Ҷасади духтараки 5-солаи тоҷикро, ки дар вилояти Маскав таҷовузи ҷинсӣ ва кушта шуд, дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Даҳҳо нафар аз хешовандону ҳамдеҳагон дар маросими дафни Ҳувайдо Тиллозодаи номурод ширкат доштанд.
Ҳувайдоро дар канори гӯри бобову бибии падариаш дар оромгоҳи маҳалли зисташон дафн карданд. Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаро субҳи 25-уми июл тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Садои фиғони модар дар фурудгоҳ
Александр Сёмин, ҳангоми боздошт аз додани баёнот худдорӣ карда ва дар ҳузури вакилонаш гуфтааст, ки “дар ин ҷиноят даст надорад”.
Садои нолаву фиғони модари Ҳувайдои 5-сола, субҳи 25-уми уми июл фурудгоҳи Душанберо такон дод. Ин модар чанд соли пеш бо умеди дастёбӣ ба зиндагии беҳтар ва ояндаи хуби фарзандон, ҳамроҳи шавҳар ба Русия ҳиҷрат карда буд ва акнун бо ҷасади сарди духтари 5-сола ва бо дили пур аз дарду ғам ба Душанбе баргашт.
Пас аз 3 рӯзи ашкрезӣ ва интизорӣ, наздикони ин хонаводаи акнун мотамзада, ки қарор буд Ҳувайдо ва хоҳарони ӯро моҳи август бо хушҳолӣ дар фурудгоҳ истиқбол кунанд, ба пешвози ҷисми сарди ӯ омаданд.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии маҳалли зисташон, пайдо карданд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, кӯдаки 5-сола таҷовуз ва бераҳмона кушта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гулнора Шарипова, модари Ҳувайдо, мегӯяд, духтараш ҷонваронро хеле дӯст медошт ва ба гуфтаи ӯ, қотил ҳам маҳз бо ин роҳ ӯро ба доми худ афтондааст.
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар робита ба таҷовуз ва қатли духтари 5-сола.
"Аз пушти хона соати 4 гирифта бурданд. Ӯ ҳайвонҳоро зиёд дӯст медошт, бо сагҳо бозӣ мекард. Аз пушти саг рафт. Ҳамсоя дид, гуфт аз қафои духтарат рав, ки пушти дом рафт. Рафтам, дарашро задам, намонданд, ҳамакаса маро доштанд. Ҳатто бо милисаҳо қад ба қад шудам, аммо гуфтанд, ки фоида надоранд, кори шудагӣ шуд",-гуфт Гулнора Шарифова.
Муттаҳам ба ҷиноят барои ҷомеа хатарнок аст
Додгоҳи шаҳри Серпухово амр дод, ки Александр Сёмин, муттаҳам ба таҷовуз ва қатли духтари 5-солаи тоҷик дар боздошт бимонад, зеро барои атрофиён хатар дорад.
Зимни қироати қарори додгоҳ, додраси парванда гуфт, “Азбаски Александр Сёмин ба ҷиноятҳои фавқуллода вазнин муттаҳам мешавад ва барои ҷомеа хатар дорад ва мумкин аст, аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор кунад, барои ҳамин зарур аст, ӯ дар боздоштгоҳ бимонад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи додраси рус, Александр Сёмин, ҳангоми боздошт аз додани баёнот худдорӣ карда ва дар ҳузури вакилонаш гуфтааст, ки “дар ин ҷиноят даст надорад”.
Аммо додгоҳи шаҳри Серпуховои вилояти Маскав гуфт, ки далелҳое, ки муфаттишон пешниҳод кардаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки Александр Сёмини 28-сола дар таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи хонаводаи муҳоҷири тоҷик даст дорад.
Абдусалом Саидов: "Кӯдаки 5-сола чӣ гуноҳ дошт?"
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 25-уми уми июл, дар ҳоле, ки ҷасади духтарашро аз дохили фурудгоҳ берун меовард, гуфт, ки бояд мақомоти баландпояи Тоҷикистон, ва ҷомеаи кишвар ба қазияи ҷигарбанди ӯ бетаваҷҷӯҳ набошанд. Ӯ гуфт, қотили духтарашро бори аввал баъд аз боздошташ дар ҷараёни тафтишот дид ва мехоҳад, бо чашмони худ муҷозот шудани қотили ҷигарбандашро бубинад.
"Тафтиш кунанд, кӯмак кунанд, ки ман равам ва то сари судаш иштирок кунам. Бубинам, ки ӯро чӣ гуна суд мекунанд. Ӯро аллакай бемории рӯҳӣ мегӯянд, агар бемор мебуд, рафта хизмат мекард? Маро гуфтанд, ки аз мақомот талаб кун, то охир равӣ ва бубинӣ ки ӯро чӣ гуна суд мекунанд."
