Қимати гази моеъ баланд шуд. Сабаб чист?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби аслии боло рафани нархи гази моеъ дар кишварро “омили беруна” унвон кард. Қимати як литр гази моеъ рӯзи 18 июн дар пойтахт ва дар навоҳии атрофи он тахминан 11 дарсад афзуд, ба 4 сомонӣ баробар шуд ва тавре фурӯшандаҳои нуқтаи гази моеъ гуфтанд, эҳтимол дорад дар рӯзҳои оянда аз марзи чаҳор сомонӣ ҳам бигзарад.