Бонки миллии Тоҷикистон фоидаву зиёни бонкҳои кишварро дар соли 2017 нашр кард. Оморҳои нашршуда ҳокист, ки дар садри бонкҳои пурдаромади Тоҷикистон дар соли 2017 "Ориёнбонк" қарор дорад.
"Ориёнбонк" дар соли гузашта 49,5 миллион сомонӣ фоида соф гирифтааст. Дар раддаи бонкҳои пурдаромад "Амонатбонк" бо 31,8 миллион сомонӣ дуввум ва "Эсхата" бо 30,9 миллион сомонӣ даромад, дар мақоми севвум қарор гирифтанд.
Маълумот дар бораи суду зиёни "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"- ду бонки дучори мушкилшуда дастрас нест. Бонки миллӣ аз нашри он худдорӣ варзидааст.
Ду бонки нисбатан тозатаъсис -- "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" 11,2 миллион ва "Спитаменбонк" бо 10,2 миллион сомонӣ даромад гирифтаанд. Аммо соли 2017 на барои ҳама бонкҳои Тоҷикистон пурбарор будааст, чун чор бонк ин солро бо зиён ҷамъбаст кардаанд.
Дар соли пешин зиёни "Кафолатбонк" аз ҳама бештар будааст. Ин бонк дар соли гузашта 78 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Ба мисли "Кафолатбонк" -- намояндагии Бонки тиҷорати Эрон дар Тоҷикистон 9,5 миллион, "Аксессбонк" 8 миллиону 98 ҳазор ва "Бонки Рушди Тоҷикистон" 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ зиёни молӣ дидаанд.
Маълумот дар бораи суду зиёни "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"- ду бонки дучоримушкилшудаи Тоҷикистон дастрас нест. Бонки миллӣ аз нашри он худдорӣ варзидааст.