Набераи Гулафзо Савриддинова, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990 ва замоне муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба "фирор аз артиш" ва "ифшои сирри давлатӣ", муттаҳам мешавад.
"Фирор накард, ба дидори падари бемораш рафта буд"
Мавлон Мақсудов, афсари 24-сола, ки то лаҳзаи боздошташ дар вазифаи сардори бахши алоқаи қисми ҳарбии Вазорати мудофиа дар шаҳри Исфара, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст, кор мекард, охири соли 2017 боздошт шуд ва ахиран парвандааш дар додгоҳ ниҳоӣ шудааст.
Дар артиши Тоҷикистон фирори сарбозон мушоҳида мешавад, вале дар чанд соли ахир дар робита ба фирори афсаре аз ҷойи хидмат гузориш нашр нашуда буд.
Ҳангоми боздошт Мақсудов гуфтааст, ки аз хидмат фирор накардааст, балки бо хоҳиши модаркалонаш - Гулафзо Савриддинова бояд ба дидорбинии падари бемораш мерафт. Инро як манбаи огоҳ аз парванда ҳам ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард.
Гулафзо Савриддинова, ки ҳоло 71 сол дорад, дар замони шӯравӣ ва замони истиқлол дар муҳимтарин вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла мудири шуъбаи маданият, шуъбаи савдо ва хизматрасонии маишии Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини Маҷлиси миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол (соли 2000-ум) кор кардааст.
Парвандаи Мавлон Мақсудов дар додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд дар марҳилаҳои охири баррасӣ қарор дорад ва базудӣ ҳукм дар нисбати ӯ қувваи қонунӣ мегирад. Як мақоми огоҳ аз ҷараёни тафтиши парванда рӯзи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мавлон Мақсудов дар он муттаҳам мешавад, ки "вазифаи пурмасъулиятро бидуни иҷоза тарк карда, ҳамроҳ бо худ ҳуҷҷатҳоеро гирифтааст, ки дорои сири ҳарбӣ мебошанд".
Ин ҳамсӯҳбати мо ҳарчанд нагуфт, ки ҳадафи Мақсудов аз берун бурдани санадҳои дорои сирри махфӣ чӣ буд, вале гуфт, ки ин ҳама мавод дар як флешкорт дар дасти ӯ ошкор ва мусодира шуд. Ӯ гуфт, ҷузъиёти парвандаро наметавонад шарҳ бидиҳад, аммо кирдори Мақсудов ҳамчун "фирор" ва "ифшои сири давлатӣ" тафтиш шудааст.
Мавлон Мақсудов, ки рутбаи лейтенант дошт, Донишгоҳи ҳарбии Санкт-Петербурги Русияро хатм карда, барои кор ба Тоҷикистон баргашта буд.
"Як нофаҳмӣ аст"
Гулафзо Савриддинова, модаркалони Мавлон Мақсудов рӯзи 23-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти набераашро тасдиқ кард, вале гуфт, ин "як нофаҳмӣ" аст. Ӯ гуфт, наберааш ба хотири хабаргирии падари бемораш қисми ҳарбиро тарк кардааст ва ҳеҷ қасди баде надошт.
Ӯ гуфт: “Падараш нотоб буд, инфарк гирифта буд. Ду бор ҷавоб пурсидаанд, вале ҷавоб надоданд, ариза навишта баромадаанд. Ӯро боздошт карданд, ки гӯё нопурсида рафтааст. Ӯ бо компютер кор мекард. Дар дасташ як флешка, ки суруд навишта шуда будаст, дар кисааш мемонад. Мо як умр дар хидмати давлат будем ва фарзандону наберагон ҳам дар хидмати давлат мемонанд. Ин як нофаҳмӣ буд, ки моро дар рафти тафтишот фаҳмиданд".
Гулафзо Савриддинова гуфт, ки ҷавонӣ, бори аввал ҷиноят содир кардан, дар гузашта вазифаҳояшро дуруст иҷро карданро додгоҳ дар баррасиҳои аввалӣ ба инобат гирифтааст. "Мо аз тафтишу баррасии парванда розием ва ҳеҷ шикояте надорам. Ҳамаашро дуруст баҳогузорӣ карданд". - гуфт Савриддинова.
Ҳодисаи нодири "фирор"-и афсар аз артиш
Қисми ҳарбии Вазорати мудофиа дар Исфара, ки ин афсари тоҷик аз он ҷо фирор кардааст, дар нуқтаи ҳассоси марзии Тоҷикистон унвон мешавад. Дар ин нуқтаи марзӣ зуд-зуд ҳодисаҳои задхӯрди афсарону сарбозони ду ҷониб ва ё сокинони маҳали наздимарзӣ сабт мешавад. Аз ин рӯ, зоҳиран Вазорати мудофиа аз афсарону сарбозон дар ин қитъаи марзӣ масъулияти бештар талаб мекунад.
Дар артиши Тоҷикистон фирори сарбозон мушоҳида мешавад, вале дар чанд соли ахир дар робита ба фирори афсаре аз ҷойи хидмат гузориш нашр нашуда буд. Фирор аз артишро созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи сарбозон фишор болои онҳо ва мӯҳлатҳои тӯлонӣ рухсат нашудани онҳо унвон мекарданд.
Соли гузашта Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” дар ин масъала сабукиҳо дод. Бар асоси ин тағйирот, сарбозон дар шаш моҳ 20 рӯз ва афсарон 30 рӯз ба рухсатӣ мераванд.