Падари Ҳувайдо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз маросими хоксупории духтараш як ҳафта баъд ба Русия бархоҳад гашт ва талош хоҳад намуд то омили қатли бераҳмонаи духтараш шадидан муҷозот шавад. Аммо ҳоло ӯ такрор ба такрор аз худ ва дигарон ин суолро мекунад, ки чаро ба як кӯдаки 5-сола чунин амали ваҳшиёна раво дида шуд. "Кӯдаки 5 сола чӣ гуноҳ дорад, ки шумо мекушед ва оварда партофта меравед?",-мепурсад ӯ.
Қарор буд Ҳувайдо моҳи август Тоҷикистон биояд
Аз таҷовуз ва бераҳмона қатл шудани Ҳувайдо наздиконаш дар Тоҷикистон тавассути расонаҳои интернетӣ огоҳ шудаанд. Тобути ҳаҷман хурди Ҳувайда дар миёни 3 тобути дигар, ки дар як парвоз рӯзи чоршанбе ба Душанбе оварда шуд, фарқ мекард. Худи Ҳувайдо ба гуфтаи наздикон фарзанди дуввуми хонавода ва духтари дустрӯяку ҳушёр буд. Дар Русия боғча мерафт, забони русиро хуб медонист ва ба гуфтаи волидон, медонист, ки сӯҳбат кардану танҳо мондан бо афроди бегона мумкин нест.
Бунафша Шарипова, холаи Ҳувайдо, ки дар рӯйи тобути хоҳарзодааш нола мекард, гуфт, чанд рӯз пеш дар як сӯҳбати интернетӣ бо ӯ Ҳувайдо бо хушҳолӣ мегуфт, моҳи август ба Тоҷикистон меояд. Ба гуфтаи холааш, ӯ бесаброна интизори ин сафар буд. "Ҳувайдо гап мезад, ки ман Тоҷикистон меоям. Ҳамашон мегуфтанд мо дар моҳи август ба Тоҷикистон меоем. Ҳувайдо Тоҷикистонро ёд мекард."
Тангдастӣ хонаводаи Ҳувайдоро ба Русия бурд
Тангдастӣ ва набуди кору зиндагии хуб, 10 соли пеш Абдусалом ва Гулнора -- падару модари Ҳувайдоро ба муҳоҷират бурд. Абдусалом мегӯяд, намехост фарзандонаш аз падару модар дур бошанд ва бо вуҷуди мушкилот онҳоро бо худ ба муҳоҷират бурд. Тасаввур намекард, ки рӯзе муҳоҷират ӯро аз духтари нокомаш барои ҳамешагӣ ҷудо мекунад. Дар сохтмонҳои Русия кор ва зиндагии хонаводаро таъмин мекард.
Модари Ҳувайдо ҳам дар Русия кор мекард, вале баъди таваллуди тифли маъюб дигар натавонистааст дар пешбурди зиндагӣ ба шавҳар кӯмак кунад. Абдусалом мегӯяд, "мехостам фарзандонамон аз назди худам дур набошад. Мехостам якҷо бошем. Ҳамеша ба фарзандон ва Ҳувайдо таъкид мекардем, ки бо шахсони бегона сӯҳбат накунанд. Онҳо ҳам аз пеши хона дур намерафтанд. Намедонистам, ки дар бинои мо як педофил ҳаст."
Ҷасади сарди Ҳувайдоро, ки дар қатори се тобути дигари муҳоҷирон субҳи 25-уми июл аз Маскав ба Душанбе оварданд, наздиконаш ба Кӯлоб бурданд. Қарор аст маросими ҷанозаи Ҳувайдои панҷсола имрӯз дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини ин шаҳр баргузор ва дар оромгоҳи Тамоштеппа дар паҳлӯи бибӣ ва бобои падариаш, ба хок супурда шавад.
Тафтиш оғоз шудааст
Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 23-уми июл гуфт, ки дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик Александр Сёмин, як ҷавони 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекард.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки "куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид."
Нотаи Тоҷикистон ба Русия
Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми июл омадааст, ки мақомоти вазорат ба унвони вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хостанд, ки "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфт, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ бо ирсоли барқияи расмӣ аз ҳамтои руси худ хостааст, тафтиши парвандаро зери назорат бигирад.
Куштори як кӯдаки 5-сола бо бераҳмӣ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Онҳое, ки доду фиғони волидони Ҳувайдоро дар фурудгоҳ мешуниданду тобутҳои пайиҳами муҳоҷиронро медиданд, таъкид мекарданд, ки ҳукуматҳои ду кишвар бояд шароити муҳоҷиронро хубтар кунанд.
То чунин ҳодисаҳо дигар такрор нашавад ва тоҷике, ки бо пойи худ барои зиндагии беҳтар ба ин кишвар меравад, бо ҷисми сарду хунолуд баргардонида нашавад.