Ҷоми ҷаҳонӣ хоби холаи Муяссараро парронд. ВИДЕО

Нокомии Месси дар ду бозии қаблии Ҷоми ҷаҳон холаи Муяссара Азизова, як сокини 52-солаи деҳи Нилуи шаҳри Ҳисорро сахт нороҳат кард. Холаи Муаяссара, мухлиси Мессӣ аст. Ба ин хотир дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ҳам аз мунтахаби Аргентина ҷонибдорӣ мекард.

Ӯ интизор дошт ин дастаҳо дар бозиҳои аввал пирӯз мешавад. "Месси дар онҷо рӯҳафтода буд, мо инҷо рӯҳафтода шудем. Интизор надоштем. Фикр кардем бояд Аргентина пирӯз шавад",-мегӯяд Муяссара.

Футбол ва Ҷоми ҷаҳонӣ ин шабу рӯз дар Тоҷикистон ҳушу ёди аксариятро ба худ ҷалб кардааст. Зери таъсири бехобиҳои мардону ҷавонон, дар бисёр хонаводаҳо ин шабу рӯз занону модарон ҳам ба мухлиси футбол табдил ёфтаанд.

Бо оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол хоб аз чашми ин зани тоҷик ҳам паридааст. Муаяссара Азизова баробари шавҳару писарон ва набераҳояш то нимашаб футболро интизор мешавад. Дар баробари Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонӣ, ӯ ба дастаҳои Олмон, Русия ва Эрон мухлисӣ мекунад. Бозии ахири Эрон ӯро чандон қонеъ накард. Мегӯяд, дар бозии ахир вақте Португалия ба ҳуҷум гузашт, Эрон фақат аз худ муҳофизат мекард ва ҳуҷум намекард.

Ӯ тамоми вижагиҳои ин бозӣ, футболбозону тимҳоро медонад ва мисли ҳар мухлиси дигар қобилияти хуби таҳлилу барасии бозии дастаҳоро дорад. Талоши пешгӯии бурду бохти тимҳои дӯстдоштаашро ҳам мекунад.

Мегӯяд, гоҳе агар дар таксиҳои Ҳисор ба ҷое равад ва баҳс аз футбол оғоз шавад, ӯ низ ҳамроҳ мешавад. "Мардон ё ҷавонон ҳайрон шуда мегӯянд, ки янга шумо дар бораи футбол ҳама чиро медонед. Бархе мегӯянд, шумо аз мо маълумоти бештар доред. Занон баръакс мегӯянд, э, ту ба чизҳое мухлисӣ мекунӣ, ки хоси занон нест",- мегӯяд Муяссара Азизова.

Аммо ин андешаи занон ва сӯҳбатҳои маъмулии занона ҳоло аслан барои ин зани дӯстдори футбол ҷолиб нест. Фикру андешаи ӯ мисли аксар мухлисони футбол дар ҷаҳон банди бозиҳоест, ки дар майдонҳои варзишии Русия мегузарад. Мавзӯи сӯҳбати аслии ин бибӣ бо наберааш ҳам, ки мухлиси ашадии футбол аст, ин рӯзҳо бозиҳои Ҷомии ҷаҳонӣ аст.

Абдуллоҳ - набераи 15-солаи Муяссара Азизова мегӯяд, модаркалонаш футболро беҳтар аз аксар дӯстони ӯ медонад. Ба гуфтаи Абдуллоҳ, бибии ӯ дар бораи футбол чизҳое медонад, ки дӯстони ҷавони ай ҳам онро намедонанд -- дар бораи зарбаи кунҷӣ, зарбаи ҷаримавӣ, зарбаи 11-метра ва дигар ҳолатҳои футбол.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занон ҳам мухлиси Месси ва Роналду ҳастанд

Абдулло мегӯяд, баҳси бобову бибиаш ҳам, ки маъмулан аз дастаҳои мухталиф ҷонибдорӣ мекунанд, аксаран дар атрофи футбол сурат мегирад. Шавҳари Муяссара, собиқ бозингари тими "Ҳисори Шодмон" ва аз мухлисони ашадии дастаи "Помир" буд. Абдурауф Шарипов, ҳамсари Муяссара мегӯяд, дар хонае, ки байни зану мард завқи якранг ҳаст, барои ғайбату бадгӯӣ ва ҷангу ҷанҷол ҷой нест.

