Маргвелашвили: Гурҷистон аз баҳри НАТО намегузарад

Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили мавқеи Владимир Путинро, ки шомил шудани Гурҷистон ва Украина ба НАТО-ро "таҳдиди мустақим ба амнияти Русия" медонад, нохушоянд хонд. Путин ин изҳоротро рӯзи гузашта дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Fox News баён дошт.

"Мо мутаассифона, ин ақидаро борҳо шунидаем"- гуфт Маргвелашвили дар нишасти матбуотии Тбилисӣ.- "Ин барои ман бисёр нохушоянд аст, аммо чунин мавқеи Русия ҳарфи нав нест".

Ҳамзамон президенти Гурҷистон таъкид кард, ки "дар робита ба узвият дар НАТО, кишвараш интихоби худро иваз намекунад". Ӯ аз пуштибонии қавии паймон дар нишасти Брюссел ёдовар шуд ва гуфт, "ҳамаи 29 кишвари узви паймон ба Русия пайғоми мушаххас доданд, ки нерӯҳояшро аз қаламрави Гурҷистон берун кунад".