Волидайни зане, ки ҳангоми ҷарроҳӣ ҳамроҳ бо тифли батнаш дар таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ фавтида буд, ба берун кардани ҷасади духтарашон аз гур барои ташхис, эътироз карданд.
"Дигар даъво надорем"
Мавлуда Ғоибова, сокини 35-солаи Ҳамадонӣ, шаби 30-юми июни имсол ҳангоми ҷарроҳӣ фавтидааст ва наздиконаш даъво карда буданд, ки беэътиноии пизишкон сабаби марги Мавлудаву фарзандаш шудааст.
Масъалаи аз гур берун кардани ҷасад дар Тоҷикистон ҳассос аст ва аксаран пайвандону волидайн ба он мухолифат мекунанд.
Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ бо даъвои пайвандони Мавлуда ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кард ва гуфт, барои дақиқ кардани ин масъала, ки пизишкон дар рафти ҷарроҳӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд ё не, ҷасад аз гур берун шавад.
Аммо Ойпарча Азизова, модари Мавлуда шадидан ба берун кардани ҷасади духтараш аз гур мухолифат карда, гуфтааст, ҳеҷ даъвое дигар нисбат духтурон надорад ва фарзандашро аз гур берун накунанд. Ин зан рӯзи 13-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотире, ки рӯҳи духтарашон безобита нашавад, аз даъвои худ комилан даст кашиданд.
"Мо дигар даъво надорем ва даъво ҳам намекунем. Даркор нест, ки ҳамин фарзанди моро безобита кунанд. Ӯ дигар зинда намешавад, бо даъвои мо. Дар насибаш ҳамин будааст. Мо навиштем, ки духтурон гуноҳ надоранд. Худо фарзанди маро ҳамин қадар рӯз дода будааст. Фарзанди ман шаҳид шудааст, дигар гапашро ҳам бояд назанем",--гуфт модари Мавлуда.
Ҳассосияти аз гур берун кардани ҷасад дар ҷомеаи Тоҷикистон
Масъалаи аз гур берун кардани ҷасад дар Тоҷикистон ҳассос аст ва аксаран пайвандону волидайн ба он мухолифат мекунанд. Аксаран, дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки берун кардани ҷасад дубора аз гур боиси озурдагии рӯҳ мешавад. Масъулони додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, пизишкони беморхона бидуни огоҳии мақомоти масъул ҷасадро ба соҳибонашон супурдаанд, ки ин хилофи қонунҳои амалкунанда ҳаст.
Маъмулан, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳатто дар ҳолатҳои марги табиӣ, мақомоти масъул, аз ҷумла Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонӣ дар ҷараён гузошта мешаванд. Ин ба он хотир аст, ки пас аз ба хок супурдан, сабаби марг боиси шубҳа нашавад.
Бахтовар Раҷабзода, як маъсули Додситонии ноҳия рӯзи 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, пизишкон бидуни хабардор кардани онҳо ҷасадро ба наздиконашон додаанд. Ӯ гуфт, ҳоло хунукназарӣ ва хабар надодани пизишкон тафтиш мешавад.
"Ҳоло наздконашон он гаперо мегӯянд, ки пизишкон гуфта буданд. Онҳо ҳоло гуфтанд, ки дар хона духтар хунрав шуда буд ва духтурон омада кӯмак карданд. Онҳо ҳоло аз тамоми даъво гузашта, мегӯянд, қабр канда нашавад, вале прокуратура на ба маслиҳати дигар кас, балки дар доираи қонун амал мекунад. Он чӣ дар салоҳияти мо дохил мешавад, ҳамонро мекунем. Мо ҳоло мӯҳлати тафтишро дароз кардем ва то қабули қарор мӯҳлат дорем",-гуфт ӯ.
Аз Рӯдакӣ омад ва дар Ҳамадонӣ даргузашт
Қаблан, пайвандони Мавлуда Ғоибова гуфта буданд, ки ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард ва як ҳафта пеш аз таваллуд ба зодгоҳаш баргашт, вале бо иштибоҳи пизишкон ӯ даргузашт. Пизишкони таваллудхона иддаои хонаводаи Мавлударо рад карда, гуфта буданд, ки барои наҷоти ин модар ҳар кореро, ки аз дасташон омад, карданд.
Мавлуда Ғоибова дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардааст. Нигина Ғоибова мегӯяд, хоҳараш ду кӯдакашро дар таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд карда буд ва барои кӯдаки сеюмаш ҳам ба инҷо омад.
Пизишкони ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, Мавлуда ҳамчун зани ҳомила дар таваллудхонаи зери назарашон сабт нашуда буд, вале бо вуҷуди ин тамоми талошашонро барои наҷоти ҷони ӯву кудакаш анҷом доданд. Дар Тоҷикистон бар асоси муқаррарот бояд занони ҳомила дар маҳалли иқоматашон сабти ном шаванд ва ҳадди ақал моҳе ду дафъа дар назди табиб ва ё парастор муоина шаванд.
Мақомот мегӯянд, ки баъзе аз бонувон бахусус аз манотиқи дурдаст ин муқарраротро ба инобат намегиранд. Занон мегӯянд, ба сабаби дур будани бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳар вақт талаб кардани пул аз тарафи кормандони тиббӣ, намехоҳанд, худу кӯдаки батнашонро муоина кунанд.
"Табибон ҳам бегуноҳ нестанд"
Айни замон мақомот иштибоҳ дар кори табибонро ҳам эътироф мекунанд. Аввали ҳамин сол мақомоти Суғд гуфтанд, ки 15 пизишки тоҷик барои риоя накардани қоидаҳои “буриши қайсарӣ” ё таваллуд аз роҳи ҷарроҳӣ, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд рӯзи 5-уми январи имсол дар ҷаласаи ҷамъбасти як соли фаъолияти ниҳодаш гуфт, "алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуд".
Як фарди огоҳ аз ин қазия дар аввали соли 2018 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додситони Суғд дар як ҷаласа аз он нигаронӣ кардааст, ки ташхису табобати занони ҳомила ба таври зарурӣ сурат намегирад.
"Бештари вақт дар давраи ҳомилагии модарон дар муассисаҳои тиббӣ... камхунӣ ва бемориҳои дигари онҳо муайян намешавад. Дар таваллудхонаҳо муоинаи пурраи онҳо сурат намегирад. Баъзан бе асос буриши қайсарӣ мегузаронанд ва, баръакс, дар ҳолати зарурӣ ин амалиёт гузаронда намешавад",-гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Тоҷикистон аз назари маргу мири модару кӯдак дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст ва солҳост талош дорад, то ҷони теъдоди ҳарчӣ бештари модарону кудаконро наҷот бидиҳад. Бино бар омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Тоҷикистон аз ҳар 100 000 модар дар сол 65 нафар ва аз ҳар 100 000 кӯдаки то 5-сола 43 тифл ба иллатҳои мухталиф мефавтанд.