Зоирон дар Ғори Ҳиро -- ҷои нузули нахустин ояҳои Қуръон. ВИДЕО

Ғори Ҳиро дар баландии тахминан 700 метр аз сатҳи баҳр дар канори шаҳри Маккаи Мукаррама қарор дорад. Тибқи ривоятҳо, пайғамбари ислом Муҳаммад (СС) аввалин ваҳйро маҳз дар ҳамин ғор гирифтааст. Пайғамбар борҳо ба ин ҷо омада, рӯз ва ҳатто моҳҳоро дар дохили он бо тааммулу тафаккур сипарӣ кардааст.

Зиёрати ғор дар чорчӯби ҳаҷ шомил нест, вале мусулмонони зиёде ба зиёрати ғори Ҳиро меоянд, то лаҳзае ҳаёти паёмбар дар ин ғорро эҳсос кунанд.

Носир Маҳмуд, як зоир мегӯяд, "маро эҳсоси ғайри қобили шарҳ фаро гирифтааст. Бубинед, ки чӣ гуна ӯ дар ин олам таъсир гузошт. Ғори Ҳиро маҳз ҳамон ҷоест, ки ҳамаи ин умур оғоз ёфтааст. Эҳсос чунон зиёд мешавад, ки шумо он ҷо истода наметавонед."

Сайри ғори Ҳиро тақрибан 40 дақиқаро дар бар мегирад, вале барои афроди солхӯрда убуру мурури кӯҳ ва хондани чанд ракъат намоз дар дохили он ин кори осон нест.

"Шумо бояд боло бароед. Мо субҳи барвақт омадем, ки қабл аз гармои рӯз ба ин ҷо расем. Шумо бояд бо худ маводи мавриди ниёзатонро биёред. Алҳамдулиллоҳ ин ҷо пайраҳае сохта шуааст, вале бояд эҳтиёт кард, ки одам налағжаду наафтад",-гуфт як зоири дигар.

Зиёрати ғор дар чорчӯби ҳаҷ шомил нест, вале мусулмонони зиёде ба зиёрат аз ғори Ҳиро меоянд, то лаҳзае ҳаёти паёмбар дар ин ғорро эҳсос кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳоҷиён ба сайри Ғори Ҳиро мераванд

Ҳаҷҷи имсола рӯзи якшанбе оғоз ёфт. Тибқи омори расмӣ имсол дар маросими ҳаҷ наздик ба 2 миллион нафар иштирок дорад. Феълан ҳоҷиён дар минтақаи Мино ва кӯҳи Арафот қарор доранд.

Дар он ҷо пайғамбари ислом охирин ваъзи худро ироа кардааст. Рӯзи сешанбеи 21-уми август мусулмонон Ид Ал-Азҳо ва ё Иди Қурбонро ҷашн мегиранд.