Як довталаби нобино аз болои раҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Додситонии кулл шикоят кардааст. Мавзун Ғафурзода мегӯяд, раҳбарияти Консерватория бо баҳонаи онки барои таълими нобиноҳо мутахассис надоранд, аз қабули ӯ худдорӣ кардааст. Иддаое, ки раҳбарияти ин мактаби мусиқӣ рад мекунанд. Онҳо баръакс иддао доранд, ки довталаб истеъдоди зарурӣ надошт.
- Мавзун Ғафурзода, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, соли гузашта Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм карда, орзуи идомаи таҳсил дар факултаи овозхонии Консерваторияи миллиро дорад. Вале мегӯяд, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ иҷозаи вуруд надоданд.
Агар ба хотири сатҳи пасти донишаш қабул намекарданд, гапи дигар буд. Вақте "мутахассис надорем" мегӯянд, далел шуда наметавонад
Мавзун Ғафурзода рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи шикояташ ба Додситонии кулл қасосгирӣ нест, балки мехоҳад аз ҳаққаш ҳимоят кунад. “Ба имтиҳони рӯзҳои 11 ва 13-уми август роҳ надоданд. Ба фикри раҳбари Консерватория, ҳуҷҷат супоридани ман “бемаънӣ” будааст. Вақте сабабашро пурсидам, муаллима гуфтанд, “барои ту мутахассиси алоҳида надорем”. Боз баҳонаи дигарашон ин буд, ки Коллеҷи санъатро бо ихтисоси навозанда хатм кардаам ва дар инҷо чунин ихтисос нест”, - афзуд ӯ.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, барои ҳалли мушкилаш ба вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам муроҷиат кард, вале мушкилаш ҳал нашуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Машварати мо ва Вазорати фарҳангро напазируфт"
Мавзун аз хурдӣ аз модар ятим монда, чашмонаш нобино аст. Ӯ мактаби миёнаро дар муассисаи нобиноёни шаҳри Ҳисор хатм кардааст. Ҳоло умед дорад, ки Додситонии кулли Тоҷикистон шикояти ӯро беҷавоб намегузорад ва ҳақро ба ҳақдор мерасонад.
Аммо раиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон иддаои ин довталаби нобиноро рад кард. Фароғат Азизӣ, ректори Консерваторияи миллӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан, Мавзун Ғафурзода барои таҳсил ҳуҷҷат супурда буд, вале ихтисоси интихобкардааш дар мо нест. Бо Вазорати фарҳанг машварат кардем, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг таҳсилашро идома диҳад.”
Азизӣ мегӯяд, худи ҷавон таҳсилро дар донишкада қабул накард ва хост, дар риштаи овозхонии Консерватория қабул шавад. “Вале комиссияи қабул бо далели инки Мавзун истеъдоди овозхонӣ надорад, ба консерватория қабул накарданд. Агар истеъдод медошт, мо ба таври истисно метавонистем, қабул кунем. Вале аъзои комиссия дида, гуфтанд, ҳеҷ истеъдод надорад. Худи ӯ мегӯяд, “хоҳед, нахоҳед, ҳаминҷо мехонам ва агар лозим шавад, ба Ҷаноби Олӣ мегӯям”, - афзуд Фароғат Азизӣ.
"Вақати чунин монеагузорӣ кайҳо гузаштааст"
Фотима Шамсиддинова, раиси созмони иҷтимоии “Ноил”, ки аз ҳаққи ҷавонони маъюб ҳимоят мекунад, гуфт, аз баҳси Мавзун Ғафурзода бо раҳбарияти Консерваторияи миллӣ хабар дорад. Ин ҳуқуқшинос роҳ надодани Мавзунро ба имтиҳонҳои дохилшавӣ “як навъ табъиз” номид.
Ӯ гуфт, “агар ба хотири сатҳи пасти донишаш қабул намекарданд, гапи дигар буд. Вале вақте “мутахассис надорем” мегӯянд, ин далел шуда наметавонад. Агар ин кор даҳ ё бист соли пеш мешуд, мегуфтем, муассисаҳои таълимии кишвар аз ҳаққи маъюбон огоҳ нестанд. Тоҷикистон аз ин монеаҳое, ки Консерватория имрӯз барои ҷавони нобино пеш меорад, кайҳо гузаштааст”.
Ин аз камтарин намунаи додхоҳии як ҷавони нобино барои дифоъ аз ҳуқуқаш барои таҳсил дар Тоҷикистон аст. Дар гузашта чунин мушкилро овозхони дигари нобино Иброҳими Исмоилзод дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дошт. Дар чанд соли пеш Иброҳим низ донишҷӯи маълули ин консерватория буд, ки бо вуҷуди мухолифатҳо шомили он шуда, дар қатори ҳамсолони дигараш он ҷоро хатм кард.
Дар Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд.