Ҳеҷ вирус ба андозаи овозаҳои воҳимасоз таъсиргузор нест. Сокинони маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанбе ин воқеиятро дар даҳ рӯзи охир таҷруба карданд.
Гуфтам, ки бачаҷон дар болои бом чӣ мекунӣ, мон хоб равем. Хап карду нишаст.
"Чашмаш намудор аст, аммо гап намезанад"
Дар ин маҳалла хабарҳое паҳн шуд, ки шахси ниқобпӯше шабона асосан аз як бом ба боми дигар меҷаҳад ва ноаён ба хонаҳо ворид мешавад. Якчанд нафар низ иддао карданд, ки ба истилоҳ ин мавҷудотро ба чашми худ дидаанд. Ӯ дар чеҳра ниқоби сиёҳ дораду чашмонаш намудоранд ва ҳарфе намезанад.
Зебуннисо Ғуломова, сокини маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин шабаҳро ду бор дидааст. “Дидам, ки дар ҳавлӣ нишастааст. Гуфтам, ки кӣ ҳастӣ. Чизе нагуфт. Ниқоби сиёҳ пӯшидааст. Як бор аз пушташ дидам, ки бо телефон гап мезад. Вақте бонкаро ба девор задам, аз ин сӯ ба он сӯ париду рафт. Бачаҳои кӯча омаданд, ки чӣ шуд гуфта? Гуфтам касе дар ҳамин ҷо нишаста буд ва гурехту рафт”, - нақл кард ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кори ягон ҷавони шӯх?
Баъзеҳо ҳадс мезананд, шояд ӯ ягон ҷавони шӯхи паркурбоз аст, ки аз бом ба боме меҷаҳад ва аз инки даҳҳо нафарро дар ҳоли тарсу ваҳм қарор додааст, лаззат мебарад. Ба иддаои сокинон ин мавҷудотро танҳо чанд зан ва кӯдак ҳангоми ҷаҳиш дидаанд ва ба гуфтаи худашон аз тарс лол монданд.
Даврон Обидов, сокини маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанбе мегӯяд, “30-40 нафар медаванду давра мекунанд. Садо мебарояд, ки дар инҷост. Бо ҳама ба он тараф медавад. Ду ҳафта шуд. Фақат занҳо дидаанд. Ман надидам. Ана, ана мегӯянд, нигоҳ мекунӣ, чизе нест. Канӣ?”
Занҳое, ки бо ин ниқобпӯш рӯ ба рӯ шуданд, мегӯянд, ин мавҷудот зоҳиран одам аст. Гулсун Шарифова, сокини маҳаллаи Заҳматободи Душанбе гуфт, ин мавҷудотро дар болои боми хонааш дид. Ӯ нақл кард, “гуфтам, бачаҷон дар болои бом чӣ мекунӣ, мон хоб равем. Хап карду нишаст. Баъд гуфтам, ки бачаҷон, нашину бирав. Фаромаду рафт. Соат 2:20-и шаб буд.”
"Кӯдакон тарсидаанд"
Ин овозаҳо, ки аз даҳон ба даҳон гузашта, бо чанд иловаи дигар ваҳмноктар шудаанд, ҳатто онҳоеро, ки ба мавҷудияти ҳаюлоҳо ва одамони кайҳонӣ бовар надоранд, нигарон кардааст. На аз он ки онҳо тарсидаанд, балки онҳоро ҳолати равонии кӯдакон ба ташвиш овардааст, зеро ба гуфтаи хонаводаҳои кӯчаи Заҳматобод, хоб аз чашми кӯдакон паридааст.
Нуриддин Муҳиддинов, сокини кӯчаки маҳаллаи Заҳматобод мегӯяд, “дари яхдони амакамро як кас кушод, баъд гузашта рафт. Баъд дари ҳаммомро кушод. Пойҳояшро дидаму давидум. Сарамро зери кӯрпа карда, гиря намудам”.
Ширин Муҳиддинова, хоҳари Нуриддин мегӯяд, “дасти додарам шах шуд. ҳамсояҳо омада, сӯзандору гузаронданд. Ба хонаи бибиям рафтем. Гуфтам, ки дар инҷо намеистем.”
Шикоят ба милиса ва навбатдории шабона
Кормандони милисаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикояти сокинони маҳаллаи Заҳматободро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, шаби 22-юми август як гуруҳ тақрибан то соати 4-и субҳ дар он маҳалла посбонӣ карда, вале касеро надиданд.
Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо, ки дурустӣ ва нодурустии онҳоро исбот кардан душвор аст, дар минтақаҳои дигар низ рух дода, мардумро моҳҳо дар ҳарос нигаҳ доштааст. Аз ҷумла, соли гузашта дар Ҳисор хабарҳое пахш шуд, ки шабона аз чанд хона ба сӯи хонаҳои дигар санг мепарид ва болопӯши бомҳоро сӯрох мекард. Ин ҳолат 1 моҳ давом кард. Аммо баъдан маълум шуд, ки дар наздикии деҳа пойгоҳи низомӣ ҷойгир аст ва аскарон барои шӯхӣ мардуми маҳалро ба ҳарос меоварданд.