Олмон аз Ҷоми ҷаҳон дасти холӣ баргашт

Сармураббии тими милии Олмон Ёхам Лёв мегӯяд, ки баъди мағлубияти дастааш аз Кореяи ҷанубӣ (2-0) ва маҳрум шудан аз ҳаққи иштирок дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳон - 2018, дар ҳолати шокк қарор дорад. Лёв дар бораи ҳолати рухдода ва дар мақомаш боқӣ мондан ё намондан изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, "барои ман чанд соат лозим аст, ки аз ҳолати шокк берун шавам. Бозигарони даста ҳам дар ҳамин ҳол қарор доранд. Бояд ин ҳолатро пушти сар кунем ва баъд дар бораи яндаи ман сӯҳбат кунем. Ҳоло ман чизе гуфта наметавонам".

"Ман гунаҳкорам, на Ӯзил ва ё каси дигар"

Сармураббии Олмон ба саволи хабарнигорон дар бораи он, ки вохӯрии Месут Ӯзил нимҳимоятгари мунтахаби Олмон бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва эътирози Иттиҳодияи футболи Олмон дар ин маврид ба бозии ӯ таъсир гузошт, гуфтааст, “намехоҳам ин ҷо Ӯзил ва ё дигар бозигаронро гунаҳкор кунам. Тамоми масъулиятро ба зиммаи худ мегирам”.

Бозигарони турктабори мунтахаби Олмон Месут Ӯзил ва Илкай Гюндоган дар аввалҳои моҳи июн дар Лондон бо раиси ҷумҳури Туркия мулоқот карданд ва ба ӯ пироҳани варзишӣ бо соядасти худро тӯҳфа карданд. Гюндоган дар пираҳани варзишӣ навишт, ки "бо эҳтироми бузург ба Президенти арзандаи ман".

Ин амали бозигаронро Иттиҳодияи футболи Олмон ба чолиш кашид. Сиёсатмадорон дар ин кишвари аврупоӣ гуфтанд, ки амали Ӯзил ва Гюндоган нишонаи эҳтиром нагузоштани онҳо ба арзишҳои демократие мебошад, ки Олмон онҳоро қабул кардааст.

Пирӯзии муъҷизаосои Корея бар Олмон

Ғалабаи ҳангомасози мунтахаби Кореяи ҷанубӣ дар марҳилаи сеюми даври гурӯҳӣ тими милии Олмон қаҳрамони феълии ҷаҳонро аз идомаи иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2018 маҳрум сохт. Дар бозии ҳалкунанда барои олмониҳо дастпарварони Ёхам Лёв натавонистанд ғолиб шаванд.

Мунтахаби Кореяи ҷанубӣ, ки то ин давр дар ду дидор шикаст хӯрда буд, ба пешгӯии коршиносон ва ҳаводорони футбол бояд бидуни имтиёз ба кишвари худ бармегашт. Вале кореягиҳо тавонистанд дар ин дидор ба дарвозаашон гол сар надиҳанд ва дар дақиққаҳои охири бозӣ ду гол ба дарвозаи олмониҳо ворид кунанд. Ҳарду голро ҳамлагарони дастаи Кореяи ҷанубӣ дар вақти иловагии аз ҷониби довар таъиншуда заданд. Ҳисобро дар даққиқаи 93-юми бозӣ Ким Эн Гвон кушод.

Ба назари ёварони довар, гол дар ҳолати ғайрибозӣ зада шуд, вале довари марказ баъди тамошои навори такрории ҳолат, ба хулосае омад, ки горро қабул кунад. Баъди задани ин гол бозигарони мунтахаби Олмон пурра ба ҳамла гузаштанд ва дарвозабони овозадори ин даста Мануэл Нойер ҳам барои кӯмаки ҳамдастаҳояш дарвозаашро холӣ гузошта ба нимаи майдони ҳариф рафт. Кореягиҳо баъди ба даст овардани тӯб аз ин ҳолат истифода карда, аз масофаи дур ҷониби дарвозаи Нойер зарба заданд ва Сон Хин Мин, ҳамлагари бошгоҳи “Тотенхем”-и Лондон тӯбро вориди дарвозаи холӣ намуд.

