Афсари милиса ба хотири зӯран бараҳна кардани зан боздошт шуд

Як афсари милисаи Узбекистон, ки зани муттаҳам ба дуздиро зӯран бараҳна карда ва ин саҳнаро ба навор гирифта буд, ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора рӯзи 6-уми июл қарори Додгоҳи олии Узбекистон содир шудааст.

Бинои Додгоҳи олии Узбекистон

Бино ба ин қарор, Санъат Умаров, корманди шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд бар асоси ду кодекси ҷиноии Узбекистон, аз ҷумла ба даст овардани маълумот аз роҳи шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ айбдор мешавад.

Аз он пештар Вазорати корҳои дохилии Узбекистон дар баёнияи расмӣ гуфта буд, ки Санъат Умаровро барои "рафтори манфӣ" аз сафи кормандонаш рондааст.

Шавҳараш аз дарди ҷигар фавтидааст. Ҷоеро, ки ӯ зиндагӣ мекунад, хона ҳам гуфтан намешавад. Ҳатто саг дар онҷо зиндагӣ намекунад. Ҳавлиаш на дар дорад ва на девор.

Бино ба наворе, ки рӯзи 4-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд, муфаттишон дар Узбекистон ду зани муттаҳам ба дуздиро бо таҳқиру тавҳини зиёд ба бараҳнашавӣ амр додаанд. Дар навор танҳо як зан намудор аст ва зану афсари дувум дар ин ҳодиса маълум нест.

Илёс Абдуқаҳҳоров, сардори шуъбаи корҳои дохилии Каттақӯрғон, низ гуфт, "ҳоло таҳқиқ ҷараён дорад. Дар охир дар бораи афсари дувум ба шумо маълумот медиҳем. Аз ин бештар чизе гуфта наметавонам."

  • Дар навори видеоӣ дида мешавад, муфаттише як зани тақрибан 35-соларо дар кунҷи утоқ монда ва маҷбур мекунад, ки либосҳояшро бикашад. Ин зан ба тадриҷ либосҳояшро бадар карда ва илтиҷо мекунад, ки баъзе либосҳояш бимонад. Аммо дар навор садои марде шунида мешавад, ки мегӯяд, “бикаш, то охир бикаш”.

Як манбаъ дар Идораи милисаи шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта як ҳайат ба ҷойи кори онҳо омада, Санъат Умаровро бозпурсӣ кардааст. "Онҳо бегоҳ расиданд ва тамоми шаб ӯро бозпурсӣ карданд", - афзуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, раиси маҳаллае, ки зани ҷабрдида дар онҷо зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро низ соати чори саҳари 5-уми июл ба идори милиса бурдаанд. Бархе аз ҳамдеҳаҳои зан гуфтанд, ӯ дар ҳолати фақри комил зиндагӣ дорад.

Яке аз онҳо гуфт, "шавҳараш аз дарди ҷигар фавтидааст. Ҷоеро, ки ӯ зиндагӣ мекунад, хона ҳам гуфтан намешавад. Ҳатто саг дар онҷо зиндагӣ намекунад. Ҳавлиаш на дар дорад ва на девор. Имрӯз ба хонааш рафтам. Писару духтараш гуфтанд, ки модарашон ҳанӯз ба хона барнагаштааст."

Ба қавли мусоҳиби мо, ин зан дар гузашта бо иттиҳоми дуздии 50 ҳазор сом ва чанд ҷуфт калӯш ҷарима шуда буд ва эҳтимол ин собиқааш ӯро таҳти шубҳаи афсарони милиса қарор додааст. "Ҳоло ин зан чорво дорад ва аз ин ҳисоб оилаашро мехӯронад", - афзуд ӯ.

Рӯзи 5-уми июл талошҳои мо барои тамос бо худи зан бенатиҷа буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ муфаттишони милисаро барои бадрафторӣ ва таҳқири занон маҳкум кардаанд.