Саудӣ монеаҳо барои ронандагии занонро аз байн бардошт

Тамоми монеаҳо барои ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ бардошта шудааст. Аз ин ба баъд ҳамаи занон бо доштани парвона ё ҳуҷҷат метавонанд, дар Арабистони Саудӣ мошин биронанд.

Ин маҳдудият, ки барои рафъаш занони Саудӣ солҳо интизор буданд, аз соати 12-и шаби 24-уми июн ба иҷро даромад.

Пеш аз ин, занон дар Арабистони Саудӣ танҳо дар сурате метавонистанд ронандагӣ кунанд, ки ҳамсар, падар ё бародарашон дар канори онҳо мебуд.

Тасмими рафъи монеаҳо барои ронандагии занон аз тарафи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ тасвиб шуд, ки хоҳони овардани баъзе ислоҳот дар кишвараш аст.