯзандаҳо дорам. Аз ҳукумат супориш медиҳанд, ки бепул барои беморхонае халатҳои тиббӣ дӯзам. Аммо пулашро намедиҳанд. Ба коргарон бошад ман бояд маош диҳаму андозҳоро супорам. Чунин рафтори маъмурони назоратиро дар нисбати раҳбарони ширкатҳои дигар, раҳбаронашон мардҳо ҳастанд, мушоҳида намекунам".
Хонум Соҳибова афзуд, ки чунин рафтори мақомот монеи рушди фаъолияташон мешавад, зеро ҳукумат на пули барқро пардохт мекунанд ва на андозҳои иҷтимоии дӯзандаҳоро. Ҳамаи хароҷот боз ҳам ба дӯши моликони корхонаҳо мебошад.
Зимнан, дар соли ҷорӣ барои ширкат дар озмуни "Фараҳ" 403 дархости занҳои соҳибкор ворид шудааст, ки 60 дарсади онҳо сокинони вилояти Хатлон мебошанд. Аз ин миқдор дархост 94 соҳибкорзан ҳаққи ширкат дар озмунро дарёфт карданд. Аъзои ҳакамон, ки 16 нафар буданд, дар маҳалли кори ҳар як довталаб бо фаъолияти онҳо ошно шуда, аҳамияти дастоварди шуғли ҳар як соҳибкорзанро баҳогузорӣ кардаанд.