"Васваса"-и ҷои кору пули хуб ҷавонони тоҷикро ба Чин мебарад

Ҷамшед Саидов дар зинаи магистратура дар донишгоҳи давлатии Шинҷони Чин таҳсил мекунад. Ӯ соли гузашта бар асоси як озмуне, ки аз суи комиссияи салоҳиятдор таъсис шуда буд, квотаро ба даст овард. Бурсияи таҳсилро барои донишҷуёни тоҷик давлати Чин фароҳам кардааст.

Ҷамшед ҳам мехонад, ҳам тарҷумонӣ мекунад

Ба бовари Ҷамшед таҳсил дар Чин нисбат ба Русия ва кишварҳои дигари Аврупо осонтар аст ва ба як донишҷӯи тоҷике мисле ӯ имкони ҳарчӣ зудтар пайдо кардани ҷои корро фароҳам мекунад. Ӯ мегӯяд, дар риштаи забономӯзӣ таҳсил дорад ва дар ин баробар аллакай барои тоҷироне ки аз Тоҷикистон ба ин кишвар мераванд тарҷумонӣ низ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир ба хотири таҳсили шаҳрвандонаш дар хориҷ, бо кишварҳои зиёде ҳамкорӣ дорад ва дар соҳаи маориф садҳо созишномаҳо имзо кардааст.

"Инҷо муносибат бо донишҷуёни хориҷӣ хуб аст. Ҳадди имкон инҷо умеде доред, ки пас аз омӯзиши забон метавонед кори муносиб пайдо карда, зиндагиро пеш баред. Инҷо барои донишҷӯён ҳам стипендияи хуб дорад, аз 500 то 800 долари амрикоӣ",-афзуд ӯ.

Ҳоло мисли Ҷамшед дар ин кишвар ҳудуди 3000 ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд. Имсол Чин донишҷӯёни бештари тоҷикро барои таҳсил қабул мекунад. Мақомот мегӯянд дар соли равон ин кишвар барои донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои оливу касбияш 350 бурсия ҷудо кардааст, ки нисбат ба як соли қабл 50 адад бештар будааст.

Ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ин тасмим дар як мулоқоти муовини вазири маориф Сайфиддин Хайриддин бо муовини раиси Котиботи бурсиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин Петер Ванг Шенганг гирифта шудааст. Аз вазорати маориф ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "зиёд шудани бурсияҳои таҳсили Чин барои донишҷӯёни тоҷик аз рушду ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни ин буд кишвар дарак медиҳад".

Тоҷикистон ва Чин ба бахши маориф ҳам бо ҳам ҳакорӣ доранд.

Донишҷӯён барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин ҳам аз сӯи комиссияи махсуси Вазорати маорифи Тоҷикистон ва намояндагии илм ва фарҳанги Чин дар Душанбе ба интихоб мешаванд. Донандаҳои забони чинӣ ва ҳавасмандони ихтисосҳои барои иқтисоди кишвар муҳим бартарии бештар доранд. Аммо ба ҷуз аз бурсияҳои давлати Чин, худи Тоҷикистон ҳам имкони фароҳам кардани шароити таҳсили донишҷӯён дар ин кишварро дорад.

Осониҳои таҳсил дар Чин

Исматулло Шодиев, раҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм гуфт, ғайр аз бурсияҳои давлати Чин, маркази "Дурахшандагон" ҳам аз ҳисоби будҷаи давлати Тоҷикистон барои довталабони таҳсил дар ин кишвар ҳам имкон фароҳам меорад. Шодиев мегӯяд, бо назардошти ихтисосҳои барои иқтисоди кишвар зарур, барои шаҳрвандони кишвар бурсияҳои таҳсил ҷудо мекунад.

Вай афзуд: "Ҳамасола то чор нафарро мефиристем. Онҳо бештар аз рӯи ихтисосҳои технология ва иқтисод дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Баъд аз бозгашти онҳо қабул ба ҷои кор бидуни озмун сурат мегирад. Барои мисол, ҳоло хатмкардаҳое, ки аз тарики барномаи "Дурахшандагон" ба Тоҷикистон омаданд, дар вазорату идораҳои кишвар фаъолият карда истодаанд”.

