Кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар орзуи дидори падар

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оятуллоҳ Сатторзодаи 13-сола ба фарқ аз ҳамсолонаш на фасли тобистону мавсими таътил, балки бештар зимистонро дӯст медораду интизор мешавад. Маҳз дар ҳамин мавсим падари ӯ баъди моҳҳои дурӣ ба хона, назди онҳо бармегардад.