Абдурауф Шарипов.

"Миёни марду зан ҳам таъсири футбол ин аст, ки меҳру муҳаббат зиёд мешавад, як шуғли муштарак аст, зиндагӣ ҷолибтар мешавад. Дар як мавзӯъ баҳс мекунем. Ҳамсарам ҳоло 50 дарсади зиёди бозигарони командаҳои ҷаҳонро мешиносад. Дар баъзе ҳолатҳо пешгӯиҳояш рост мебарояд. Баҳс ҳам мекунем",-мегӯяд Абдурауф Шарифов.

Муяссара мегӯяд, таваҷҷӯҳи беш аз ҳадди шавҳараш ба футбол завқи ӯро ҳам баъд аз арӯсӣ ба ин бозӣ бедор кард. Барои футбол ва бурду бохти дастаҳои дӯстдоштааш ӯ борҳо ашки шодӣ ва ғам рехтааст. Холаи Муяссара аз замоне ёд меорад, ки Зайниддин Зидан, футболбози маъруфи тими Фаронса мухлисӣ мекард. "Ростӣ гап, вақте соли 2006 дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ, Зайниддин Зидан корти сурх гирифт, хеле гиря карда будам. Ҳамчунин зимни як бохти дастаи "Истиқлол" ҳам гиристам",- меафзояд Муяссара.

Футбол ва Ҷоми ҷаҳонӣ ин шабу рӯз дар Тоҷикистон ҳушу ёди аксариятро ба худ ҷалб кардааст. Зери таъсири бехобиҳои мардону ҷавонон, дар бисёр хонаводаҳо ин шабу рӯз занону модарон ҳам ба мухлиси футбол табдил ёфтаанд. Ин занон мегӯянд, вақте шаби дароз дар хона садои голгуйиву қарсакзанӣ ба гӯшашон мерасад, хоҳ нохоҳ онҳо ҳам ба ин саф мепайванданд.

Гулбарг ҳам дар хонаводае ҳаст, ки аксарият аз футбол ҳаводорӣ мекунанд. "Мо оилавӣ, духтарҳову писарҳо футболро тамошо мекунем. Хусурам тамоман мухлисӣ ашаддӣ аст. Гол шудаст гуфта, давида аз ҷояшон мехезад. Ба Русия ва барои Роналдо шуда, ба Португалия ҳам мухлисӣ мекунем. Аз шавқи футбол як писарамро ба футбол додаам. Мехоҳам машқ кунаду футболбозӣ машҳур шавад",- мегӯяд Гулбарг

Ҳамин тавр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаводории занони тоҷик аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ кам нест. Онҳо дар ин саҳфаҳо дар бораи футболу футболбозон мубоҳисаҳо ташкил карда, таҳлилҳо мекунанд.

Мухлиси 52-солаи футбол аз деҳаи Нилуи Ҳисор Муяссара Азизова бар ин бовар аст, ки футбол на танҳо варзиш аст, балки инсонро тарбия мекунад. Таваҷҷӯҳи занон ба ин бозӣ ба гуфтаи ӯ, метавонад атфоли хонаводаро ҳам ба варзиш ҷалб кунад ва қобилияти таҳлилу фаҳмиши ҷуғрофии онҳоро рушд диҳад.

Ин мухлиси ашадии футбол, ки тамоми умр аз пушти экрани телевизион футболро ҳаводорӣ мекунад, ҳамеша мехоҳад дар ягон бозии ҷаҳонӣ ва ё ҳадди аққал футболи байни дастаҳои Тоҷикистон ширкат кунад. Борҳо ҳам аз писаронаш хостааст ӯро бо худ гиранд. "Мегӯям, ки маро ҳам баред. Мебинам дар майдон занон нишастаанд, мегӯям, мана, мешудааст ку, маро ҳам баред. Аммо аз сабаби дур будани роҳ дар бозиҳо ширкат намекунам."