Талаби 9 соли зиндон барои як афсари милисаи Дӯстӣ

Дар вилояти Хатлон муҳокимаи як муфаттише идома дорад, ки ба сӯистифода аз мақом ва марги як муттаҳам ба ҷиноят муттаҳам мешавад.

Маҳмадулло Идиев, корманди шӯъбаи мубориза бо фурӯши ғайриқонунии маводи мухадири ноҳияи Дӯстиро ба он муттаҳам мекунанд, ҳангоми боздошти як сокини Шаҳритус ӯро латукӯб кардааст ва ин латукӯб бо марги ҷавони тоҷик анҷомидааст.

Эътилофи созмонҳои мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон, ки аз ҳаққи наздикони Толиб Дустов, ҳимоят мекунад, бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки додситон рӯзи 8-уми июн аз додгоҳ хост, Маҳмадулло Идиевро ба 9 соли зиндон маҳкум кунад.

Далер Қурбонов ва Умед Ниёзов, вакилони дифои ҷабрдидаҳо гуфтаанд, ки Маҳмадулло Идиев, бояд барои бадрафторӣ ва латукӯби Толиб Дӯстов ҷазои сахттаринро бигирад.

Маҳмадулло Идиевро ба он муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 25-уми июли соли 2017 баъди боздошти Толибон Дӯстов бо иттиҳоми хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ӯро латукӯб карда ва ба дастонаш завлона мезанад. Ҳангоми овардани муттаҳам ба ҷиноят ба самти ноҳияи Дӯстӣ аҳволи Толибҷон Дӯстов бад мешавад ва ӯ баъди интиқол ба шифохонаи марказии ноҳияи Қубодиён ҳалок мешавад.

Ду нафаре, ки ҷасади Толибҷонро шустаанд, шоҳидӣ доданд, ки дарбари рӯй ва назди гӯши чапи Толибҷон доғҳои сиёҳ буд. Модару дигар наздикони Толибҷон Дӯстов низ айни гапро гуфтаанд.

Баъди ин ҳодиса Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми август қарор кард, ки ба зидди Маҳмадулло Идиев парвандаи ҷиноӣ боз шавад ва ӯро моҳи декабр расман ба “берун баромадан аз ваколатҳои хидматӣ” муттаҳам карданд.

Афсари тоҷик бо шарти тарк накардани маҳалли зист то замони анҷоми мурофиа дар озодӣ мемонад. Муҳокимаи ӯ 4 моҳ пеш ва рӯзи 31-уми январ шурӯъ шуд.

Латукӯб ва шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят дар Тоҷикистон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маъмурони амниятӣ ва афсарони милиса ҳангоми дастгир кардани гумонбар ба ҷиноят ӯро латӯкуб мекунанд, то "гуноҳашро эътироф кунад".

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон борҳо хостаанд, ки онҳоеро, ки бо муттаҳамон боздоштшудагон бадрафторӣ мекунанд, ҷазои сазовор бидиҳад ва ин зуҳуротро решакан кунад.