Ҷавонмардии муҳоҷири тоҷик соҳибкори русро "шок" кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як муҳоҷири 33-солаи тоҷик бо баргардонидани беш аз сад ҳазор рубл ва санадҳои муҳим ба як соҳибкори рус, ӯро ҳайратзада кард. Аҳмадҷон Расулов аз шаҳри Роғун, рӯзи 11-уми июл дар назди шаҳрдории Якутск ҳамёни бузургеро ёфт ва дар муддати ду соат соҳиби онро ёфт ва баргардонд.