Аз сӯи дигар, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ марказҳои илмӣ-фарҳангии Конфутсий фаъолият менамоянд, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик ба омӯхтани забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои мардуми Чин машғул мебошанд ва онҳо низ метавонанд аз сӯи ин марказҳо мустақиман барои таҳсил ба ин кишвар раванд.

Ҳадафи бурсияҳои Чин ба ҷавонони тоҷик чист?

Тирамоҳи соли гузашта низ Чин 30 нафар донишҷӯёни тоҷикро барои нигоҳубини лӯлаи газаш, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ба таҳсил фаро гирифт. Ҳоло 30 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Сиан Шию вилояти Шансии Чин пазируфта шудаанд.

Ин донишгоҳ он замон гуфта буд донишҷӯёни тоҷик пас аз таҳсил ба Тоҷикистон баргашта дар сохтмони хати D-и лӯлаи гази Чин-Осиёи Миёна ширкат хоҳанд кард. Донишгоҳ гуфтааст, донишҷӯёни тоҷик дар соли нахустин забони чиниро меомӯзанд ва пас аз он, давраи чорсолаи таҳсилро сипарӣ мекунанд ва қарор аст муттахасисони лоиҳакаши лӯлаҳои газ ва нафт шаванд.

Таҳлилгарон ҳам омили аслии бештар кардани бурсияҳо барои донишҷуёни тоҷикро ба равобити хуби тиҷорӣ ва фаъолияти даҳҳо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон марбут медонад. Алидод Маҳмадов, як таҳлилгари масоили маориф мегӯяд, Чин бо афзоиш додани бурсияҳои таҳсил чанд ҳадафро ба дунбол дорад.

Аз ҷумла, бо ин роҳ мехоҳад барои корхонаҳояш дар Тоҷикистон мутахассис омода кунад ва аз сӯи дигар, фарҳангу нуфузи худро дар ин кишвар пойбарҷо нигоҳ дорад. Аз ҷониби дигар, Маҳмадов мегӯяд, худи ҷавонони тоҷик низ ҳавасмандии зиёд барои таҳсил дар Чинро доранд.

Чин ҷои Русияро мегирад?

Ҳамасола Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар давраҳои солонаи забономӯзӣ, зинаҳои бакавлариат, магистратура ва аспирантураи донишгоҳхои Чин бурсия ҷудо мекунанд ва сол ба сол шумораи довталабони таҳсил дар Чин меафзояд. Ба гуфтаи вазорати маориф, ҳоло дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин тақрибан 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Баъд аз Русия, ки бо ихтисоси то ду ҳазор бурсия барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф аст, дар мақоми дуюм давлати Чин қарор дорад, ки дар як сол 50 адад бурсияи худро ба донишҷӯёни тоҷик зиёд кардааст. Аксари ҷавонон ҳам барои таҳсил дар хориҷ ба Русияву Чин ва Белорус бартарӣ медиҳанд. Ҷумҳурии мардумии Чин, ҳамсояи Тоҷикистон аст ва яке аз ду коршарики асосии Душанбест. Нуфузи он дар Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст ва гуфта мешавад, ки ба зудӣ он Русияро иваз хоҳад кард.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар солҳои ахир ба хотири таҳсили шаҳрвандонаш дар хориҷ бо кишварҳои зиёде ҳамкорӣ дорад ва дар соҳаи маориф садҳо созишномаҳо имзо мекунад. Ахиран дар пайи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҳам дар баробари соҳаҳои калидии ҳамкориҳо мавзуи афзоиш додани бурсияҳои таҳсил ҳам матраҳ шуд.

Танҳо дар як соли ахир ҳудуди 5000 донишҷуи тоҷик тибқи бурсияҳои Вазорати маориф ва илм барои таҳсил ба муассисаҳои олӣ ва илмии хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус таҳсил мекунанд.