Дар натиҷаи сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и пойтахт чанд анбор ва 21 дӯкону мағоза ба коми оташ рафтааст. Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, сабабҳои сӯхторро гурӯҳи фавриву тафтишотӣ дақиқ мекунад.
"Сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6-ошёнаии Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт.
"Султони Кабир", яке аз бозорҳои бузург дар пойтахти Тоҷикистон, шаби 2-юми июн оташ гирифт. Мақомот гуфтанд, ки сӯхтор чаҳор соат идома карда, барои фурӯ нишондани он се ҳазор нафар ва сад мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва нақлиёти дигар ҷалб шудааст.
“То ҳафтаи оянда мағозаҳо барқарор мешавад”
Султон Кабиров, мудири бозори “Султони Кабир”, рӯзи 3-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст, ки мағозаҳои ба коми оташрафтаро аз нав барқарор карда, ба соҳибкорон супоранд. “Асосан ошёнаи аввали бинои бозор осеб дидааст”, - афзуд ӯ.
Кабиров мегӯяд, то ба ҳол сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест ва комиссияи вижа барои муайян кардани он кор мебарад.
Рӯзи 3-юми июн дар бозори “Султони Кабир” кормандони мақомоти интизомӣ зиёд дида мешуданд. Ба ҷуз аз соҳибкорон мақомот ба нафарони дигар иҷоза намедоданд, ки вориди бозор шаванд. Ҳарчанд дар ин сӯхтор асосан маркази савдо осеб дид, дар кулл бозор дар ин рӯз фаъолият намекард. Гуфта мешавад, дар сӯхтори шаби гузашта як маркази хидматрасонии “Амонатбонк” ва ширкати “Мегафон” низ зарари ҷиддӣ дидаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз соҳибкорони "Султони Кабир", ки дӯконаш шаби гузашта сӯхтааст, гуфт, намояндагони шаҳрдорӣ субҳи якшанбе бо онҳо суҳбат карданд. “Гуфтанд, ки бояд ёрӣ дода шавад. Аммо ҳодисаҳои гузашта дар бозорҳои дигар нишон дод, ки дар чунин рӯзҳо соҳибкорон бо қарзу фоизҳои бонк тани танҳо мемонанд. Агар кумак кунанд, хуб мешавад", - афзуд мусоҳиби мо.
“Яхдонҳои ду-се ҳазордолларӣ дошт”
Дар сӯхтори шаби 2-юми июн асосан соҳибкороне зарар диданд, ки ба фурӯши асбоби рӯзгор машғул буданд. Баъд аз як рӯзи ҳодиса дар даромадгоҳи бозор сари ҳар қадам яхдон, чангкашак, тафдон ва қолинҳои сӯхта ба назар мерасид. Феълан дақиқ нест, ки соҳибкорон дар ин сӯхтор чӣ қадар осеб диданд, аммо зарари соҳибкорон садҳо ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Давлат Юлдошев, тоҷири бозори “Султони Кабир”, ҳамроҳ бо бародараш ба фурӯши молҳои рӯзгор машғуланд. Ин соҳибкор гуфт, ҳарчанд худаш зиёд хисорот надид, мағозаи бародараш осеби ҷиддӣ дид. Юлдошев афзуд, ба ҳисоби тахминӣ, бародараш дар ин ҳодиса беш аз 100 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.
“Ҳеч чиз намонд, ҳама чиз сӯхт, боқимондаҳояшро ҷудо карда мебарем. Молҳои бародарам асосан аз яхдон иборат буд. Ҳар як яхдон дошт, ки нархашон то 2-3 ҳазор доллар буд. Тахминан то 100-150 ҳазор сомонӣ маҳсулоти бародарам дар ин сӯхтор нобуд шудааст”, - гуфт ин соҳибкори бозори “Султони Кабир”.
Сабабҳои сӯхтор ҳоло маълум нест, аммо риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ, бахусус дар тобистони гарми Тоҷикистон аз омилҳои аслии оташ гирифтани бозорҳои кишвар гуфта мешавад. "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе моҳи июли соли 2017 оташ гирифт ва садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.
Бозори "Фаровон" дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ҳам сӯхтори бузургеро аз сар гузаронд ва садҳо ҳазор доллар зиён дид. Дар сӯхтор дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон, маъруф ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, дар рӯзи 29-уми октябри соли 2017 даҳ дӯкон ва панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафт.