Геннадий Ратушенко, аксбардори маъруфи Тоҷикистон, аз Палатаи савдо ва саноати кишвар тақозо дорад, ки барои намоиши бе иҷозаи суратҳояш дар Маскав 140 ҳазор сомонӣ (15 000 доллар) товон пардозад. Қарор аст, мурофиа рӯзҳои наздик дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор шавад.
Дар Тоҷикистон баҳси нерӯи зеҳнӣ ё ҳаққи қалам мавзӯи нав нест. Дар гузашта ҳам баҳсҳое вуҷуд дошт, ки то ба додгоҳ рафтааст.
Баҳс баъди 7 сол
Ратушенкои 77-сола даъво дорад, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тобистони соли 2011 дар намоишгоҳи бахшида ба таъсиси СНГ сад акси ӯро истифода карда ва ҳаққи муаллифиашро нақз намуд. «Умед дорам, додгоҳ ба хотири эҳтиром ба ҳаққи муаллиф қазияро ба нафъи ман ҳал хоҳад кард», - гуфт ӯ рӯзи 5-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шарҳи қазия аз забони Ратушенко
Геннадий Ратушенко мегӯяд, дар гузашта бо Палатаи савдо ва саноат ҳамкорӣ дошт ва бо фармоиши онҳо акс мебардошту барои ин кор пул мегирифт. Ӯ гуфт, соли 2011 Лариса Кислякова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноат, хостааст, ки барои иштирок дар намоишгоҳи Маскав аксҳоро омода кунад.
«Кислякова аз ман расмҳои омодашударо гирифт ва ба Маскав фиристод. Дар намоиш расмҳо ва лавҳаҳои мавзӯии омоданамудаи ман ба намоиш гузошта шуданд. Вақте ҳаққи қаламро талаб кардам, гуфтанд, ки ин чорабинӣ ба мо дахл надорад», - афзуд ӯ.
Ратушенко гуфт, аксҳои худро дар як CD дар ихтиёри мақомоти Палатаи савдо гузошт ва онҳо бо истифода аз онҳо стенд ё намоишгоҳи марбут ба Тоҷикистонро омода карданд. Ин суратгир мегӯяд, дар даст шартномаи ҳамкории дуҷониба бо Палатаи савдо ва саноатро дорад, аммо ин санадро он замон раҳбари ин сохтор имзо накард.
"Бо назардошти инки қаблан ҳам бо ин муассиса ҳамкории хубе доштем, шартномаи фармоиши ҳаққи муаллифиро таҳия кардам. Аммо дар идора ҳамеша таъкид мекарданд, ки "ҳоло раис нест" ва ё "мо ҳатман маблағи шуморо медиҳем", "ками дигар сабр кунед"... Ҳамин тариқ маро мутмаин мекарданд, ки бояд сабр кунам", - мегӯяд Ратушенко.
Аммо мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ин даъворо беасос номида ва шароити музокирот бо аксбардорро дигаргуна шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо мегӯянд, аксҳо "бо фармоиши Палатаи савдо ба намоишгоҳ пешниҳод нашудааст".
Палата: "Ҳарфи ниҳоиро додгоҳ хоҳад гуфт"
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар як сӯҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ вуҷуди баҳси додгоҳӣ бо Ратушенкоро тасдиқ кард, аммо гуфт машварати онҳо дигаргуна сурат гирифтааст. Вай гуфт, масъулияти онҳо дар ин намоишгоҳ аз "пешниҳоди ғурфаҳои холӣ (стенд) иборат буд, ки бояд вазорату афроди алоҳида бо акс ва маводи марбут ба ниҳодашон онро ороиш медоданд".
Шариф Саид гуфт, ин "суратгир метавонад аз ниҳодҳое, ки дар ин намоишгоҳ аксҳои ӯро истифода кардаанд, ҳаққи қалам ситонад". Ӯ аз ин зиёд сӯҳбат накард ва гуфт, хулосаи ниҳоии баҳсро додгоҳ хоҳад гуфт.
