Бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст падари тоҷик як сол боз талош дорад, шаъну шарафи духтари худ ва обрӯи хонаводаашро барқарор кунад. Ба иддаои ӯ, соле пеш духтари 20-солаи ӯро пас аз як рӯзи арӯсӣ бо иттиҳоми бокира набудан аз хонаи шавҳар берун карданд.
Асомиддин Ҷалолов, рӯзи 11-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як сол ӯ кору зиндагии худро як сӯ гузошт ва дари 16 ниҳодро куфт. Ӯ мегӯяд, ба покдомании духтараш бовар дорад ва аз он шикоят мекунад, ки бо вуҷуди далелҳои собит барои бокира будан ва лату кӯб шудани духтараш дар шаби аввали арӯсӣ, ҳанӯз ин қазия пурра таҳқиқ ва парванда нашудааст.
"Ҳамсояҳо медонанд, ки духтар гуноҳ надорад, вале ман худам каме ноҳинҷорам. Сари ман то як соли пеш сафед набуд."
"То ҳанӯз ягон ҷавоб нест. Ҳамин кор рӯзи 29-уми август шуд, мо духтарро аз ташхис гузаронидем, маълум шуд, бокира аст, рафтем ташхиси тиббӣ ҳам кардем, пардаи гӯшашро зада кафондааст, сараш осеб дида буд. Рафтем ба додситонӣ ва милисаи ноҳия муроҷиат кардем. Ягон чораҷӯӣ нашуд, ба минтақа муроҷиат кардам ва баъдан ба додгоҳ. Ба Додситонии кулл, дастгоҳ ҳам муроҷиат кардам. Ҳоло аз ягон ниҳод ҷавоби дуруст нагирифтаем",- мегӯяд, ӯ.
Як рӯзе, ки зиндагии падарро тағйир дод
Зиндагии падар баъд аз ҳодисаи 28-уми августи соли 2017, рӯзе, ки духтарашро ба хонаи шавҳар гусел кард, тағйир ёфт. Падар баъди ин ҳодиса аз деҳа ба пойтахт омад, то бо мардум рӯ ба рӯ нашавад.
Мегӯяд, агарчӣ ташхиси тиббӣ бегуноҳии духтарашро исбот кард, аммо ҳанӯз ҳам кӯшиш мекунад, аз нигоҳҳои истеҳзоомези мардум худро канор гирад. Ягона ҳадафи ин падар ҳоло ҳимоя аз шаъну шарафи духтараш аст, ки ба гуфтаи ӯ бо як туҳмат "ҳаёташро сӯзондаанд".
"Ҳамсояҳо медонанд, ки духтар гуноҳ надорад, вале ман худам каме ноҳинҷорам. Сари ман то як соли пеш сафед набуд. Ҳоло аҳволамро бинед, аз фикри ҳамин духтар. Аввал мехоҳам ҳақиқат ошкор шавад, бегуноҳии духтари ман собит аст, шаъну шарафи духтарро барқарор кунанд. Ҳаёти духтари маро сӯзонданд",- мегӯяд, ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Асомиддин Ҷалолов мегӯяд, баъди огоҳ шудан аз натиҷаи ташхис дар аввал ҷониби домод аз кори худ пушаймон шуд, аммо ӯ дигар нахост духтараш бо нафаре, ки барояш туҳмати ноҷо кард, зиндагӣ кунад.
Мастонаи Асо, духтари Асомиддин Ҷалолов, бо Султон Хоҷаев тобистони соли гузашта издивоҷ кард ва аз ноҳияи Балҷувони Хатлон ба Ховалинг рафт.
"Духтароне, ки чашмони калон доранд, ошиқанд"
Мастона мегӯяд, шаби дуввумӣ арӯсӣ, шавҳараш ӯро шадидан лату куб кард ва гуфт ӯ "духтар" ё бокира нест. Бо ин иктифо накарда, ба гуфтаи Мастона шавҳараш ба ӯ таҳдид кард, то худро "нодухтар" иқрор кунад. Мастона мегӯяд, аз тарс ин корро кард ва шавҳар ҳам гуфтаҳои ӯро чун далел дар телефонаш сабт намуд.
"Аз соати 12 то 2-и шаб маро зад. Мегуфт, ки духтари катта ин хел нест. Бакорати духтари катта зуд вайрон намешавад. Гуфт, духтароне, ки чашмҳои калон доранд, онҳо ошиқе доранд",- гуфт, Мастона.
Аммо наздикони шавҳари собиқи Мастона ин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, арӯсе, ки онҳо бо умед ба хона оварданд, дар воқеъ бокира набуд ва тавре худаш иқрор кардааст, қаблан бо каси дигар робита дошт.
Аз соати 12 то 2 - и шаб маро зад. Мегуфт, ки духтари катта ин хел нест. Бакорати духтари катта зуд вайрон намешавад. Гуфт, духтароне, ки чашмҳои калон доранд онҳо ошиқе доранд.
Хайриниссо Эмомова модари Султон Хоҷаев, шавҳари Мастона рӯзи 11-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъвоҳо дар робита ба латукӯб шудани арӯси хонавода аз ҷониби писари ӯ ҳам беасос аст.
Ба гуфтаи ин модар, онҳо Мастонаро бидуни ягон осеб рӯзи дуввуми арӯсӣ ба хонаи падар баргардониданд. Хайриниссо Эмомова ҳамчунин таъкид мекунад, ки духтар худаш бокира набудани худро назди онҳо иқрор кард.
