Дар Туркманистон бисёрникоҳӣ расман манъ шуд

Бисёрникоҳиро дар Туркманистон расман манъ карданд. Ин меъёр ба Кодекси оила ворид ва аз сӯи президенти Туркманистон имзо шуд. Ҳамакнун бар асоси моддаи 7 кодекси мазкур "бисёрникоҳӣ дар Туркманистон манъ аст". "Зери мафҳуми бисёрникоҳӣ ҳамзистӣ бо ду ё зиёда зан дар як вақт бо пешбурди зиндагии муштарак" фаҳмида мешавад. Ин қонун 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд. Дар қонунгузории Туркманистон то ин замон мафҳуми манъи дузанагӣ ҷой дошт.