Дар Суғд роҳкирои нақлиёти умумӣ боло рафт

Роҳкирои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд аз 10 июл аз 20 то 30 дарсад боло хоҳад рафт.

Ислом Авлиёев - раиси Идораи нақлиёти вилояти Суғд рӯзи душанбеи 9-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз рӯи нархномаи нав, раҳкирои нақлиёти мусофиркашони дохилишаҳрӣ ва маркази ноҳияҳо 30 дар сад боло бурда шуд. Масалан, дар Хуҷанд раҳкирои микроавтобус 1 сомонӣ буд, аз фардо 1 сомониву 30 дирам мешавад."

Бархе болоравии қимати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро як амри табиӣ медонанд, аммо бархе мухолифи онанд ва мегӯяд, ки ин зарба ба будҷаи хонаводаҳост.

Ҳамин тавр, аз рӯзи сешанбеи 10-уми июл нархи ҳаракат дар нақлиёти мусофирбари наздишаҳрӣ низ ҳудуди 20 дар сад баланд хоҳад шуд. Раҳқирои нақлиёти хатсайрҳои байнишаҳрӣ аз рӯи нархномаи нав 20 дар сад боло хоҳад рафт.

Раҳбари идораи нақлиёти вилояти Суғд гуфт, баланд кардани раҳкирои нақлиёти мусофикашони ҷамъиятӣ дар ҷаласае бо иштироки масъулони ҳукумат ва ширкатҳои нақлиёти мусофиркашон машварат шудааст.

Ислом Авлиёев гуфт, бори охир роҳкиро дар Тоҷикистон соли 2011 баланд шуда буд ва дар 7 соли гузашта боло рафтани арзиши санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт, иҷозаномаи фаъолият, варақаи назоратӣ, роҳхат, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, қурби асъори хориҷӣ ва ба хусус – қимат шудани сӯзишворӣ, газу бензин ва дизелӣ боло бурдани нархи ҳаракат дар нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятиро сабаб шудааст.

"Масалан, соли 2011 нархи 1 литр гази моеъ ҳудуди 2 сомонӣ буд, ҳоло то зери 5 сомонӣ аст. 1 литр сӯзишвории дизелӣ ҳудуди 4 сомонӣ арзиш дошт, ҳозир 7. 70 - 8 сомонӣ гардид. Ин сабабҳо водор кард нархномаи нави нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ таъин карда шавад. Аслан, нархи нави нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрӣ барои шаҳри Хуҷанд 1 сомониву 53 дирам ҳисоб карда шуд, вале ба хотири дастгирии сокинон онро то 1 сомониву 30 дирам поин бурдем",- афзуд ӯ.

Болоравии раҳқирои нақлиёти мусофирбар рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро байни корбарон барангехтааст. Бархе болоравии қимати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро як амри табиӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, нархи сӯзишворӣ, низ ҳамвора боло меравад ва ронандагон низ ба ҷуз зиёд кардани роҳкиро, чорае надоранд.

Аммо бархе дигар мухолифи ин тасмим ҳастанд ва мегӯянд, ки гарон шудани раҳкиро ба будҷаи бе ин ҳам ноқиси табақаи камбизоати ҷомеа, бекорон ва донишҷӯён таъсир хоҳанд расонд.