Чаро "Эсхата" коргаронашро ихтисор кард?

Бонки "Эсхата" мегӯяд, ҷорӣ кардани технологияҳои навин, фановариҳо ва хадамоти онлайнӣ ниёз ба нерӯи кориро коҳиш дод ва аз ин рӯ, ин бонк 10 дарсади коргаронашро ихтисор кардааст.

Ба хотири хизматрасонии беҳтар...

Маъмурияти бонки "Эсхата" бо нашри як матлаб дар сомонаи расмӣ сабабу омилҳо ихтисор кардани 10 дарсади коргарон ва бастани дари бархе аз нуқтаҳои хизматрасонӣ аз аввали солӣ ҷорӣ то ба ҳолро, шарҳ дод.

Бонки "Эсхата" мегӯяд, қисмате аз кормандон баъди аттестатсия, ки сатҳи касбияташон ба талаботи бонк мувофиқ набуд, аз вазифа сабукдуш шуданд.

Дар баёнияи "Эсхата" гуфта мешавад, бастани нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ихтисори кормандон на ҳама вақт як амри манфӣ аст ва гоҳҳо чунин тасмим ба хотири рушди бонк ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ рӯи даст гирифта мешавад.

Маъмурияти бонк гуфтааст, ки талош мекунад дар хизматрасонӣ ба мизоҷон фановариҳои навин, аз ҷумла, интернет банкинг, онлайн дастрас кардани интиқоли пул ба картаи бонкӣ, пардохти хадамоти гуногун тавассути терминалҳои хизматрасонӣ ба роҳ монад, ки ба мизоҷон имкон медиҳад бидуни ташриф овардани ба идораи бонк, ин амалиётҳои молиявиро анҷом диҳанд.

Аммо чунин чархиш ба ҷониби инноватсия ба гуфтаи маъмурони “Эсхата”, ниёз ба коргаронро кам мекунад. Бинобар ин, маъмурияти бонк дар поёни соли 2017 ба хотири коҳиш додани хароҷоти изофӣ дар давраи бӯҳрон, тасмим гирифтааст, нуқтаҳои хизматрасонии зиёноварро бубандад.

Кӯҳнаҳо мераванд, навҳо меоянд

Зимнан бонки “Эсхата” гуфтааст, ки соли 2017 бештар аз ин -- 14 дарсади коргарон аз кор рафтанд. Аммо бар иваз ҳамин миқдор, яъне 460 нафар коргарони нав ба кор пазируфта шуданд. Вале ҷорӣ шудани фановариҳои навин, баста шудани нуқтаҳои хизматрасониҳои худнокифо танҳо омиле ихтисори даҳ дарсади кормандон набудаст.

Хуршед Носиров.

Бонки “Эсхата” мегӯяд, қисмате аз кормандон баъди аттестатсия, ки сатҳи касбияташон ба талаботи бонк мувофиқ набуд, аз вазифа сабукдуш шуданд. "Ин гуна тартибот дар ҳама ташкилотҳои бузург вуҷуд доранд",- мегӯяд, "Эсхата".

Аммо маъмурияти бонк гуфтааст, дар баробари ихтисор, кормандони навро мепазирад ва аз аввали соли равон 90 нафарро ба кор қабул кардааст. Ба гуфтаи бонк, айни замон "Эсхата" бештар ба мутахассисони фановариҳои информатсионӣ, мушовирон ва кормандони техникӣ ниёз дорад.

Ихтисори коргарон дар пайи тағйироти кадрӣ

Ихтисори 10 дарсади кормандони бонки "Эсхата" дар пайи як тағйироти кадрӣ иттифоқ меафтад, ки дар оғози соли равон анҷом шуда буд. Моҳи феврали соли равон Хуршед Носиров аз роҳбарии бонки "Эсхата" сабукдӯш ва зимоми раҳбарии ин бонк ба дасти Акбар Назаров гузашт. Намояндагии Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон гуфта буданд, дар кори бонки "Эсхата" камбудиҳо ошкор шуданд.

Наврӯз Валиев, раҳбари намояндагии минтақавии Бонки миллӣ дар вилояти Суғд дар нишасти хабариаш рӯзи 5-уми феврал гуфт, ки раҳбарони бонки "Эсхата" ва созмони қарздиҳии "Имон Интернешнл" на бо роҳи иҷборӣ, балки танҳо бо тавсияи Бонки миллӣ иваз карда шуданд.

Вале ба қавли ӯ, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки чанд санҷиш дар фаъолияти ин ниҳодҳои молӣ камбудиҳоро дар паҳлӯҳои гуногуни фаъолияташон ошкор кард.

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 дарсади қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба "Эсхата" тааллуқ дорад.

Бонки "Эсхата" солҳои 1993-94 ташкил шудааст. Масъулини бонк мегӯянд, феълан 23 филилал ва беш аз 200 маркази хизматрасонӣ доранд. Ба иттилои БМТ, саҳмияҳои бонк дар дасти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва се нафар бо насаби Носировҳо мебошад.