Кӣ ба даври ҳаштякфинал роҳ ёфт?

Бозии дигари гурӯҳи "F" ҳамзамон миёни дастаҳои Мексика ва Шведсия доир гардид. То оғози бозӣ мунтахаби Шведсия се имтиёз дошт ва ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки ба даври плей-офф роҳ наёбад. Бозигарони мунтахаби Шведсия дар ин бозӣ ба дарвозаи Мексика се голи беҷавоб заданд. Баъди анҷоми бозӣ бо шаш имтиёз мунтахаби Шведсия ба садри гурӯҳи "F" баромад.

Роҳхати дигарро барои иштирок дар даври баъдӣ аз ин гурӯҳ дастаи Мексика соҳиб шуд. Мексика ҳам бо касби шаш имтиёз, вале таносуби камтари голҳо мақоми дуюмро дар гурӯҳ ишғол кард. Тимҳои Кореяи ҷанубӣ ва Олмон бо касби сеимтиёзӣ мутаносибан дар мақомҳои сеюм ва чаҳоруми гурӯҳ қарор гирифтанд ва аз ҳаққи идомаи сабқат дар Ҷоми ҷаҳон маҳрум шуданд. Олмон дар Ҷоми ҷаҳон-2014, ки дар Бразилия баргузор шуд, дар даври ниҳоӣ мунтахаби Аргентинаро шикаст дода, қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Дирӯз ҳамчунин бозиҳои ниҳоии даври гурӯҳӣ дар гурӯҳи "Е" баргузор шуд. Бразилия бо Сербия ва Шведсария бо Коста-Рика дидор анҷом доданд. Мунтахаби Бразилия Сербияро ду бар сифр шикаст дод ва ба садри гурӯҳи "Е" баромад. Шведсария ва Коста Рика бошад, байни ҳам ғолибро муайян карда натавонистанд. Баъди ин мусовӣ Шведсария соҳиби панҷ имтиёз шуд ва мақоми дуюмро дар гурӯҳ ишғол кард. Сербия бо се имтиёз ва Коста-Рика бо як имтиёз аз ҳаққи идомаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳон дар марҳилаи плей-офф маҳрум шуданд.

Мухлисон дар интизори бозии шавқовари Англия ва Белгия

Қарор аст шоми имрӯз ду ҷуфти боқимондаи даври якҳаштниҳоии Ҷоми ҷаҳон муайян шаванд. Ду бозӣ дар гурӯҳи "G" ва ду бозии дигар дар гурӯҳи "Н" баргузор мегардад. Дар гурӯҳи "G" Англия бо Белгия ва Панама бо Тунис бозӣ мекунанд. Зимнан мунтахабҳои Белгия ва Англия пеш аз оғози даври сеюм бо касби шашимтиёзӣ имконияти иштирок дар даври якҳаштниҳоиро барои худ таъмин карданд.

Панама ва Тунис бошад, то ҳол ягон имтиёз ба даст наовардаанд. Дар гурӯҳи "Н" бошад, се даста барои ду роҳхат рақобат мекунанд. Ҷопон ва Сенегал чоримтиёзӣ доранд ва Колмубия се имтиёзро дар ду давр соҳиб шудааст. Мунтахаби Полша бошад, ягон имтиёз надорад ва имкони роҳ ёфтан ба даври баъдиро аз даст додааст. Ин шом Ҷопон бо Полша ва Сенегал бо Колумбия дидор анҷом медиҳиҳанд.

То ҳол шаш ҷуфти даври якҳаштниҳоӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2018 маълум шудааст. Дар ин давр Уругвай - Португалия, Испания – Русия, Фаронса – Аргентина, Хорватия – Дания, Бразилия – Мексика, Шведсия – Шведсария бозӣ хоҳанд кард. Ду ҷуфти дигар ин шом маълум мешаванд.