Чаро нархи газ дар Тоҷикистон боз боло рафт?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи гази моеъро шарҳ дод. Масъулони Хадамот гуфтанд, ҷаҳиши нархи газ бинобар боло рафтани нархи он дар Қазоқистон ба амал омад. Ширкатҳои қазоқистонӣ нархи як тонна гази моеъро, ба қавли онҳо, аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд.