Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, ҷони садҳо ҳазор нафарро ба бод дод ва ба ҷуз хотираҳои талхи хонаводаи қурбониён дигар нишони чашмрасе боқӣ намонд.
- Тонкҳои нимсӯхта аз дашту биёбонҳои водии Вахшу Қаротегин бардошта шуданд. Пулҳои шикаста дубора бар фарози рӯдхонаҳо хобиданд ва қиссаҳои ҷанг афсона шуданд. Афсонае, ки модарон онро ба гӯши бачаҳои худ намехонанд.
Ин созишномаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо карданд.
Одамон дар Тоҷикистон ба ёд овардани замони даргириро зиёд хуш надоранд. Танҳо пахши наворҳои замони ҷанг аз телевизионҳои давлатӣ хотираи он рӯзгорро дар зеҳни мардум зинда мекунад ва ҷавононро, ки он вақт шояд зода нашуда буданд, ба ҳайрат меорад.
Кӯзае бо 21 каф хок
Кӯзае, ки аз чанд каф хоки минтақаҳои Тоҷикистон шакл гирифтааст, намоди ваҳдати миллии тоҷикон ва нишоне аз хоки қурбониёни ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум аст. Ҳоло ин нигораи таърихӣ дар гӯшае аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар қатори осори нодир бо рамзи “Эҳёи ваҳдат” ба намоиш даромадааст.
Масъулони осорхона мегӯянд, ин кӯза бо 21 каф хоки ҷамъовардаи Ҳаракати ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз сӯи ҳунармандони шаҳри Исфара сохта шуда, рамзӣ "Кӯзаи ваҳдат" номгузорӣ шудааст. Баъдан, ба гуфтаи Фирдавси Абдулҳамид, масъули ин гӯшаи осорхона, ин кӯзаро дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба президент Эмомалӣ Раҳмон тақдим карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Санаде, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод
Сулҳи тоҷикон баъди имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 ва баъди 5 соли ҷангу хунрезӣ ба даст омад. Ин созишномаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо карданд. Санаде, ки бо ҳамдигарбахшӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима дод. Баъд аз ин ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад ва чорабиниҳои мухталиф барои нигаҳдории пойдории сулҳ дар саросари кишвар доир мегардад.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос ва раҳбари Бунёди "Шоҳроҳи Ваҳдат-Абрешим" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 1999 дар кишвар корвони иборат аз мардуми зиёӣ таъсис шуд ва ҳадафаш талқини сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар буд. Ӯ мегӯяд, маҳз ҳамон кӯзаи таърихӣ натиҷаи сафари корвони ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар аст. Сафари ин корвон аз Қулма ва Мурғоби Бадахшон оғоз шуда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд идома кард. Дар ҷараёни ин сафарҳо 21 каф хок ҷамъ оварда шуд ва аз он кӯзае сохтанд.
Қалами сарнавиштсоз
Нигораи дигаре, ки дар осорхона ба намоиш гузошта шудааст, қалам аст. Бо он санадҳои муҳим, аз ҷумла созишномаи сулҳ имзо шудааст.
Ҳоло дар баробари ин ду намод дар як гӯшаи Осорхонаи миллӣ чанд ёдгории дигар ҳам ба назар мерасад, ки таърихи ҷанги шаҳрвандӣ, музокироти сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёди давлат дар Тоҷикистонро дар 25 соли пеш бозгӯ мекунад.
Масъулон мегӯянд аксари нигораҳои марбут ба ваҳдати миллии тоҷикон ба Осорхонаи миллӣ аз сӯи афроди алоҳида ва худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудааст.
Дар бораи сабаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даҳҳо китоб нашр шудааст. Аммо аксаран ба ин боваранд, ки дар бораи таҳаввулоти авоили солҳои 90ум - суқути Шӯравӣ, эълони истиқлолият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ то ба ҳол китоби бетарафона навишта нашудааст. Баъзе муаллифон бинобар мансубияташон ба ин ё он тарафи ҷанг, ҳодисаҳоро аз зовияи худ тасвир кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ин ҷанг таҳмилӣ буд ва бо дастури "хориҷӣ" ва бо дасти худи тоҷикон анҷом шуд.
Арҷгузорӣ ба ваҳдат: Сохта ё воқеӣ?
Ҷанги дохилӣ соли 1992, як сол баъд аз пош хӯрдани шӯравии собиқ шурӯъ шуд. Дар як сол нерӯҳои сиёсии гуногун, демократу исломӣ ва озодандешу миллатгаро ба саҳна омаданд ва кашмакашу тазоҳурот оғоз шуд.
Дар давоми як сол дар Тоҷикистон эътирозгарон раиси ҷумҳурро ду дафъа ва ҳукуматро панҷ бор иваз карданд. То имзои санади сулҳ, беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуд ва садҳо ҳазор нафар бахусус аз вилояти Хатлон аз тарси кушта шудан ба Афғонистон гурехтанд. Баъди имзои созишномаи сулҳ бо миёнҷигарии СММ, кишварҳои ҳамсоя, Русия, Эрон ва давлатҳои дигар дар соли 1997 ҳукумат 30 дар сади мақомҳои ниҳодҳои давлатиро ба намояндагони мухолифин дод, вале баъди оромиши комили вазъ, онҳоро ё аз кор сабукдӯш кард ё ба зиндон фиристод.
Фаъолони мухолифин, бо шумули намояндагони ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки тарафи сулҳкунанда бо ҳукумат буд ва ҳоло асосан дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, арҷгузории мақомотро ба симболҳои сулҳу ваҳдат садоқати сохта ва худи ҳукуматро ба аҳдшиканӣ муттаҳам мекунанд. Соли 2015 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро созмони террористӣ унвон кард ва намояндагонашро таҳти бозҷӯӣ қарор дод.