Арзиши билети ҳавопаймо ба Русия якбора боло рафт. ВИДЕО

Ин шабурӯз муштариён дар Душанбе ба умеди дарёфти билети арзонтар ба дари чиптафурӯшиҳо сар мезананд. Як баробар боло рафтани қимати чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия, аксари муҳоҷиронро ҳайрон ва нигарон кардааст.

Назира ҳайрон мондааст

Назира 4 рӯз боз бо умеди дарёфти чиптаи нисбатан арзон ба нуқтаҳои фурӯши билети ҳавопаймо сар мезанад, аммо беҳуда. Ӯ ҳам мисли даҳҳову садҳо муҳоҷири дигари тоҷик пеш аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳон аз Маскав ба Душанбе омад ва пуле, ки барои билети бозгашташ дар даст дошт, акнун хеле кам аст. Ӯ ҳамагӣ ду рӯзи дигар вақт дорад, агар барнагардад корро аз даст медиҳад.

Боло рафтани нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон аз мавзӯи мавриди нигаронии сокинон аст, чун аксар ноноварони хонаводаҳо барои кор ба Русия равуо мекунанд ва нархи чипта барояшон муҳим аст.

"Ман камтарак маблағ доштам. Ду ҳазор дар дастам буд, омадам, ки билет харам, 2 ҳазору 200 шудааст. Боз ками дигар ҷамъ оварда омадам, ки боз 2 ҳазору 400 шудааст. Нарх торафт баланд шуда истодааст. Ман бояд тибқи шартнома то 6-уми август дар ҷои кор бошам. Барои ҳамин ҳам кӯшиш дорам, ки билети арзонтар ёбам. Ҳадди аққал 2 ҳазору 200 сомон бошад",-мегӯяд Назира.

Барои аз даст надодани ҷойи кор ва зуд баргаштан ба Маскав, ба Назира ҳоло беш аз 2000 сомонии дигар лозим аст. Чиптаи ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав пас аз анҷоми бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол, шурӯъ аз миёнаҳои моҳи июл ба таври рекордӣ боло рафт. Қимати билетҳо вобаста ба самти парвоз ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз 50 то 100 дарсад афзудааст ва аз 2600 то 4500 сомонӣ баробар шудааст.

Бозори гарми фурӯши чиптаҳои Русия

Қимати билети Русия маъмулан дар Тоҷикистон оғози баҳор ва мавсими муҳоҷират боло мерафт. Баъди гузаронидани зимистон якбора сели муҳоҷирон барои дарёфтӣ рӯзӣ роҳи Русияро пеш мегирифтанд ва афзоиши талабот ба чипта нархи онро ҳам боло мебурд. Аммо тавре чиптафурӯшиҳо аз қабл ҳадс мезаданд, имсол мавсими сафар ба муҳоҷират ба тобистон рост омад ва фурӯши чиптаҳо ба ин самт баъди бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол гарм шуд.

Аксари онҳое, ки аз тарси ихроҷ шудан зимни бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ мекарданд, якбора дар миёнаҳои моҳи июл ба харидани чипта шурӯъ карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон арзиши билетҳои ҳавопаймо ба самти Русия якбора боло рафт

"Ба донишҷӯён дилам месӯзад"

Наргис Розиқова, корманди нуқтаи фурӯши билет дар Ҷамъияти "Парасту 2000" рӯзи 31-уми уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нархи билети наздиктарин парвоз на камтар аз 4 ҳазор сомонӣ аст ва барои парвози навбатӣ, ки пасфардо ё ин ки 3 ва ё 4-уми август аст, нархи билет 4 ҳазору дусад ва ё 4 ҳазору 300 сомон аст.

"Албатта мо кӯшиш мекунем, ки ба мизоҷонамон тахфиф кунем, ба онҳо то сад сомонӣ гузашт кунем, аммо барои баъзеҳо ин маблағ ҳам хеле қимат аст. Ба донишҷӯёне, ки бо нархи хеле гарон чипта мегиранд, хеле дилам месӯзад. Аммо баъзе аз онҳо пешакӣ барои моҳи август чипта гирифта буданд, ки нархаш дувуним ҳазор буд",-афзуд Наргис Розиқова.

