Рӯзи 11-уми июл президенти Тоҷикистон Илёс Идрисзодаро ба вазифаи раиси Хадамоти иҷрои назди ҳукумат таъйин кард. Қаблан Идрисзода дар вазифаи муовини мудири Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон кор мекард. Таъиноти ӯ ба сохтори нав суолҳоеро дар заминаи вазифаву рисолатҳои хадамоти нави танзимкунандаи кори суд-иҷрочиҳо эҷод мекунад.
Фаъолияти иҷрочиёни судӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир пайваста мавриди интиқоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқдонҳо ва мақомот қарор мегирад.
Сохтори нави ҳукуматӣ баҳори соли ҷорӣ бо як ташаббуси президент таъсис шуд, вале раҳбари он тоза таъйин шуд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон дар шарҳи мавзӯи салоҳияти ин хадамоти тозатаъсис ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Хадамоти иҷрои ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи бахши махсуси иҷрочиёни судии Вазорати адлия таъсис шудааст ва фаъолияти иҷрочиёнро назорат, таҳлил ва ҷамъбаст карда, мониторинги онро роҳандозӣ месозад.
Шарифзода гуфт, ин сохтори нави ҳукуматӣ ҳамчунин шикоятҳоро аз рӯи қарорҳо ва амалу беамалии иҷрочиёни суд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад. Дар иттилои маркази матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки "Хадамот феҳристи қарздоронро бо ҳомили электронӣ ва катбӣ таҳия карда, нисбати кормандоне, ки дар фаъолияти худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои интизомӣ меандешад".
Низоми кори суд-иҷрочиён дар Тоҷикистон то кунун дар чаҳорчӯби сохтори вазорати адлия таъмин шуда, ба шакли Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд амал мекард. Дар навбати худ ин сохтор аз бахшҳои ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои умумӣ, судҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ иборат буд. Ин раёсат, ба иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар асоси Низомномаи вазир аз соли 2008 фаъолият мекард.
"Сохторҳои зери назари ҳукумат фаъолият босамар доранд"
Зоҳиран, бо таъсиси хадамоти вижа фаъолияти суд-иҷрочиён мақоми вижа касб карда ба тобеияти бевоситаи ҳукумат мегузарад. Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон 11-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки далели ба тобеияти ҳукумат гузаштани Хадамоти иҷро "ба хотири таъмини мустақилияти иҷрочиёни судӣ" мебошад.
Қаҳҳоров изҳори умедворӣ кард, ки сохтори зери назари ҳукумат ва раиси он президенти Тоҷикистон фаъолияти босамар хоҳад дошт. Вай гуфт: "Чандин сохторҳои давлатие, ки ба тобеияти ҳукумат гузаштанд, дар ниҳоят фаъолияти хуб пайдо карданд. Мутмаинам, иҷрочиёни судӣ баъд аз ба тобеияти ҳукумат гузаштанашон, фаъолиятие назаррасеро касб мекунанд."
Ҳакимов: "... тобеияташ ба ҳукумат умедворкунанда аст"
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 11-уми июл дар шарҳи ин мавзӯъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар солҳои нахустини касби истиқлолият иҷрочиёни судӣ дар назди додгоҳҳо фаъолият мекарданд. Сипас, дар пайи ислоҳоти судӣ суд-иҷрочиён дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон гирдиҳам оварда шуданд. Аммо, дар пайи интиқодҳои байналмиллалӣ мақомоти сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мустақилияти иҷрочиёни судиро афзоиш дода, онро аз тобеияти як вазоратхона берун созад.
