Пулиси Русия ришу либоси муҳоҷиронро ҳам "танзим" мекунад

Пулиси Русия дар оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба танзими зоҳири муҳоҷирони корӣ пардохтааст. Шакли зоҳирии муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла либоспӯшӣ ва гузоштани риши онҳо дар 11 шаҳре, ки бозиҳои Ҷомӣ Ҷаҳонӣ баргузор мешавад, бештар зери заррабини пулиси рус қарор гирифтааст.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пулиси рус пас аз тафтиши дурустии санадҳо ба либоспӯшии онҳо эрод мегиранд ва таъкид мекунанд, дар ин шабу рӯз бо либосҳое, ки дар сохтмонҳо ба бар мекунанд, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ набароянд.

Дар ин шабу рӯз тадбирҳои амниятӣ шадид шудаанд ва муҳоҷирон бо ҳар баҳона мавриди пурсиш қарор мегиранд, ки либоспӯшии нодуруст яке аз онҳост.

«Бо ин хел либос дар шаҳр нагардед»

Толиб Мирзоев, муҳоҷири 28-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Маскави Русия коре мекунад, рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯзи пеш, ҳангоми бо иддае аз ҳамроҳонаш аз маҳали сохтмон ба хонаи иҷора рафтан мавриди боздошту пурсуҷӯи пулис қарор гирифтанд. Ӯ гуфт, воқеан, дар тан либосе доштанд, ки онро дар сохтмон мепӯшиданд. Вақте пулис дар санадҳои кору иқоматашон мушкиле пайдо накард, ба шакли зоҳириашон эрод гирифт.

"Гуфт, ки бо ин хел либос дар шаҳр нагардед. Агар шаҳр мебароед, ришатонро ба тартиб дароред. Мо дар ҷойи кор ҷойи оббозӣ надоштем, то либосҳоямонро иваз кунем. Ҳамин шабу рӯз хеле сахт гирифтаанд ва гуфтанд, бори дигар ба чунин либоси корӣ ва ришҳои бетартиб бинем, депортатсия мекунем",-гуфт ӯ.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, қаблан шакли зоҳирии муҳоҷири тоҷик низ боиси шубҳаи пулиси Русия мешуд, вале ба чӣ гуна пушидан коре надоштанд. Танҳо, агар медиданд, ки либоси кӯҳна ва утуношуда ба тан дорӣ, ҳамчун муҳоҷири "нелегал" ва ё муҳоҷире, ки аз ӯ мешавад, ришва гирифт, таваҷҷӯҳ мекарданд.

Фарҳод Ҳафизов, муҳоҷири 34-солаи дигари тоҷик мегӯяд, маҳз шакли зоҳириаш боис шуд, то ӯро аз марзи Қазоқистон бо Русия пас гардонанд. Ӯ гуфт, мехост барои дубора ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳояш як бор марзро убур кунад, вале маҳз ришҳои андак дамида ва либосҳои бетартиб боис шуд, ки ӯро дигар роҳ надиҳанд.

«Шими тобистона бо палтои зимистона»

Бар асоси муқаррарот, муҳоҷирони тоҷик давоми се моҳ барои аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо бояд Русияро тарк кунанд ва аз сари нав вориди ин кишвар шаванд. "Дар мошини ронандаи узбек чор нафар будем. Ҳамаро гузоштанд, вале бе ягон сабаб иҷоза надоданд, ки вориди Русия шавам. Вақте сахт гирифтам, ки чаро маро намегузоред, гуфтанд, ба ришат шубҳа кардем. Ду рӯз дар роҳ ришам дамида буд, вагарна риш нагузошта будам",-гуфт ӯ.

Русия дар остонаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол тадбирҳои амниятиро шадидтар кардааст. Аксари муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, талош мекунанд, дар ин шабу рӯз аз маҳали зист ва ё ҷойи кори худ ба берун нараванд, зеро оддитарин баҳона боиси ихроҷ шуда метавонад. Либоспӯшии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз ин пеш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти русиву тоҷикӣ баҳс мешуд.