Худи аксбардор мегӯяд, воқеан, барои ширкат дар намоишгоҳ бо ширкати "Барқи тоҷик" ҳам ҳамкорӣ кард ва барои истифодаи аксҳояш аз ин ниҳод шаш ҳазор сомонӣ ҳаққи қалам гирифт. Аммо ӯ гуфт, ин ҳамкорӣ комилан дигар буд ва ба баҳси Палатаи савдо ва саноат рабте надорад.
Чаро баҳс ба дарозо кашид?
Елена Камолова, вакили дифои Геннадий Ратушенко, гуфт, сабаби аслии ба дарозо кашидани баҳс ин аст, ки Ратушенко шартномаи бидуни имзоро дар даст дорад. Вай гуфт, бояд аксбардор барои имзои шартномаи тарафайн зиёд исрор мекард ва шояд дар чунин маврид мушкиле пеш намеомад. "Аммо Ратушенко дар ин ҳолат онҳоро дарк карда, ба онҳо кумак кард, вале дар иваз ҳеҷ ҳаққи қалам нагирифт", - афзуд ӯ.
Аксбардори машҳур Геннадий Ратушенко солиёни зиёд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмамолӣ Раҳмонро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ ва ҷараёни сафарҳои кориву расмии ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он нашр кардааст. Мегӯяд, барои кораш аз дасти президент мукофотҳои зиёд гирифтааст. Ӯ, ки ҳоло мустақилона кор карда, студияи аксбардории худро ҳам раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, умедвор аст, билохира ин баҳс аз рӯи қонун ва ба фоидаи ӯ ҳал мешавад. Вай гуфт, ҳарчанд дар фикри шикоят ба номи президент буд, ҳеҷ гоҳ номае ба ин мазмун ба ӯ ирсол накардааст.
Вазорат: "Аз баҳс огоҳ ҳастем"
Нӯъмонҷон Набизода, сардори Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз даъвои аксбардор огоҳ аст ва ӯ борҳо барои маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба ин раёсат муроҷиат кардааст. Набизода гуфт, новобаста аз доштани шартнома, истифодаи бидуни иҷозати ҳама гуна моликияти зеҳнӣ бар асоси қонунгузорӣ манъ аст. Вай мегуяд, масъулини намоишгоҳ бояд барои истифодаи аксҳо аз муаллиф иҷозат мепурсиданд.
Набизода гуфт, гуфт, ҳар рӯз ба ин ниҳод дастикам ду ё се нафар барои пардохт нашудани ҳаққи қалам ва ҳуқуқи муаллифӣ муроҷиат мекунанд. Аммо ин баҳсҳо то тафтишу додгоҳ намерасанд. Чун аксаран намехоҳад бо ариза поймолшавии ҳаққи муаллифии худро исбот кунанд.
Баҳси ҳаққи муаллиф дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон баҳси нерӯи зеҳнӣ ё ҳаққи қалам мавзӯи нав нест. Дар гузашта ҳам баҳсҳое вуҷуд дошт, ки то ба додгоҳ рафтааст. Аз ҷумла, марҳум Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик аз чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пардохти ҳаққи муаллифиашро талаб карда ва ҳудуди 2800 сомонӣ ҳаққи қаламашро гирифта буд.
Аммо баҳси Геннадий Ратушенко бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бар сари моликияти зеҳнӣ аз камтарин ҳодисаҳоест, ки то ба додгоҳ кашонда шуд. Худи ин аккос мегӯяд, ҳарчанд бо гузашти чор сол аз мубориза даст кашидани нест, вале дар ин муддат маблағи зиёд ва аз ҳама муҳим саломатияшро аз даст додааст. Ӯ бовар дорад пирӯзии ӯ дар додгоҳ пирӯзи даҳҳо афроди эҷодкоре хоҳад буд, ки моликияти зеҳнӣ ё эҷодашон бидуни иҷозат ва риояи конунҳо истифода мешавад.