Ҷаноби Ҳакимов афзуд, сатҳи Хадамоти иҷро дар муқоиса бо солҳои қаблӣ хеле боло бурда шуд ва ҳарчанд аз сатҳи вазоратхона пойинтар аст, аммо тобеияти ҳукуматро дорад. Вай афзуд, ҳоло душвор аст гуфт, ки оё суд-иҷрочиён минбаъд метавонанд салоҳияти худро ба пуррагӣ иҷро кунанд ё хайр. "Вале тобеияташон ба ҳукумат умедворкунанда аст. Ба ҳар сурат, эҳтимол дорад иҷрочиёни судӣ минбаъд бо истифода аз ин мақоми худ ва бо қарорҳои судӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодии сокинон ё тақсими амвол бештар иқдом бикунанд",-афзуд Шокирҷон Ҳакимов.
Бобоназарова: "Чандон бовар надорам"
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари созмони ҷамъиятии "Перспектива+" ба чунин андеша роҳӣ нест. Вай мегӯяд, ба фаъолияти пурсамари сохтори нав чандон бовар надорад.
"Дар гузашта мо хеле талош кардем то умури зиндонҳои Тоҷикистон аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон берун оварда шавад. Ин сохтор мустақил шуд, вале ҳамон камбудиҳое, ки буданд, боз ҳам вуҷуд доранд. Ба ин далел, фикр намекунам, ки тағйири тобеияти иҷрочиёни судӣ таъсири мусбате дошта бошад. Ҳама чиз аз инсон вобаста аст. Дар асл, мушкил дар низом аст, на дар тобеияти сохтор",-афзуд хонум Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова бар ин назар аст, ки мушкили дигар дар фаъолияти иҷрочиёни судӣ дар мудохилаи шахсони мансабдор дар кори онҳо мебошад. Вай гуфт, ҳолатҳои зиёде мешаванд, ки иҷрочиёни судӣ аз шахси нодор метавонанд маблағи алиментро талаб кунанд, аммо ҳамзамон аз шахсони доро, ки хешовандонашон дар мақомот ҳастанд, барои тарбияи набераашон, наметавонанд алимент ё манзилро тақозо кунанд.
"Ҳеҷ натиҷа намедиҳад?"
Фаъолони дигари ҷамъиятӣ ҳам мегӯянд, аз тағйир ёфтани шакли сохтор ба сифатан беҳтар шудани кори он чандон эътимод надоранд. Вазифаи ҳар сохтори давлатӣ – хизмат ба мардум ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон аст, вале ба андешаи яке аз фаъолон - Маҳмадмурод Одинаев, мушовири Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, намунаи кори бархе чунин сохторҳо нишон дод, ки кори бархе сохторҳо ба ҳамаи ин талабот ҷавобгӯ нест. Ба унвони мисол Маҳмурод Одинаев аз таъсиси сохтори ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ёдовар шуд:
"Вақте вазифаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъсис шуд, мақомот мегуфтанд, ки акнун куллияи мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандони ҳалли худро пайдо мекунад. Аммо дар тӯли солҳои фаъолияташ бисёр муроҷиатҳои шаҳрвандон бепосух монданд. Ба ин далел, ба тобеияти ҳукумат гузаштани иҷрочиёни судӣ барои беҳбуди вазъи сокинон ҳеҷ натиҷае намедиҳад”.
Зимнан, фаъолияти иҷрочиёни судӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир пайваста мавриди интиқоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқдонҳо ва мақомот қарор мегирад. Ба эътиқоди соҳибназарон номукаммаллии қонунгузорӣ, дахолати афроди сарватманд ва мақомот дар кори иҷрочиёни судӣ ва вазъи бади иқтисодии бештаре аз сокинони Тоҷикистон аз омилҳои асосии иҷро нашудани бархе аз қарорҳои додгоҳӣ дар кишвар будааст.
Хадамоти иҷрои Ҳукумати Тоҷикистон бо фармони раиси ҷумҳури кишвар 5-уми апрел таъсис дода шуд. Тибқи ин фармон ба ин сохтори тозатаъсис куллияи воҳидҳои кории бахши собиқи иҷрочиёни судии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ҳаҷми 277 ҷойи корӣ дод шуд. Аз ин шумор 24 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе ва миқдори боқимонда дар вилоятҳо ва навоҳии Тоҷикистон тақсим шудааст.