Муҳандиси украинӣ: "То тирамоҳ чархаи "Роғун" ба кор медарояд"

Оғози ҳафтаи равон ширкати укроинии "Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" аз насби нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон хабар доданд. Насби ин чарха бо заҳмати 50 нафар мутахассисони ин ширкат имконпазир шуд. Роҳбарии онҳоро Александр Кийченко, сармуҳандис ва мудири лоиҳа (проект менеджер) бар ӯҳда дошт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми август бо ӯ суҳбат дошт, ки айни замон дар рухсатии маҳнатӣ дар Украина қарор дорад.

Радиои Озодӣ: Тарҳи Роғун яке аз сохтмони тӯлкашидаи Тоҷикистон аст. Тоҷикистониён солҳост интизори барқ аз "Роғун"-анд. Кай чархаи ин нерӯгоҳ нахустин чароғро равшан мекунад?

"Ҳоло мо дар Роғун агрегатеро бо чарха ва генератори муваққатӣ насб карда истодаем. Баъдан бо мурури вақт ва сохта шудани садди обанбори нерӯгоҳ, чархаи агрегат бо генератораш иваз карда мешавад."

Александр Кийченко: Намедонам то омадани мо ин сохтмон чӣ қадар тӯл кашид. Аммо мо корро аз моҳи апрели соли 2015 ҷиҳати насби чархаи 6-ум ва 5-уми нерӯгоҳи барқи обии Роғун шурӯъ кардем. То ин муддат дар ин нерӯгоҳ корҳои омодагӣ ҷараён дошт. Ҳоло корҳои омода сохтани чархаи шашум ва ба кор андохтани он идома дорад. Тибқи нақша 16-уми ноябр қарор аст ин чарха ба кор дароварда шавад. Корҳои омодагӣ барои насби чархаи 5-ум ҳам идома доранд. Ҳарчанд кори мо дар Тоҷикистон аз иваз кардани затвори куррашакли нерӯгоҳи Норак оғоз шуд ва солҳои 2013- 2014 бо ин кор машғул будем. Баъдан ба таҷдиди чархаи нуҳуми нерӯгоҳи Норак

Муҳандисони украинӣ.

оғоз кардем, ки он имсол анҷом ёфт ва моҳи май ба кор андохта шуд.

Радиои Озодӣ: То ин сана ширктаи шумо метавонад чархаро ба кор дарорад? Яъне санаи 16-уми ноябр Тоҷикистон метавонад аз ин чарха аллакай нерӯи барқ бигирад?

Александр Кийченко: Албатта. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо чунин вазифа гузоштааст ва ин иҷро мешавад. Ширкати мо дар муҳлати муайяншуда мерасад, ҳама корҳо аз рӯи нақша ҷараён доранд. Гап дар сари он аст, ки дар он ҷо ширкатҳои бисёре кор мекунанд, ки вазифаашон гуногун аст. Вазифаи ширкати мо насбу ба кор андохтани чарха аст ва мо корамонро то мӯҳлати муайяншуда анҷом медиҳем.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, президент дар назди шумо чунин вазифа гузошт. Ӯ шахсан бо шумо ҳам дидор дошт?

Александр Кийченко: Бале, соли гузашта тақрибан дар ҳамин шабу рӯз президент Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли сохтмон омад. Бо мо дар ҳамон ҷо вохӯрд, гуфтугӯ дошт, бо ҳам аксҳо ҳам гирифтем. Президент ба ҳама чиз таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Аз мо дар бораи шароити зисту зиндагӣ пурсон шуд. Пурсид, ки таъминоти сохтмон бо масолеҳу таҷҳизоти зарурӣ чӣ гуна аст. Ба масъалаҳои мисли ин таваҷуҳ карад.

Радиои Озодӣ: Шумо чӣ посух гуфтед? Шароити кору зиндагӣ чи гуна дар сохтмони нерӯгоҳ?

Александр Кийченко: Шояд шумо ҳам дар маҳалли сохтмон будед ва медонед, ки шароити кор оддӣ нест. Аз он ҷиҳат, ки бисёр вақт дар фазои пӯшида мо кор мекунем. Барои суръат бахшидан ба иҷрои корҳо ва сохтмон дар як вақт корҳое анҷом дода мешаванд, ки ба кор мо чандон мувофиқ нест. Ҳам корҳои кӯҳтарконӣ анҷом дода мешаванд, ҳам кафшеркунӣ. Аммо таҷҳизоте, ки мо насб мекунем тозагиро талаб мекунад. Биное, ки агрегат насб мешавад, бояд тоза бошад, ғализии ҳаво баланд набошад ва мизони рутубат мувофиқ ба меъёр бошад. Бинобар ин, шароити кор оддӣ нест, вале чун дар назди мо чунин вазифа гузошта шудааст, ҳама онро иҷро мекунанд. Аз замоне, ки насбу васли чарха шурӯъ шуд, реҷаи кории шабонарӯзӣ дар се баст ташкил шудааст.

Радиои Озодӣ: Оё ширкати "Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" қаблан ҳам таҷрибаи насби чунин чархаҳои азимро дар нерӯгоҳҳо дошт ва ё ин таҷрибаи нахустин аст? Чун гуфта мешавад танҳо ротори ин чарха 850 тонна вазн дорад?

Александр Кийченко: Мо қаблан ҳам чунин чархаҳоро ба кор даровардаем. Дар Украина дар нерӯгоҳи Ташлик ва нерӯгоҳи Днестровск мо чунин чархаҳоро насб кардаем. Ҳама чиз аз вазни чарха вобаста нест, муҳим он аст, ки баъдан он чи қадар барқ истеҳсол мекунад. Ҳоло мо дар "Роғун" агрегатеро бо чарха ва генератори муваққатӣ насб карда истодаем. Баъдан бо мурури вақт ва сохта шудани садди обанбори нерӯгоҳ, чархаи агрегат бо генератораш иваз карда мешавад. Чун бо боло рафтани фишор зарурати насби чарха ва генератори пурқудратар ба вуҷуд меояд.

Радиои Озодӣ: Чархае, ки ҳоло дар Роғун насб мешавад, ҳамонест, ки солҳои шӯравӣ оварда шудааст ва ё ин нав аст?

Александр Кийченко: Ин генераторҳо пеш ворда шудаанд. Аммо зарурати насби баъзе қисматҳо вуҷуд дошт, бархе аз қисматҳо иваз карда шуданд. Яъне намешавад гуфт, ки ҳама қисматҳои он пеш оварда шуда буданд. Баъзе қисмҳояш буданд, баъзеи дигарашон нав оварда шуданд.