Додгоҳи Ҳисор: "Мансуров дар қатли Домулло Абдураҳмон даст надорад"

Даромадгоҳи додгоҳи шаҳри Ҳисор.

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор бо судури ҳалнома даъвои Ҷамолиддин Мансуров, собиқ раиси шаҳри Ҳисорро дар нисбати сокини ҳамин ноҳия Баҳриддини Сафаралиев барои "расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ" қонеъ кард ва нисбати Сафаралиев ба андозаи 13 ҳазору 164 сомонӣ, ҷарима таъин намуд.

Ҳалномаи додгоҳ ва мурофиаҳо, ки таҳти раёсати Саидаҳмад Усмонов ҷараён гирифт, дар авоили моҳи июн содир шуд ва аллакай қувваи қонунӣ пайдо кард. Матни ин санад рӯзи 13-уми июн ба дасти даъвогар расидааст. Аммо аҳли хонаводаи Сафаралиевҳо мегӯянд, ки бо ҳалномаи додгоҳ дар бораи номуайян мондани қотили аслии падарашон розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоии додгоҳӣ муроҷиат хоҳанд кард.

Қатли Домулло Абдураҳмон Сафаралиев дар соли 1992 яке аз фоҷеаҳои дигари солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аст.

Қабл аз ин додгоҳи Ҳисор аризаи Сафаралиевро дар хусуси ин, ки 25 сол қабл гуё бо фармони раиси онвақтаи ҳукумати ноҳияи Ҳисор Мансуров падари ӯ Раҳмон Сафаралиев (домулло Абдураҳмон) ба қатл расида бошадро ба баррасӣ гирифт. Вале баъди як муддати таҳқиқоти пешакӣ бо назардошти ҷой надоштани далели воқеӣ ва собит намудани ин ҳолат, ин даъво бекор карда шуд.

Ҷои ёддоварист, ки баъди муроҷиати Баҳриддини Сафаралиев ба додгоҳ дар хусуси ин, ки падари ӯро Ҷамолиддин Мансуров ба қатл расонида бошад, ин хабар дар сархати саҳифаҳои васоити ахбори дохилӣ ва хориҷи кишвар қарор гирифт.

Ҷамолиддин Мансуров дар як сӯҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "баъди пахши ин хабар аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ва хориҷи он занг зада ва мегуфтанд, ки бовар надоранд, ки Мансуров "одам кушта бошад". Ин ҳолат маро азият дод ва худро таҳқирдида меҳисобидам ва барои собит намудани бегуноҳиам, ба додгоҳ муроҷиат намудам".

Домулло Абдураҳмон Сафаралиев.

Ҷамолиддин Мансуров дар солҳои 1992-ум дар вазифаи раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор буд ва як сол баъд ҳамчун шаҳрдори Душанбе кор кард. Баъдан дар мақоми вазири кишварзӣ ва сипас муовини нахуствазири кишвар ҳам кор карда, солҳои 2000-2005 дар мақоми муовини раиси Маҷлиси намояндагон ифои вазифа намуд.

Ҳабибулло Ғуломов, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз Ҷамолиддин Мансуров ҳимоят мекард, рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ аз ҳисоби Сафаралӣ Баҳриддинов ба нафъи Ҷамолиддин Мансуров барои зарари моддӣ 3 ҳазору 164 сомонӣ ва барои барқарор намудани шаъну шараф, 10 ҳазор сомонӣ руёнид.

“Муҳтавои ин баҳс ин аст, ки сокини Ҳисор ба мақомоти интизомӣ ва додгоҳ муроҷиат кард. Ӯ гуфтаааст, ки падари ӯро дар моҳи декабри соли 1992 гуё маҳз бо фармони раиси онвақтаи ҳукумати ноҳияи Ҳисор ва фармондеҳи Фронти халқии ноҳия Мансуров ба қатл расонида бошад. Дар пурсишҳо ва ҳам дар сӯҳбатҳое, ки оид ба ин масъала бо зерҳимояи ман сурат гирифт, маълум шуд, ки дар он рӯзҳое, ки падари ӯро ба шуъбаи корҳои дохилӣ овардаанд ва паррондаанд, Мансуров дар ноҳия умуман набуд ва дар Файзобод қарор дошт. Дар моҳи декабри соли 1992 гурӯҳи силоҳбадаст ба деҳаи Сумбулоқи Файзобод даромада, дар як шаб зиёда аз 60 марду зан кушта шуда буданд ва ҳукумати марказӣ Мансуровро барои ором намудану кӯмак кардани мардуми ҷабрдида фиристода буд."

Мақбараи Домулло Абдураҳмон Сафаралиев.

Вале Бадриддин Сафаралиев, сокини ноҳияи Ҳисор рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори додгоҳ дар бораи пардохти зарари маънавӣ розӣ нест ва ба зинаҳои болоии додгоҳӣ муроҷиат мекунад. Вай гуфт ҳамроҳ бо вакили мудофеаш ду ариза навиштааст - яке ба унвони додгоҳи ноҳияи Ҳисор ва дигарӣ ба Додгоҳи олӣ.

"Мо мехоҳем қотили аслии падари мо ошкор ва ба ҷазо кашида шавад. Мо бо чашмони худ надидаем, ки падари моро кӣ ба қатл расонидааст, лекин медонем, ки ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор 25 сол қабл даъват ва парронда шуд. Мақсад фақат ин аст қотил ба ҷазо кашида шавад".

Домулло Абдураҳмон Сафаралиев - падари Баҳриддин Сафаралиев дар соли 1936 дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба дунё омада, аз соли 1960 дар Қалъаи Ҳисор мезист. Ӯ дар Истгоҳи обёриии собиқ совхози 50-солагии ноҳия кор мекард, ҳамзамон имомхатиби масҷиди “Махдуми Аъзам”-и ноҳия буд. Қатли ӯ дар соли 1992 яке аз фоҷеаҳои дигари солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аст.