Дар Иркутск тоҷике бо куштори зану фарзандаш муттаҳам мешавад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Иркутски Русия мурофиаи додгоҳии марди тоҷике шурӯъ шуд, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсар ва тифли якунимсолааш гунаҳгор мешавад. Файзиддин Ҳабибуллоеви 26-сола, сокини Данғараи Тоҷикистон дар он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамсари рус ва кӯдакаш дар як ҳодисаи моҳи март 80 зарби корд задааст.