Марги 2 нафар дар зери чархи мошини муфаттиш "айби техникӣ" эълон шуд

Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон сабаби садама бо иштироки Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши пешини додситонии ноҳияи Ховалингро, ки боиси ҳалокати ду нафар шуд, "айби техникӣ" гуфт. Аз ин рӯ, ин ҳолатро ҳоло Додситонии кулл зери тафтиши худ гирифтааст.

Оё ташхиси дувум ҳам "айби техникӣ" эълом мешавад?

Ғанӣ Сангакзода, додситони ноҳияи Ховалинг ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар оғоз Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон сабаби садама бо иштироки Иззатулло Шамсуллозодаро сабабҳои техникӣ эълон кард ва баъди ин Додситони кулли Тоҷикистон барои холисона таҳқиқ шудани ҳодиса, аз сари нав ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ таъин намуд.

Ҳоло хонаводаи ин ду нафар мегӯянд, ки Додситонии кулл то чӣ андоза ин корро холисона таҳқиқ мекунад, вақт нишон хоҳад дод, аммо аз хулосаи ташхиси ниҳоӣ низ ҳеҷ шикоят намекунанд.

Додситони ноҳияи Ховалинг гуфт, ки дар сурате ташхис хулоса диҳаду гуноҳи муфаттиш маълум шавад, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ки бори аввал ташхис хулоса дод ва ҳоло дақиқ нест, ки натиҷаҳои ташхиси дувум чӣ хоҳад буд.

"Дар тафтиши аввал Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилоят сабабҳои ҳодисаро техникӣ гуфт. Барои он, ки таҳқиқ холисона шавад, Додситонии кулл ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ таъин кард. Дар сурате, ки ташхис исбот кунад, ки муфаттиш гунаҳгор аст, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад. Замоне ҳодиса рух дода буд, ман рафта, ҷои ҳодисаро дидам ва духтурҳо омада буданд ва хулоса доданд, ки муфаттиш ҳангоми рондани мошин маст набудааст",-гуфт додситони ноҳияи Ховалинг.

Манбаъ афзуд, ки тафтишоти ин ҳодисаро додситонии вилоят оғоз кард ва баъди фавти қурбонии дуввум, Додситонии кулл тафтиши онро ба дӯш гирифт. Дар ҳоли ҳозир Иззатулло Шамсуллозода аз кор озод карда шуда, "дар ихтиёри кадрҳо" гузошта шудааст. Худи Иззатулло Шамсуллозода барои шарҳи ин ҳодиса дастрас набуд.

Ин садама шаби 14-уми июл дар шоҳроҳи деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ноҳияи Восеъ рух дод ва ба гуфтаи манобеъ, Иззатулло Шамсуллозода ҳангоми ҳаракат аз самти Данғара ба сӯи Ховалинг, Рамазон Асламови 33-сола ва Фатҳулло Расулови 25-соларо зер кардааст. Бар асари ин садама Рамазон Асламов дар бемористон ва Фатҳулло Расулов се рӯзи баъд ҷон додаанд. Гуфта мешавад, ки ҳар ду қурбонии ин ҳодиса ҳини вуқӯи садама таҳти таъсири машрубот будаанд.

Ташхис марги Фирдавсро ҳам "айби техникӣ" гуфт

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳоле дар робита ба ин ҳодиса ташхиси дигари тиббӣ-додгоҳӣ таъйин кард, ки моҳи гузашта Маркази ташхисӣ тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон айни чунин ҳодисаро, ки зери тафтиши додситонии шаҳри Кӯлоб қарор дошт ва бо иштироки капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиёти Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб рух дода буд, дар ташхиси нахустин "айби техникӣ", эълон кард.

Баъди эълони натиҷаҳои ташхиси аввал, додситони минтақаи Кӯлоб парвандаро зери назорати худ гирифта ва ташхиси дубора таъйин кард, аммо дар ташхиси баъдӣ низ хулоса доданд, ки ҳодиса бо сабабҳои "техникӣ" рух додааст ва ҳамин тавр, капитан Саидмуъмин Исломов, "аз об хушк" баромад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дурбинҳои назоратӣ садамаи маркази Кӯлобро ба навор гирифтаанд

Сокинони оддӣ низ мегӯянд, ки агар як ронандаи оддӣ ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешуд, кайҳо нисбаташ парванда боз карда, онро боздошт мекарданд ва ҳеҷ гоҳ ташхиси техникӣ таъин намекарданд. Ба гуфтаи сокинон, ин ташхисҳо танҳо барои нафароне сурат мегирад, ки "пуштибон" доранд.

Наздикон "шикоят надоранд"

Хонаводаи ин ду ҷавон низ ба ҷое шикоят набурданд ва ҳаволаи ин тафтишро ба худи мақомот супурдаанд. Яке аз наздикони ин ду ҷавон бидуни бурдани номаш рӯз 7-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз оғоз медонистанд, ки ин муфаттишро гунаҳгор намекунанд ва аз ин рӯ, ба ҷое шикоят набурданд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки аз ин ҳодиса қариб 20 рӯз сипарӣ мешавад, вале намедонанд, ки оё дар нисбати муфаттиши собиқ парванда боз кардаанд ё на.

Ин ду хонаводаи ҷавонони фавтида дар ноҳияи Восеъ дар ҳоле аз шикоят болои Иззатулло Шамсуллозода даст кашиданд, ки хонаводаи Фирдавс Ҳалимов аз болои капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиётии Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб шикоят карда буданд. Абдулазиз Азизов, амаки Фирдавс Ҳалимов дар сӯҳбатҳои қаблиаш гуфта буд, ки борҳо алайҳи капитан Исломов шикоят бурданд, аммо ҳеҷ фоида накард.

Ҳоло хонаводаи ин ду нафар низ мегӯянд, ки Додситонии кулл то чӣ андоза ин корро холисона мебинад, вақт нишон хоҳад дод, аммо аз хулосаи ташхиси ниҳоӣ низ ҳеҷ шикоят намекунанд.