Cухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми август гуфт, ба сабаби нақши Русия дар заҳролуд кардани як ҷосуси пешини рус ва духтараш дар Бритониё, Вашингтон таҳримҳои нав алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҳезер Науэрт гуфтааст, "дар пайи истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" барои террори шаҳрванди Бритониё Сергей Скрипал ва духтараш Юлия, бар асоси қонуни назорати ҷангафзорҳои кимиёвӣ ва биологии соли 1991, Амрико натиҷагирӣ кард, ки ҳукумати Русия бо нақзи қонунҳои байналмилалӣ аз силоҳҳои кимиёвӣ ва биологӣ истифода кардааст ё аз силоҳҳои маргбори кимиёвӣ ё биологӣ алайҳи шаҳрвандони худ истифода намудааст."
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бахши дувуми ин таҳримҳои нав алайҳи Русия то се моҳи дигар иҷро хоҳад шуд, магар ин, ки Русия замонати кофӣ ироа намояд, ки дигар дар оянда аз таслиҳоти кимиёвӣ истифода нахоҳад кард.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, ин таҳримҳои нав алайҳи Русия то ду ҳафтаи дигар амалӣ хоҳанд шуд. Сергей Скрипал, сарҳанги пешини дар Хадамооти ҷосусии артиши Русия, ки дар пайи ҷосусӣ барои Амрико ва ҳабси чандинсола ба Бритониё паноҳанда шуда буд, рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ ҳамроҳ бо духтараш Юлия бо гази фалаҷкунандаи асаб, заҳролуд шуд.
Мақомоти Бритониё пас аз муддате таҳқиқот ва озмоиш эълом карданд, ки ин моlдаи заҳролуд "Новичок" ном дорад ва танҳо дар ихтиёри Иттиҳоди Шӯравии пешин будааст. Русия ин иттиҳомро радд мекунад.
Амрико таҳримҳои дигар ҳам ҷорӣ мекунад
Бо ин ҳол, як мақоми вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфтааст, "ин таҳримҳо шомили колоҳои ҳассоси амниятӣ хоҳад буд". Ин мақом дар идома гуфтааст, "албатта баъзе гузаштаҳо дар робита ба парвозҳо ва бехатарии мусофиратҳои ҳавоӣ, дода хоҳад шуд."
Вай таъкид кардааст, ки бахши дувуми ин таҳримҳои нав алайҳи Русия то се моҳи дигар иҷро хоҳад шуд, магар ин, ки Русия замонати кофӣ ироа намояд, ки дигар дар оянда аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода нахоҳад кард ва бо бозрасиҳои Созмони Милали Муттаҳид аз сайтҳои мушаххас мувофиқат кунад. Ин мақоми вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки бахши дувуми ин таҳримҳо сахттар аз бахши аввал хоҳад буд.
Русия таҳримҳои Амрикоро "ғайри қобили қабул" хонд
Дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия, ҳукумати Владимир Путин рӯзи панҷшанбе ин маҳдудиятҳои ҷадидро, "ғайри қобили қабул" хонд. Кремл дар айни ҳол таъкид кард, ки ба барқарории робитаҳои созанда бо Вашинтон "умедвор" аст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 9-уми август ба хабарнигорон гуфт, "ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав барои мо ба таври қатъӣ "ғайри қобили қабул" аст. Қабл аз ҳама, мо онро ғайриқонунӣ медонам. Ин, ки ҳодисаи Солсбери мавриди нигаронӣ аст, мо бори дигар иддаои дахолати эҳтимолии ҳукумати Русия дар ин рӯйдодро радд мекунем. Мо ҳатто ба таври рӯшан наметавонем дар бораи чигунагии ин ҳамла дар Бритониё ҳарф бизанем. Ба хотири он, ки мо ҳеҷ маълумоте надорем ва аз масъулони бритониёӣ дар бораи пешниҳоди таҳқиқи муштарак, ки мавриди нигаронии ҷиддӣ аст, посухе дарёфт накардем."
Моҳи гузашта як зани бритониёӣ, ки дар атрофи шаҳри Солсбери -- ҷои заҳролудшавии Сергей Скрипал дар маърази як батареяи хурди дорои модаи заҳролуди "Новичок" қарор гирифта буд, даргузашт ва ҳамсари ӯ низ, ки заҳролуд шуд, ҳанӯз дар бемористон зери муроқибати табибон аст.
Ангезаи ҳамла ба Сергей Скрипал, ки ҳашт сол қабл дар ҷараёни иваз кардани ҷосусони ду тараф, тавассути Русия ба Бритониё интиқол дода шуда буд, ҳанӯз мушаххас нест. Сергей Скрипал ва духтараш Юлия бар асари заҳролудшавӣ ба ҳолати кома рафтанд ва пас аз ҳафтаҳо бистарӣ будан бар бахши муроқибатҳои вижа, то ҳадде беҳтар шуданд. Ҳукумати Бритониё барои ҳифзи амнияти онҳо, Сергей Скрипал ва духтарашро ба як ҷои махфӣ мунтақил кардааст.