Қудратнамоии Русия дар Ҷоми ҷаҳон

Мунтахаби миллии футболи Русия дар таърихи худ барои бори аввал дар даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон бештар аз се имтиёз ба даст овард ва бар ду даста ғолиб омад. Ин бозии таърихии худро Русия шоми 19-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург бо мунтахаби Миср доир намуд. Бозӣ бо ҳисоби се бар як ба фоидаи дастпарварони Станислав Черчесов анҷом ёфт.

Голи нахустинро дар ин дидор ҳимоятгари мисрӣ Аҳмад Фатҳӣ ба дарвозаи дастаи худ ворид кард. Дар дақиқаи 59-ум баъди партофти Марио Фернандес ба ҷаримагоҳи ҳариф Денис Черишев голи дуюми тими миллии Русияро ба ҳадаф расонд. Баъди якуним дақиқаи дигар ҳамлагари рус Артём Дзюба ба дарвозаи Миср як голи дигар зад ва ҳисоб се бар сифр шуд.

Дар қисми дуюми бозӣ, дар дақиқаи 73-юм довар ба дарвозаи мунтахаби Русия ҷаримаи ёздаҳметра таъйин кард ва ситораи футболи Миср Муҳаммад Салоҳ тӯбро вориди дарвозаи Игор Акинфеев намуд. То охири бозӣ аз ҳарду тараф ҳуҷумҳо сурат гирифт, вале ҳисоб тағйир наёфт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?

Муҳаммад Салоҳ ба хотири лат бардоштанаш дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар бозии нахустини дастааш муқобили Уругвай бозӣ накард. Аксари ҳаводорони футбол сари он баҳс мекарданд, ки баъди як моҳи танаффус ва табобат, ин ситораи мисрӣ то куҷо метавонад ба сатҳи қаблиаш баргардад ва бозии зебо нишон диҳад.

Вале дар рафти бозӣ ба назар мерасид, ки ин бозигар ҳанӯз барои ба майдон баромадан пурра омода нест. Баъди ду бохт тими Миср имконияти баромадан аз гурӯҳро аз даст дод. Талошҳои Муҳаммад Салоҳ натиҷа надоданд. Миср дар даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон як бозии дигар мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад ва дар сурати пирӯзӣ соҳиби се имтиёз мешавад, ки барои баромадан аз гурӯҳ кофӣ нест.

Мунтахаби Русия баъди ин пирӯзӣ бар Миср соҳиби шаш имтиёз гардид ва имконияти васеи баромадан ба даврӣ плей-оффро ба даст овард. Агар дар бозии дигари ин гурӯҳ шоми имрӯз, 20-уми июн Арабистони Саудӣ бар Уругвай ғолиб нашавад, аллакай дастаи Русия ба даври якҳаштниҳоии ин мусобиқот роҳхат мегирад.

Дар рӯзи аввали ин мусобиқот мунтахаби Русия бо Арабистони Саудӣ дидор анҷом дод ва дар ин бозӣ бо ҳисоби бузурги панҷ бар сифр ғалаба ба даст овард. Дар ду бозии аввал мизбонони Ҷоми ҷаҳон-2018 ҳашт гол ба самар расонданд, ки дар таърихи ин мусобиқот танҳо ба тими милии Италия муяссар шудааст.

Нимҳимоятгари тими Русия ва бошгоҳи "Виляррел"-и Испания Денис Черишев бо се голи задааш дар қатори ситораи футболи Португалия ва ҷаҳон Криштиану Роналду, дар садри нишонзанҳои ин мусобиқот қарор дорад.

Ду ғалабаи пай дар пайи мунтаби Русия дар Ҷоми ҷаҳон коршиносон ва ҳаводорони футболро то як андоза ба ҳайрат овард. Баъди бозии суст ва бохтҳои ин даста дар бозиҳои рафиқона ва марҳилаи омодагӣ ба ин мусобиқот, алоқмандони футбол дар Русия мунтахабашонро зери тозиёнаи танқид қарор доданд. Касе интизор надошт, ки ин даста дар ду бозии нахустинаш ҳашт гол мезанад.

Баъди ғалабаи Русия ба дастаи Миср ҳазорҳо мухлиси футбол дар кӯчаҳои Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия баромада, сурудхонӣ ва хушҳолӣ карданд. Дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург бошад, ҳудуди 65 ҳазор нафар барои дидани ин бозӣ рафта буданд.