"Саҳар аз хоб хеста, келин ҳавлӣ мерӯфт, ки аммаи писарам гуфт, оё ин гап рост аст? Гуфт, бале, маро фалонӣ расида буд. Писари аммаашро ном гирифт. Боз як каси дигарро ном гирифт. Вале касе ба ӯ даст набардошт. Охир наход одам пулу чиз дода, бо ҳавас келин орад ва як рӯз баъд ӯро пеш мекунад? Мо худамон ҳам духтар дорем",- гуфт, Хайриниссо Эмомова.
Иддаоҳои ҷониби шавҳар: Бокира набуд
Ҷониби шавҳари Мастона ба натиҷаи ташхиси бокирагӣ бовар надоранд ва ба ин назаранд, ки эҳтимол волидони духтар аз қабл ба духтарашон чандон бовар надоштанд, чун либосу ҷиҳози ӯро мисли арӯсони дигар рӯзи тӯй ба хонаи шавҳар набурданд.
Агарчӣ онҳо барои ин ҳама ба падари арӯс 18 000 сомонӣ дода буданд. Аммо ба гуфтаи падари Мастона Асомиддин Ҷалолов, либосу ҷиҳози духтар дар пойтахт буд ва бояд баъд аз тӯй ҳамаро ба хонаи ӯ мебурданд.
Бо вуҷуди як соли таку давҳои ба гуфтаи ин падар бенатиҷа, ин падар аз роҳ баргаштанӣ нест ва мегӯяд, омодааст барои исботи покдомании духтараш ва муҷозот шудани нафаре, ки ӯро латукӯб кард, чанд соли дигар мубориза барад.
Як не чандин духтарон чунин туҳмат мешаванд. Дар доираи қонун бояд кор кунанд агар як одама ба ҷавобгарӣ кашанд, барои дигарҳо дарс мешавад
Бемуҷозот мондани афроде, ки духтаронро бо чунин иттиҳом бадбахт мекунанд, ба гуфтаи ӯ боис мешавад, "нодухтар" эълон шудани арӯсон идома ёбад.
"Як не, чандин духтарон чунин тӯҳмат мешаванд. Дар доираи қонун бояд кор кунанд агар як одама ба ҷавобгарӣ кашанд, барои дигарҳо дарс мешавад",- гуфт, падари Мастона.
Баҳси бокирагии духтарон ва ба ин далел хонавайрон шудани ҷуфтҳои ҷавон дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир нест, аммо талоши як падар барои исботи бокирагии духтар камсобиқа аст.
Баҳси қадимии духтару нодухтар дар Тоҷикистон
Маъмулан бозгашти духтар барои гӯё "нодухтар" будан ба хона, ба вижа барои падарони хонавода хеле сахт аст. На ҳамеша дар чунин ҳолатҳо падарон метавонанд духтаронро дарку бовар кунанд ва дар бархе маврид ҳам духтарон то охир зери маломати хонаводаву атрофиён қарор мегирад.
Муттахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ мегӯянд, дар бисёр ҳолат натиҷаи муоинаи онҳо ҳам оташи баҳси ду тарафро хомӯш намекунад. Ба таъкиди онҳо, агар духтарон қабл аз издивоҷ аз ташхис бокирагӣ гузаранд, пеши роҳи чунин ҷанҷолҳо ҳам гирифта мешавад.
Муродбек Ашурбоев, мутахассиси тиббӣ судӣ дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ судӣ рӯзи 11-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, моҳҳои ахир маҳз барои ҷилавгирӣ аз сар задани баҳси бакорат ва беобрӯ шудан духтарон қабл аз издивоҷ ба ташхис меоянд ва бо санади бакорат ба хонаи домод мераванд.
Пеш аз тӯй тахминан дар ин муддат 100 нафар барои ташхис омадаанд
"Давоми 6 моҳи соли 2018 пас аз тӯй аз тарафи шаҳрвандон барои муайян намудани бокирагӣ, ки боиси нобоварӣ гаштааст, 22 нафар муроҷиат, ки нисбат ба афроди пеш аз тӯй муроҷиат карда, хеле кам аст. Пеш аз тӯй тахминан дар ин муддат 100 нафар барои ташхис омадаанд. Онҳо ҳамин нобоварӣ ба духтаронро дида ҳоло аксарият қабл аз издиҷовҷ худро ташхис мекунанд",- гуфт, табиби тоҷик.
Беэътимодиҳои хатарнок ва иддаоҳои кушандаи писарон
Аммо дар мавриди баҳсҳои бокирагӣ баъд аз издивоҷ ин мутахассис аз як тамоюли нав нигаронӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки шавҳарон баъди шак кардан дар бокирагии наварӯсон онҳоро латукӯб карда, гӯё иқроршавии онҳоро дар телефонҳои худ сабт мекунанд.
Ба гуфтаи Мурод Ашӯрбоев ин сабт наметавонад дар чунин баҳсҳо далели собит бошад: "Ҳолатҳое ҳаст, ки духтарон гӯё иқрор мешаванд, ки ман бокира нестам, намедонам шояд зери таҳдид ё аз ноогоҳӣ, аммо аз мушоҳидаи корӣ мо вақте ташхис мекунем ин иқрори арӯсон дуруст намебарояд ва маълум мешавад, онҳо бакорати худро дар шабу рӯзи тӯй аз даст додаанд."
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон масъалаи бакорати духтар хеле муҳим аст. Мардум доштани муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд.
Дар ғайри сурат, баробар бо хонавайрониву айбмониҳо, духтар бадном мешавад ва "шанс"-и барпо кардани оилаи нав бо номи нек аз даст меравад ва ин ҳам дар бархе ҳолат, мисли баҳси покдомании Раҷабии Хуршед, арӯси 18 сола аз Восеъ, бо фоҷеаи талх меанҷомад.