Шавҳар занашро бо сабзӣ ҷазо дод, табибони гинеколог таҳқири занро идома доданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Термизи Узбекистон, амалиёти ҷарроҳие, ки дар узви таносули зане анҷом шуд, ба интернет роҳ ёфта қаҳру ғазаби ҳазорҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Дар ин навор ҷарроҳон зани беморро, ки дар ҳолати беҳушӣ буд, ба масхара мекашанд.