Ду варзишгари маъруфи UFC (мусобиқоти мутлақи муҳорибавӣ) Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор, ки дар муҳорибаҳои беқоида рақиби ҳам ҳастанд, бо нашри аксҳои воқеӣ ва сохта ҳамроҳ бо Владимир Путин, президенти Русия ба оташи баҳсҳои лафзиашон равған рехтанд.
Ҳабиб Нурмагомедов, қаҳрамони мутлақи лигаи UFC дар вазни сабук бо ҳамқиёфаи Владимир Путин акс гирифта, дар саҳифаҳои расмиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст ва гуфтааст: “Барои ин акс 500 рубл додам”. Ин амали Нурмагомедов дар ҷавоб ба акси Конор Макгрегор аст, ки бо Путин дар варзишгоҳи “Лужникӣ”-и Маскав бардошта шудааст.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018 миёни тимҳои Фаронса ва Хорватия аксар аз чеҳраҳои саршиноси ҷаҳонӣ иштирок карданд, ки миёни онҳо ҷанговари ирландӣ, собиқ ҷоизадори миёнбанди қаҳрамонии UFC Конор Макгрегор ҳам ба назар мерасид.
Конор Макгрегор аксеро дар саҳифааш интишор кард, ки дар канори Владимир Путин истодааст. Ӯ дар шарҳи ин акс навиштааст, “имрӯз ман ба унвони меҳмони раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба финал даъват шудам. Ин кас яке аз бузургтарин лидерҳои муосир аст ва ширкат дар чунин маросими муҳим дар канори ин шахс барои ман боиси ифтихор аст."
Макгрегор бозии финалиро дар нишастгоҳи VIP бо шиму костюм тамошо мекард. Қобили таваҷҷӯҳи ҳамагон ин шуд, ки дуртар аз ӯ рақиби аслиаш Ҳабиб Нурмагомедов ҳам дар варзишгоҳ ширкат дошт.
Ба фарқ аз Конор ӯ бо пироҳани мунтахаби кишвараш ба бозӣ омада буд. Дар пироҳани ӯ ҳайати бозигарони мунтахаби Русия соядаст гузоштаанд. Ин ду ҷанговар, ки ду сол боз ҳаводорони муҳорибаҳои беқоида дар тамоми ҷаҳон интизори рақобаташон ҳастанд, аз варзишгоҳ дар саҳифаҳои расмиашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамошои бозӣ акс нашр карданд.
Дар ҷавоб ба акси дуюми Конор Макгрегор, ки Путинро оғӯш кардааст, Нурмагомедов бо нашри як акс бо ҳамқиёфаи раиси ҷумҳури Русия навиштааст “барои ин акс ман 500 рубл додам”.
Ин ду нафари “ба хуни ҳамдигар ташна” ғайри интизори шоҳидон даст ба гиребон нашуданд. Ба қавле Нурмагомедов фурсати хуби “қасдгириро” аз даст дод.
Ҷангу кашмакашҳои гузашта
Миёни ин ду чеҳраи шинохта дар гузашта, берун аз саҳнаи ҷанг даргириҳои лафзиву ҷисмонӣ зиёд сурат гирифта буд, ки намунаи ахираш аввали моҳи апрели ҳамин сол дар Ню-Йорк буд. Он вақт, чанд рӯз пеш аз шурӯи муҳорибаҳои UFC-223, баъди анҷоми нишасти хабарӣ Конор Макгрегор бо чанде аз дӯстонаш дар таваққуфгоҳи зеризаминие ба автобуси ҳомили варзишкорони UFC ҳамла кард.
Дар дохили автобус Ҳабиб Нурмагомедов ҳам буд ва ҳадафи аслии Конор Макгрегор ҳамин ҷанговари доғистонӣ буд. Конор ба ҷониби автобус олотҳои вазнини оҳанӣ партоб дод ва тирезаро шикаст, ки дар натиҷа ду нафар аз варзишгарон, Майкл Кеза ва Рей Борг ҷароҳат бардоштанд. Кормандони пулиси Амрико Макгрегорро аз ҷои ҳодиса дастгир намуданд ва ба идораи пулис бурданд. Тафтиши ин қазия то ҳол ба анҷом нарасидааст ва 26-уми июл мурофиаи додгоҳии он шурӯъ мешавад.
Баъди анҷоми финали Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол Ҳабиб Нурмагомедов ба хабаргузории “ТАСС” гуфтааст, “ӯ ҳоло дар Русия, дар қаламрави мо аст. Мо оини меҳмондориро ба ҷо меорем. Агар дар маркази “Лужникӣ” октагон (саҳнаи муҳориба) мебуд, ҳатман мо вомехӯрдем”.
Дар робита ба баргузор шудани рақобат миёни Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар моҳи май сару садо баланд шуда буд ва ҷонибҳои манфиатдор, бахусус раҳбари UFC Дейна Уайт дар ин бора зиёд ишора мекард. Аз рӯи хабарҳои ахир ин муҳориба 6-уми октябр баргузор мегардад. Дар ин бора падари Ҳабиб, Абдулманап Нурмагомедов дар миёнаҳои моҳи июн гуфт ва ишора ба он кард, ки гуфтушунидҳо дар ин маврид муваффақ анҷом шуда истодаанд.
Ҳабиб бо лақаби "Уқоб"
Ҳабиб Нурмагомедови 29-сола аввалин қаҳрамони UFC дар вазни сабук аз Русия аст. То ин вақт касе аз Русия ба мақоми қаҳрамонӣ нарасида буд. Ӯ дар моҳи апрели имсол, дар мусобиқоти UFC-223 ҷанговари амрикоӣ Ян Лаквинтаро шикаст дод ва унвони қаҳрамони мутлақро дар вазни сабук ба даст овард. Унвоне, ки қаблан дар дасти Конор Макгрегор буд.
Нурмагомедов даҳ соли пеш карйераи варзишии худро шурӯъ кардааст ва то ҳол дар 26 дидор ғалаба кардааст. Ягон бохт надорад ва аз ӯ бо лақаби “Уқоб” ном мебаранд.
Конор Макгрегор, ки 14-уми июл зодрӯзи 30-солагиашро таҷлил кард, дар даҳ соли фаъолияти касбиаш 24 рақобат кардааст ва дар 21-тоаш ғолиб шудааст. Дар се рақобати дигар мағлуб гаштааст. Ӯ бо ҷангҳои ҷолиб ва ҳаракатҳои ғайриоддиаш ҳангоми рақобат дили миллионҳо ҳаводори муҳорибаҳои беқоидаро дар ҷаҳон ба даст овардааст.
Ин ду варзишгари маъруф дар Тоҷикистон ҳам мухлиси зиёд доранд. Ҳаводорони муҳорибаҳои беқоида дар кишвар ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд, қисме аз Ҳабиб мухлисӣ мекунаду гурӯҳи дигар аз Конор. Мисле, ки Роналду ва Месси мухлисони футболро ба ду гурӯҳ тақсим кардаанд.