Шиорҳои тазоҳурот дар Эрон: "Эронӣ дод бизан, ҳаққатро фарёд бизан" ВИДЕО

Тазоҳурот дар чандин шаҳри Эрон баргузор шудааст.

Рӯзи чаҳорум аст, ки садҳо нафар дар шаҳрҳои гуногуни Эрон тазоҳуротро идома медиҳанд, чун ташвишу изтироб аз бозгашти таҳримоти Амрико ва бад шудани вазъи иқтисоди Эрон афзоиш меёбад.

Матбуоти Эрон гузориш дод, ки рӯзи 3-уми август тазоҳурот ба зидди мушкилоти иқтисодӣ ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил шуд ва ба як мадраса ҳамла кардаанд.

Эрониён аз таварруми зиёд, мушкилоти афзояндаи иқтисодӣ, ки ба сабаби беқурбшавии фавқуллодаи риёл, пули миллии кишвар ба вуҷуд омадааст, ба хашм омадаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идомаи тазоҳурот дар шаҳрҳои Эрон

Хабаргузории нимарасмии "Форс" навиштааст, ки пулиси зиддиюриши Эрон шоми 3-уми август, чандсад нафарро, ки дар шаҳри Иштиҳорд 100-километрии Теҳрон ба зидди ҳукумат шиор медоданд, пароканда кардааст. Ин тазоҳургарон ҳамчунин ба самти мадрасаи динии шиамазҳабон санг партоб кардаанд.

Дар Вашингтон, вазорати умури хориҷии Эрон дар саҳифаи форсиаш дар Твиттер рӯзи 3-уми август гуфт, “Ҳарчанд сарнавишти Эронро бояд мардуми кишвар ҳал кунанд, аммо Амрико тарафдори садои мардуми Эрон аст, ки муддатҳои тӯлонӣ нодида гирифта шудааст.”

Тазоҳургарон ба ин мадрасаи динӣ санг андохтанд.

Видеоҳое, ки бахши форсии Радиои Озодӣ ба даст овард, нишон медиҳад, ки даҳҳо нафар дар шаҳри Теҳрон “Марг бар Хоманаӣ” шиор медиҳанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон аст. Баъзеи дигар мегӯянд, “Эронӣ дод бизан, ҳаққатро фарёд бизан”. Аслӣ будани видеоро таъйид кардан, номумкин аст.

Аз Теҳрон ҳамчунин гузориш мерасад, ки дар маркази Теҳрон ва маҳаллаҳои шимолии он маъмурони пулис зиёд ба чашм мерасанд. Дар як видеое, ки Радиои Озодӣ фиристоданд ва зоҳиран аз шаҳри Караҷ аст, дида мешавад, ки маъмурони пулис ба тазоҳургарон муқовимат мекунанд.

Гузорише дар бораи захмӣ ва ё боздошт шудани касе дар инҷо нарасидааст. Сокинони шаҳрҳои Машҳад, Исфаҳон ва Шероз ҳам намоишҳои эътирозӣ баргузор кардаанд.

Тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки эрониҳо худро ба бозгашти таҳримоти сахти Амрико омода мекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи май Иёлоти Муттаҳидаро аз созиши атомии чандҷонибаи соли 2015 бо Эрон хориҷ кард.

Бар асоси ин созиш, Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди он ҳам сабук шуд. Рӯзи 8-уми август Амрико таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Эронро барқарор мекунанд, ки иҷоза намедиҳад, бо ин кишвар доллари амрикоӣ бихарад.

Муомилоти Эрон бо тилло, дигар фулуззоти гаронбаҳо ва нармафзорҳои саноатӣ ҳам таҳти таҳрим қарор мегиранд. Ҳамчунин хариди қолиҳои эронӣ, маҳсулоти ғизоӣ маҳуд мешавад.