Абдураҳим Сафарзода, муҳоҷири фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, эроди пулис ба либоспушии бархе муҳоҷирон мантиқӣ ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, дар Русия ба риш шубҳа намекунанд, балки ба бетартиби гузоштани он шубҳа мекунанд. Ӯ гуфт, шумори ками муҳоҷирон этикаи гузоштани риш ва либоспӯширо медонанд.

Каримҷон Ёров.

Абдураҳим Сафарзода гуфт: "Масалан, бо туфлӣ либосӣ варзишӣ мепӯшанд ва ё дар тан шими тобистона дораду палтои зимистона пӯшидааст. Либосҳо кӯҳнаву чиркин аст. Ҳамин тарзи либоспушӣ дар зеҳни пулис ин андешаро бедор мекунад, ки ин одам бесаводу беҳуқуқ аст. Зуд мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегиранд ва бисёр вақт аз онҳо ришва мегиранд."

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аз тарафи дигар шароити корӣ ва маоши паст ба муҳоҷирон имкон намедиҳад, шакли зоҳирии худро дуруст кунанд.

"Бечора шабонарӯзӣ дар сохтмон кор мекунад. Кори сиёҳ мекунад ва ҷойи истиқомати хуб надорад. Ба либосшӯи ҳам вақт намеёбад. Ин хел ҳам ҳаст, лекин ба ҳар ҳол бояд мо таъкид кунем, ки онҳо вақте ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебароянд ё ҳангоми ба Русия омадан ва ё ба ватан рафтан либосҳои худро дуруст кунанд. Шахсан, ман ҳамеша шиму костюм дорам ва аҳамият медиҳам, ки дар фурудгоҳ ва Русия бо эҳтиром муносибат мекунанд",-гуфт ӯ.

"Худро шабеҳи қафқозиҳо мекунанд, то азоб накашанд"

Таваҷҷӯҳ ба либоси муҳоҷирон дар ҳолест, ки ба гуфтаи Каримҷон Ёров, як тан аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия, ҳоло тамоюли наве дар либоспӯшии ҷавонони тоҷик дар Русия шакл гирифтааст. Ӯ гуфт, муҳоҷирони тоҷик талош мекунанд, то зоҳири худро ба қафқозиҳо монанд кунанд.

Ӯ гуфт: "Ба мисли онҳо риш мегузоранд ва бурутҳоро метарошанд. Пойпӯшҳои макасини ва шимҳои почаҳояш борик мепӯшанд. Ин корро фақат ба хотири таъқиб нашудан аз ҷониби пулиси рус анҷом медиҳанд, чун пулиси рус ба ҷавонони қафқозӣ кор намегирад. Фикр мекунанд, ки бо дигар кардани шалки зоҳирӣ аз тафтиш халос мешаванд. Лекин мушоҳида мешавад, ки ҳарчанд зоҳири муҳоҷирон ҳам дигар шавад, вале ҳамон тарсида гаштанашон зуд ошкор мекунад, ки онҳо қафқозӣ нестанд".

Иброҳим Аҳмадӣ.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, мавзуи либоспӯшии муҳоҷирон борҳо дар сӯҳбатҳо таъкид шудааст.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи ин ниҳод дар Русия рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари дигар масъалаҳо, бо муҳоҷирон тарзи либоспӯшӣ низ таъкид мешавад. Чун ба гуфтаи ӯ, либос муаррифгарӣ чеҳраи миллат аст.

"Ҳоло либоспӯшии муҳоҷирон як андоза хубтар шудааст. Мо дар аксар вохӯриҳо таъкид мекунам, ки бо либоси тозаву озода ба берун бароянд",-гуфт ӯ.

Ҳамасола ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия мераванд. Надонистани забонӣ русӣ, тарзи нодурусти либоспӯшӣ ва муносибат бо сокинони маҳаллӣ, аз мавзӯҳое ҳаст, ки ҳамеша бо он аз муҳоҷирон интиқод мекунанд.

Бозиҳои Ҷомӣ ҷаҳонии футбол аз 14-уми июн оғоз шуда, як моҳ дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия идома мекунад. Дар ин шабу рӯз, тадбирҳои амниятӣ шадид шудаанд ва муҳоҷирон бо ҳар баҳона мавриди пурсиш қарор мегиранд, ки либоспӯшии нодуруст яке аз онҳост.