Ёдбуди Мӯъмин Қаноат дар Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳфили ёдбуди Мӯъмин Қаноат рӯзи 5-уми июл дар бинои Иттифоқи нависандагон бо ҳузури аҳли илму адаби кишвар ва ҳаводорону шефтагони ашъори ӯ, баргузор шуд. Ин шоири тавонои тоҷик рӯзи 18-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.