Аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон ва ҳамин тавр ҳар сайёҳ ё тоҷир метавонанд дар мӯҳлати 30 рӯз дар сохторҳои зирабти ин кишвар сабти ном шаванд. Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик ин амрро барои рушди ҷаҳонгардӣ муҳим медонанд, коршиносон ба сабукиҳо дар зиндагии муҳоҷирони корӣ ибрози назар мекунанд.
Феълан дар Қазоқистон беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор ҳастанд ва далели афзоиши теъдоди онҳо бештар шудани миқдори парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аст.
Аслиддин Ваҳҳобови 52-сола аз 15 сол қабл шаҳрванди Қазоқистон шуда, дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад. Вай 8-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хешовандону дӯстонаш зиёд меҳмони хонааш мешаванд ва ҳар бор ӯ водор мешавад дар тӯли се рӯз онҳоро дар сохторҳои сабти шаҳрвандони хориҷии Қазоқистон номнавис кунад.
Зеро, дар ғайри ин сурат зимни парвоз ба Тоҷикистон мақомоти қазоқ онҳоро ба маблағи бузург ҷаримабандӣ мекунанд. Ба ин далел, аз ҳар як ташрифи меҳмон Аслиддин Ваҳҳобов ҳам хушҳол мешаваду ҳам дар корҳои хусусиаш ба таъхир роҳ медиҳад. Зеро, барои сабти ном меҳмонҳояш ҳар бор то ду рӯзи вақти гарони худро сарф мекунад. Аммо, акнун вазъ тағйир хоҳад ёфт.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 8-уми июн ду созишномаеро тасвиб кард, ки дар зиндагӣ ва фаъолияти сайёҳон ва муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон сабукиҳоеро пешбинӣ мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ин созишнома 18-уми марти соли ҷорӣ дар Остона дар ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар имзо шудааст.
Вай афзуд: "То ҳол шаҳрвандони ҳар ду кишвар зимни сафар ба қаламрави ҳамдигар муваззаф буданд тӯли 3 шабонарӯз дар сохторҳои зирабт сабти ном шаванд. Акнун сабти ном дар тӯли 30 рӯзи сафар зарур нест. Дар сурати беш аз 30 шабонарӯз қарор доштан дар кишвари ҳамдигар, бояд дар ҳатман сабти ном шаванд."
Бахтовар Сафарзода, узви Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки тасвиби ин созишнома имкон медиҳад теъдоди ҷаҳонгардон, аз ҷумлаи шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар афзоиш ёбад. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, ин созишнома имкон медиҳад муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон бо шароити соддатар худро дар ниҳодҳои махсуси муҳоҷирати сабти ном кунанд.
Вай афзуд, ин созишномаи бар пояи тавофуқоти кишваҳои узви ИДМ мустақил таҳия шудааст, ки чунин шароитро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, "чунин қарордод бо Белорус ҳам дорем. Аммо Русия ба ҳар баҳона аз имзои чунин қарордод бо Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Ҳарчанд, теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик маҳз дар Русия ҳастанд".
Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бар ин назар аст, ки минбаъд тасвиби ин қарордод бояд намунаи ибрат бошад. "Махсусан дар муносибат бо Русия, ки дар он ҷо теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кор зиндагӣ мекунанд", - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷирати кории тоҷик мегӯяд, ки тасвиби ин қарордод идомаи мантиқии робитаҳои дӯстонаи миёни Душанбе ва Остона мебошад. Зеро, ба эътиқоди вай, мақомоти қазоқ ба ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик ба мисли Русия алоқаманд аст.
Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, ҳамасола аз Қазоқистон теъдоди зиёди нерӯи корӣ дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд ва ҷойҳои кории онҳоро бояд муҳоҷирон аз кишварҳои минтақа пур кунанд. "Қазоқистон низ ба гунаи Русия бо хатарҳои бузурги демографӣ рӯбарӯ аст. Аммо мақомоти ин кишвар дар муқоиса бо Русия ин мушкилро бу хубӣ дарк мекунад ва талош дорад ба муҳоҷирони корӣ шароити беҳтареро фароҳам созад",-афзуд Раҳмон Ӯлмасов.
Ба гуфтаи вай, феълан дар Қазоқистон беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор ҳастанд ва далели афзоиши теъдоди онҳо бештар шудани миқдори парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аст. Агар се сол қабл дар як ҳафта аз Душанбе ба Алмаато танҳо ду парвози ҳавопаймо бошад, ҳоло чунин парвозҳо ҳамарӯза шудаанд. Бо вуҷуди ин, пайдо кардани билет ба парвозҳои наздиктарин кори душвор мебошад.
Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд соли ахир теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯй ба коҳиш ниҳода, дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи ҷойи кори озими минтақаҳои Русия шудаанд. Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад камтар арзёбӣ мешавад.
Соҳибназарон амалкарди мақомоти рус дар қиболи муҳоҷирони кориро сабаби аслии коҳиши муҳоҷирон медонанд. Ахиран як номзад ба мақоми шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки дар сурати пирӯзиаш дар пойтахти Русия ҳатто як муҳоҷири корӣ боқӣ нахоҳад монд.