Мардум ногузир чипта мехаранд

Аммо бо вуҷуди як баробар боло рафтани нархи билет, аз рӯйи мушоҳида бозори чиптафурӯшиҳо сард нест. Аксари сокиноне, ки маҷбуранд, дар ин шабу рӯз худро ба шаҳрҳои Русия расонанд, бо гирифтани қарз аз бонку шиносҳо ба роҳ мебароянд. Чун бояд зиндагии худу хонаводаашонро бичархонанд.

Фарзона Зоидова, модари танҳо аст. Барои аввалин бор ба муҳоҷират меравад. Наздиконаш барояш кори муносибе пайдо кардаанд ва намехоҳад имкониятро аз даст диҳад ва бояд дар зудтарин фурсат худро ба Санкт-Петербург бирасонад. Аз корманди як нуқтаи фурӯши билет дар Душанбе хеле хоҳиш мекард, нархи чиптаро барояш арзонтар кунад.

"Корамро аз даст медиҳам, аз банк пул қарз гирифтаам. Бояд маблағи банкро супорам, ки ба ман бовар карда пул доданд. Дирӯз омадем, поинтар буд, инҷо кормандон гуфтанд, ки гиред, ки маблағ боло меравад, мо гуфтем аввал шиносномаи хориҷиро мегирем, ки мабодо билетро гирифта, чипта пайдо накунем. Акнун чӣ кор кунем, ба ҳамин нарх маҷбур мегирем."

Касе пул надорад, бо қатор меравад

Аммо гурӯҳе ҳам, ки аслан имкони харидории чипта ба маблағи 3 ё 4 ҳазор сомонро надоранд, маҷбуранд тавассути Узбакистон ба Русия парвоз мекунанд ё ба воситаи қатора ба роҳ бароянд. Масъулини корхонаи воҳиди давлатии Роҳи Оҳан мегӯянд, ҳоло ҳар қатораи самти Русия пур аз мусофир аст. Муҳаммад як сокин аз ноҳияи Ваҳдат ҳам зиёд фикр накард ва барои 6-уми сентябр чиптаи қатора харид. "Чиптаро 1420 сомонӣ гирифтам. 4 000 ё 4200 сомонӣ барои билети Маскав шӯхӣ нест. Барои ин мо хеле меҳнат мекунем. Қариб ду баробар арзонтар аст қатора."

Масъулини соҳа тасдиқ мекунанд, ки болоравии нархи чипта ба афзоиши якбораи талабот ва ҳатто "ажиотаж" дар ин бозор вобастааст. Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди гузаштани ҳангомаҳо, нарх дар ҳафтаҳои наздик дубора поин хоҳад омад. "Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ва сохторҳои дигар талош доранд, ки нархи чипта самти худро пайдо кунад ва ба мусофирон дастрас гардад. Баъди ду ҳафта чиптаҳо нархи қаблии худро дар бозор пайдо мекунанд."

Нархро кӣ муайян мекунад?

Боло рафтани нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон аз мавзӯи мавриди нигаронии сокинон аст, чун аксар ноноварони хонаводаҳо барои кор ба Русия равуо мекунанд ва нархи чипта барояшон муҳим аст.

Маъмулан сабаби парвози нархҳоро мақомот ба афзоиши нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии фурудгоҳ рабт медиҳанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин бор чун дафъаҳои қаблӣ дар ин маврид гуфтанд, ки нархгузорӣ аз онҳо зиёд вобаста нест. Аммо корманди собиқи як ширкат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бозори озод аст ва нархи билет бар асоси хароҷоту хизматрасонии ширкатҳо муайян мешавад.

"Вазъ чунин аст, ки дар зимистон ширкатҳо бар зарари худ кор мекунанд ва вақте мешавад, ки бояд он хароҷоти худро бароварда созанд. Онҳое, ки шароити харидории чиптаро надоранд, маҷбур нестанд, метавонанд аз роҳҳои дигар истифода кунанд. Роҳҳо ҳама кушода аст."

Бо ин ҳама, коршиносон мегӯянд, нархи чиптаҳо тибқи қоидаи "бардорад зам кун, набардорад кам" муайян карда шавад. Бархе ҳам бар ин боваранд, ки ширкатҳо хароҷотро зиёд нишон дода нархро боло мебаранд. Нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон баландтарин нарх дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.