Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар давоми тахминан наздики ним соли ҷорӣ шудани маҳдудият дар сафарҳои хориҷии бидуни иҷозати донишҷӯёну омӯзгорон, аризаи ҳеҷ нафаре дар ин замина рад нашудааст.
"Сафари ягон донишҷӯ ва корманди соҳа манъ нашудааст"
Рӯзи 20-уми июл мақомоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз тасмимҳои баҳсбарангези соли ҷорӣ оид ба манъ шудани сафарҳои хориҷии муҳассилону омӯзгорон ва муҳаққиқони тоҷикро шарҳ доданд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Independent Center for Human Rights Protection, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дигар ташкилотҳо қарори Вазорати маорифро ба чолиш кашиданд.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, онҳо то ба имрӯз сафари ягон донишҷӯ ва корманди соҳаро ба хориҷ манъ накардаанд. "Ба ягон кас то ҳол нагуфтаем, ки, "не, шумо сафар накунед" ва ин ҳодиса то ба ҳол рух надодааст ва рух намедиҳад. Мо фақат мехоҳем манфиати шаҳрвандони кишвар дар хориҷ ҳам ҳамоя шавад",-афзуд Мирбобоев.
Мавзӯи гирифтани иҷозати сафар ба хориҷа, ки моҳи феврал ҷорӣ шуд, аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун нақзи ҳуқуқи донишгоҳиҳо барои ҳаракату сафарҳои озод интиқод шуд.
Вазорати маориф мегӯяд, ки дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ин ниҳод бо дархости иҷозаи сафари хориҷӣ 620 нафар, аз ҷумла муҳассилону омӯзгорон ва пажӯҳишгарон муроҷиат карданд. Вазорат гуфт, ки ин нафарон бо ҳадафи таҳсил ва ширкат дар ҳамоишҳои мухталифи илмӣ ба хориҷ сафар кардаанд.
Вазорат мегӯяд, ки ҳуқуқи касеро маҳдуд намекунад
Тибқи як қоидаи нави вазорати маориф аз моҳи феврал, омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик дигар ҳаққ надоранд бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ва ё таҳсил ба хориҷа раванд. Ин тасмими вазорат сару садоҳои зиёдеро ба по хезонд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар онро мухолиф ба сарқонун ва санадҳои байналмилалӣ оид ба озодиҳои шаҳрвандӣ хонда, талаб карданд, ки бекор шавад.
Аммо масъулини вазорати маориф таъкид мекунанд, ки ин ниҳод бо танзими сафари донишҷӯёну омӯзгорон ва проффесорон, ҳаргиз ҳуқуқи онҳоро маҳдуд намекунад. Илҳом Камолзода, сардори шӯъбаи равобити байналмилаллӣ дар Вазорати маориф гуфт, иҷозаи вазорат барои сафар ба хориҷа барои омӯзгорону донишҷӯён танҳо дар 3 ҳолат зарур аст. Агар сафар хизматӣ бошад ё ба хотири ширкат дар ягон ҳамоиши илмиву, идомаи таҳсил анҷом шавад.
Илҳом Камолзода афзуд, "агар омӯзгор ё донишҷӯ масалан, барои ягон кори шахсӣ ё дар рухсатӣ сафар мекунад, метавонад бидуни иҷоза сафар намояд". Ба гуфтаи Илҳом Камолзода, онҳое, ки бо ҳадафи ширкат дар ҳамоишу конфронсҳо сафар мекунанд, "дар ҳолати зарурӣ" бояд "матни маърӯзаи худро ҳам пешниҳод кунанд. Кормандони соҳа бояд барои гирифтани иҷоза зарурати сафари худ барои ширкат дар ҳамоиш исбот карда тавонад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Интиқодҳо аз муқаррароти шабеҳ ба замони шӯравӣ
Мунаққидони зиёди ин тасмими вазорати маориф ҷорӣ шудани муқарраротро ба низоми шӯравӣ шабоҳат медиҳанд, ки ҳар як сафари хориҷа зери назари шадиди мақомот, аз ҷумла КГБ буд, ариза ва ҳадафмандиву зарурати сафари шаҳрванд бояд дар чандин сохтори назоратӣ санҷидаву тасдиқ мешуд ва танҳо баъд иҷозат дарёфт мекард.
Бархе мунаққидони дигар ин тасмимро ташвишовар номида ва мегӯянд, ки донишгоҳиён, ки бо ҳадафи такмили ихтисос, омӯзишҳои нав ва суханронӣ дар маҳфилҳои байналмилалӣ сафар мекунанд, гурӯҳи пешбарандаи рӯшанфикрони ҷомеа мебошанд. Арзёбиву таҳлил ва баҳогузориҳои онҳо маъмулан барои гирифтани маълумот дар бораи кишвар хидмат мекунад.
"Назорат аз сафарҳои хориҷии пажӯҳишгарону донишгоҳиён хилоф бо меъёрҳои озодии баён аст ва намегузорад, ки донишмандон фикру андешаҳои худро озодона ва бар асоси хулосаҳои худ баён кунанд", гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки одат дорад дар семинарҳои хориҷӣ иштирок кунад.
Намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Independent Center for Human Rights Protection, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дигар ташкилотҳо қарори Вазорати маорифро ба чолиш кашиданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам гуфт, ки ба омӯзиши қарори Вазорати маориф оиди манъи сафари беиҷозаи муҳассилин ва омӯзгорон ба хориҷи кишвар шурӯъ кардааст. Ин ниҳод бояд мушаххас кунад, ки ин қарори Вазорати маориф то куҷо ба қонунгузории кишвар мувофиқат мекунад.