Додситонӣ алайҳи раиси ширкати "Умед 88" се айб эълон кард

Раиси "Умед 88".

Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ "Умед 88" бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад. Тафтишоти пешакӣ аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, парванда барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазия ҳои чанд моҳи охир аст.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини раиси Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Раҷабалӣ Одинаев ва масъули дигари ин ширкат Идибек Одинаев ба "дуздии моликияти давлатӣ", "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ" ва "ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳои кредитӣ", айбдор карда мешавад.

Ба гуфтаи Валӣ Ваҳҳобов, масъулони "Умед 88" дар ҷараёни тафтишот ба айбҳои эълоншуда алайҳи худ эътироф намудаанд. Парвандаи молики ширкати "Умед 88" мӯҳри махфӣ гирифтааст ва мақомоти додгоҳӣ ва вакилони дифоъ оид ба ҷараёни муҳокимаи судӣ бо матбуот сӯҳбат намекунанд.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молияи Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, муттаҳам мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи равон нусхаи номаи Раҷабалӣ Одинаев дастраси Радиои Озодӣ шуд, ва ӯ бори аввал, пас аз 8 моҳи боздошт, мушкили ба сараш омадаро шарҳ додааст. Маълум нест, ки ин нома то ба президент расидааст, ё не.

Ба навиштаи Одинаев, тибқи созишнома бо Вазорати молия аз 171 миллион сомонии қарз ширкати “Умед 88” ба маблағи 100 миллион сомонӣ ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сӯзишвории дизелӣ медод ва 71 миллиони дигарро дар шакли нақд пардохт мекард. Ба гуфтаи ӯ, қисме аз сӯзишворӣ барои истифода дар сохтмони Роғун ворид шуда буд ва ин кор бояд то нимсолаи аввали соли 2017 анҷом меёфт.

Аммо ба гуфтаи молики "Умед 88", пеш аз оғози интиқоли сӯзишворӣ ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", "дар моҳи феврал ва марти соли 2016 ба фаъолияти нуқтаҳои сӯзишвории ширкати “Умед 88” маҳдудият ва монеа гузошта шуд. Ҳисоби молиявии фаъолияти ширкат баста шуд, ки боиси саривақт пардохт нашудани маблағҳои қарзӣ гардид".

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро моҳи октябри соли гузашта боздошт кард.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст.