Ғоратгарони 80 вагон пахтаи тоҷик ҷазо гирифтанд. ВИДЕО

Шаҳри Рига.

Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Рига дар Латвия, Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, як шаҳрванди афғонтабори Латвияро ба ҷурми ғорати 80 вагон пахтаи Тоҷикистон, барои 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бинобар ҳукми содиркардаи Инта Нарушка, додраси додгоҳи Рига, Ғулом Муҳамад Ғуломӣ ин муддатро на дар зиндон, балки зери назорати пулис ва бидуни ҳаққи берун шудан аз шаҳр, ба сар мебрад.

Завҷаи ӯ Валентина Ғуломӣ барои 7 сол ва Лариса Корпенко, як шаҳрванди дигари ин кившар, ки ҳамчунон додгоҳ дар дуздии пахтаи Тоҷикистон айбдор донист, барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Моҷарои рабуда шудани 80 вагон пахтаи Тоҷикистон ба соли 2012 бармегардад.

Ҳамчунон тибқи ҳукми додгоҳ, Ғуломӣ ӯҳдадор шуд ҳудуди 10 миллион доллар зиёни расида аз ғорати пахтаро ба соҳибони пахта дар Тоҷикистон пардохт кунад. Додгоҳи шаҳри Рига рӯзи 5-уми август ҳукми худро эълон кардааст.

Латвия дар ҳоле, се нафарро ба ҷурми ғорати 80 вагон пахтаи Тоҷикистон, ки бинобар арзёбии муфаттишон тақрибан 10 миллион доллар арзиш дорад, ҷазо дод, ки моҷарои рабуда шудани пахтаи Тоҷикистон ба болотарин сатҳ расида, миёни президентони ду кишвар матраҳ шуда буд.

Расонаҳои маҳаллии Латвия навишта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2015 аз ҳамтои латвиягии худ Андрис Берзинш хостааст, ки барои ёфтани пахтаи гумшудаи Тоҷикистон муосидат кунад.

Моҷарои рабуда шудани 80 вагон пахтаи Тоҷикистон ба соли 2012 бармегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Рига, ширкати Logistic–Ekspress, ки роҳбараш Давлатхон Азизов ном шаҳрванди Тоҷикистон аст, 80 вагон пахтаро аз Тоҷикистон оварда, дар анборе дар шаҳри Юрмала нигоҳ медорад.

Анборе, ки пахтаи Тоҷикистон дар он нигоҳдорӣ мешавад, ба ширкати бо номи W.E.E.S.A таалуқ доштаст. Аммо дар ин миён соҳибкори афғонитабор Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ бо тақаллубӣ ҳуҷҷатҳо аз номи ширкати Logistic–Ekspress ин пахтаро аз анбор гирифта, ба ширкати Silverstar International, ки дар Амрико сабти ном шудааст, тақдим мекунад.

Муомилоти Ғуломӣ ва ин ширкат маълум нест, вале додгоҳи шаҳри Рига Ғуломӣ завҷааш ва Лариса Корпенкоро бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Латвия ғоратгарӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо муҷрим шинохтааст.

Аз ин қбал ҳам исми Ғуломӣ дар Латвия барои додани пора ва мусоидат ба пулшӯи ба наздикони Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон расонаӣ шуда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Латвия афғоне ба хотири рабудани 80 вагон пахтаи Тоҷикистон ҷазо гирифт